Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даврони кӯтоҳ, вале сердаромади Бобои барфӣ (ВИДЕО)


Бобоҳои барфӣ дар Тоҷикистон мавсими кӯтоҳе барои даромад доранд.

Дар шабу рӯзи Соли нав, тиҷорати Бобоҳои барфӣ дар маркази Душанбе гарм аст. Онҳое, ки дар ин рӯзҳо нақши Бобои барфиро иҷро мекунанд, мегӯянд, даромади асосиро аз аксбардорӣ бо кӯдакон ба даст меоранд. Ҳамчунин сокинон аз хизматрасонии Бобоҳои барфӣ барои хушҳол кардани кӯдакону наздикони беморашон дар маҳфилҳо ва бемористонҳо истифода мекунанд.

Абдураҳмон як ҷавони 25 сола, ки дар нақши Бобои барфӣ, панҷ соли ахир ба кӯдакон ва хонаводаҳо хушҳолӣ мебахшад, мегӯяд дар тамоми ҳамин солҳо беҳтарин ва сердаромдатарин фурсат барояш чанд рӯзи соли нав аст. Ӯ, ки ҷои корӣ доимӣ надорад дар ин рузҳо дар хиёбони марказии пойтахт дар нақши Бобои барфӣ барои зиндагияш пул кор мекунад. Ҳарчанд ба гуфтаи худаш ҳунарманди театр нест вале баъди хатми донишгоҳ натавонистааст, ҷои кори мувофиқ пайдо кунад.

“Ин аз бекорӣ дида беҳтар аст. Бештар кудакон меоянд бо мо акс мегиранд, миёни онҳо афроди калонсол ҳам ҳастанд. Як халта туҳфа дорам, то расидан ба онҳо барои ҷалби одамон тақсим мекунам. Муҳим, ки ман як маблағ ба даст меорам ва мардум хурсанд мешаванд”- гуфт ӯ.

Абдураҳмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ӯ ва дигар нафароне, ки мисли ӯ дар нақши Бобои барфӣ дар хиёбонҳо машғули хизматрасонӣ ҳастанд аз соати 9-и субҳ оғоз мешавад ва то соати дувоздаҳи шаб идома мекунад.

Бобои барфиҳо дар Тоҷикистон зиёд шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Даромади хуб вале муваққатӣ

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, маъмулан даромади асосиро аз хиёбонҳо ба даст меоранд ва шабона барои табрики сокинон ба хонаҳои сокинон ва маҳфилҳои соли навӣ даъват мешаванд. Абдураҳмон гуфт, дар ин рӯзҳо аз хизматрасонии аксбардорӣ бо кудакон аз 80 то 100 сомонӣ ва аз даъват ба маросимҳои соли навӣ то 150 сомонӣ фоида ба даст меорад.

“Ба хотири он ки ҷое кор намекунам, аз ин ҳисоб даромад пайдо кардану мушкили зиндагиро ҳал кардан ҳам хуб аст” -мегӯяд ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд, тиҷорати онҳо бештар аз вазъи боду ҳаво ҳам вобаста аст. Чун мардум бо истифода аз ҳавои гарм ба сайри шаҳр мебароянд ва мехоҳанд Соли навро дар ҷамъи азизони худ гузаронанд. Ин азми онҳо ба навбати худ сабаби гармтар шудани бозори “Бобоҳои барфӣ” мешавад.

Бархе ҷавонҳо меоянду ҳарфҳои ноҷо мегӯянд, мӯи сар ё риши бобои барфиро мекананд.

Абдураҳмон мегуяд, соли гузашта нисбатан даромади бештар дошт чун ҳаво ҳам гарм буду сокинон бештар дар хиёбонҳо гаштугузор мекарданд. Аксари онҳое, ки дар нақши Бобои барфӣ дар хиёбонҳои марказӣ хизматрасонӣ мекунанд аз рафтори бархе ҷавонон, ки ба қавле “мазҳабӣ” ҳастанд нигаронӣ мекунанд.

Бобои барфӣ будан осон нест

Наберагон беш аз ҳама Бобои барфиро дуст медоранд
Наберагон беш аз ҳама Бобои барфиро дуст медоранд

Ин Бобои барфӣ, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард гуфт, гоҳҳо бархе ҷавонон баробари дидани онҳо бо либоси Бобои барфӣ дашному таҳқир мекунанд.

“Бархе ҷавонҳо меоянду ҳарфҳои ноҷо мегӯянд, мӯи сар ё риши бобои барфиро мекананд, мо ба рафтори чунин ҷавонон чандон аҳмият намедиҳем ва ба онҳо мегӯем, ки соли нав як рӯз аст бигзор ҳама хурсанд бошанд”.

Ҳоло мисли Абдураҳмон то бист нафар дар нақши Бобои барфӣ дар хиёбонҳои марказии пойтахт ба кӯдакон хушҳолӣ мебахшанд.

Дар ин шабу рӯз дар баробари Бобоҳои барфии “хиёбонӣ” ҳамчунин ширкатҳои арзакунандаи хадамоти тафреҳӣ ҳам зиёд шудаанд, ки барои ташкили маъракаи хурсандии сокинон ва бо маблағҳои зиёд даъват мешаванд ва барномаи табрикотӣ анҷом медиҳанд.

Азиза Ҳакимова як бонуе ки худ ва ду фарзандаш хадамоти тафреҳиро барои сокинон пешниҳод мекунанд мегуяд даъвати муштариёнро бештар тавассути интернет ба маҳфилҳои шаби соли нав пайдо мекунанд.

Ӯ, ки гурӯҳи тафреҳии иборат аз Бобои Барфӣ, Барфак ва баъзе қаҳрамонҳои филмҳои дӯстдоштаи бачагон қабул мекунад гуфт ҳар як барномаи табрикотӣ аз 15 то 30 дақиқа идома карда, арзиши як барнома аз 400 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

XS
SM
MD
LG