Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ду минерали нав дар Тоҷикистон ва яке ҳам "бадахшонит"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Анҷумани байналмилалии минерологҳо ду маъдани нави кашфшуда дар Тоҷикистонро ба феҳрасти ҷаҳонии минералҳо ворид кардааст.

Минералҳо бо номи “фалғарит” ва “бадахшонит”- ро геологоҳои тоҷик ва рус дар қаламрави Бадахшон ва водии Зарафшон пайдо карда ва ба сабаби макони пайдоишашон ба онҳо чунин ном гузоштаанд.

Дар Академияи улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Анҷумани байналмилалии минералогҳо ҳарду минерали навро рӯзи 18-уми сентябри ҳамин сол сабти ном карданд.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, минералҳоро донишмандону геологҳои тоҷик ҳамроҳ бо олимони Осорхонаи минерологияи ба номи Ферсмани Русия дар ҷараёни корҳои муштараки илмӣ таҳқиқотӣ пайдо кардаанд.

Маъдани “Фалғарит”- ро дар мавзеи Кӯҳи Малик дар соҳили рости рӯдхонаи Яғноб ва «Бадахшонит”-ро дар 45 километрии шарқи ноҳияи Мурғоб ёфтаанд.

Дар воқеъ дар феҳрасти нави минералу маъданҳое, ки моҳи ноябр дар вебсайти Анҷумани байналмилалии минерологҳо нашр шудааст, номи “Фалғарит” (falgarit) ҳаст, аммо ҳанӯз дар он маъдане бо номи “Бадахшонит” дида намешавад.

Тоҷикит, ғармит, тиёншонит ...

Минералҳо – маъдани табиист ва дар истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, аслиҳа, мушаксозӣ ва дигар соҳаҳо истифода мешаванд. Дар Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ва баъд аз он даҳҳо навъи минералҳоро кашф кардаанд, ки ба ғайр аз Тоҷикистон дигар дар ҷое дида намешаванд. “Тоҷикит”, “Ғармит”, “Дараипиёзит” аз зумраи ин минералҳоянд, ки донишмандони тоҷик пайдо ва дар феҳрасти байналмилалии минералҳо сабт кардаанд.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон олимони кишвар 30 минерали нав пайдо кардаанд. Дар ҷаҳон бештар аз 5300 минерал сабт шудааст ва ҳар сол донишмандон маъданҳои то кунун номаълум барои илмро пайдо карда ва ба феҳрасти ин минералҳо ворид месозанд.

XS
SM
MD
LG