Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли тағйири қоидаҳои муҳоҷират ба Русия (ВИДЕО)


Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, нишасти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Русия дар масоили муҳоҷират оғоз ба кор кардааст.

Хабарҳо дар робита ба эҳтимоли авфи муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, Самандари - 22 соларо, ки як сол боз, ҳаққи сафар ба Русияро надорад, дубора умедвор карда ва ба фикри муҳоҷират андохтааст. Вай ба умеди дидани хабари авфи муҳоҷирон, ҳар лаҳза расонаҳоро мехонад ва аз Хадамоти муҳоҷират ҳам зуд-зуд дидан мекунад. Самандар баъди 5 соли кор дар яке аз ширкатҳои мусофирбарии Русия, барои аёдати волидайн ва оиладор шудан ба Тоҷикистон омадаву бо ҳамин ба рӯйхати афроди мамнуъвуруд ва бекорон ворид шуд.

Самандар мегӯяд, тасвири як соли зиндагиаш дар Тоҷикистон барояш осон нест. Чун пайваста барои бекорӣ аз ҷониби падар гап мешунаваду талошҳояш ҳам барои идомаи кораш ҳамчун ронанда дар ватан бенатиҷа аст: “Барои як маршрутка гирифтану кор кардан ин ҷо чӣ ҳуҷҷатҳое намепурсанд аз ту. Ман шаҳрванди Русия нестам, аммо дар Русия барои шурӯи корам ҳамчун ронанда ин қадар азият накашида будам. Болои ин, ҳисоб кардам, аз ин кор дар Душанбе даромади хеле кам мебинӣ. Пули асосӣ ба андозу пули маршруткаву иҷозатнома меравад. Намедонам ба рӯйхати ихроҷшудаҳо чӣ хел ворид шудам. Ман, ки нияти бозгашт ва идомаи кор дар Русияро доштам, пеш аз омадан тамоми ҷаримаҳоям, муҳим барои ронандаҳоро супурдаму ҳуҷатҳоямро дуруст кардам. Аммо дар ниҳоят боз ба ин рӯйхат афтодам.”-афзуд Самандар.

Ба мисли Самандар, Шамсулло Русулови 51-сола низ бесаброна мулоқоти масъулони вазоратҳои кори Тоҷикистону Русия интизор буд, ки шояд ҳамин нишаст, сарнавишти онҳоро тағйир медиҳад ва номи ӯву ҳамсарашро аз феҳристи муҳоҷирони қонуншикан, берун мекунад. Шамсулло Расулов мегӯяд, дар Русия сохтмончӣ буд ва 2 моҳи пеш бо ҳамсараш ба хотири гузаштани сарҳад барои 3 рӯз ба Тоҷикистон омадаву дар ин ҷо дармонд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай ҳоло 4 фарзанди ноблиғаш бидуни саробон дар Русия мондаанд.

Шамсулло гуфт, “то анҷоми патенти ману ҳамсарам 12 рӯз боқӣ монда буд ва мо ба Тоҷикистон ба он хотир омадем, ки баъди се рӯз баргашта мӯҳлати патентро то як соли дигар тамдид кунем. Мо хостем ҳамааш қонунӣ шавад ва ҳатто чиптаи баргаштро низ дар даст доштем. Вале пас аз омадан дигар ба Русия ворид шудан наметавонем. Ҳоло чор фарзанди ноболиғамонро ҳамон соҳибхонаҳое, ки он ҷо кор мекардем муваққатан нигоҳубин доранд. То имрӯз ҳеҷ ниҳоде намонд, ки мо муроҷиат накарда бошем, аммо танҳо як ҷавобро мешунавем, ки ягон роҳ вуҷуд надорад. Чанде пеш корманди як ниҳод ба ман занг зад ва гуфт, мо кӯдаконатонро дар махсус “детдом” ҷо мекунем ва ҳар вақте пул ҷудо шуд, онҳоро ба ватан равон мекунем. Аммо гуфтам, ман кӯдаконамро барои “детдом” калон накардаам.Ҳоло намедонам чӣ кор кунам, ин ду моҳ корам фақат даводав аст.”

Ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ва аз ҳаққи сафар маҳрум шудани онҳо як мушкили ҷиддиест, ки солҳо ду тараф дар бораи он гуфтугӯ мекунанд. То кунун зиёда аз 220 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд ва тақрибан 100 ҳазор нафари дигар барои қонуншиканӣ ҳаққи ба Русия даромаданро надоранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар нишасти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон Русия, ки рӯзи панҷшанбеи 28-уми май дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста оғоз шуд, ҳамин мавзӯи сарнавишти ҳазорҳо муҳоҷири кории тоҷикеро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, матраҳ кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва аз ҷониби Русия Владимир Яковенко, муовини раиси хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия намояндагӣ мекунанд. Абдулло Қодирӣ, суханггӯи Хадамоти муҳоҷират дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳафт масъалаи муҳими марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар умури муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд. Ба таъкиди ҷаноби Қодирӣ, дар назар аст, ки баъд аз музокироти дурӯза, тарафҳо оид ба ҳар як банди рӯзнома қарорҳои мушаххас қабул намоянд.

Абдуллоҳ Қодирӣ оиди эҳтимоли тағйири қоидаҳои муҳоҷират
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Абдулло Қодирӣ афзуд, ”ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз ҷумла пешниҳод кард, патенти коре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дарёфт мекунанд, аз як то ба се сол тамдид карда шавад. Ҳамчунин гурӯҳи экспертӣ доир ба баррасии 5 табақаи категорияи шаҳрвандони мо, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Русия манъ гардидааст, оид ба ҳалли масъалаи эътирофи сертификатҳои тиббӣ оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ, низ аз масоили асосии матрӯҳа дар ин нишаст аст.”

Сухангӯи Хадамоти муҳоҷират изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Русия барои додани иҷозаи вуруди дубора ба шаҳрвандони Тоҷикистон ризоят бидиҳад ва ин мушкили рақами яки муҳоҷирони тоҷик ҳал шавад.

Ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки пас аз шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, вазъу ҳолати муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишвар бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ гардид. Қоидаву шартҳои гуногуни будубош дар Русия боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ шудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар қиёс ба як соли пеш 16 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин хадамот мегӯяд, дар чор моҳи аввали соли равон, беш аз 68 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба Русия рафтаанд ва аммо 130 ҳазор нафари дигар ба ватан баргаштаанд. Ин ниҳод муваққатан манъ шудани вуруди 276 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русияро яке аз сабабҳои ин раванд арзёбӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ки боз 400 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шомили “гурӯҳи риск” ҳастанд.

Яъне, ин муҳоҷирон аллакай як дафъа қонунро вайрон кардаанд ва дар сурати бори дуввум вайрони кардани қонун, хатари ба Тоҷикистон ихроҷ кардани онҳо вуҷуд дорад. Зимнан, мақомоти Тоҷикистон то 1 январи соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони кории ин кишвар длар Русияро ҳудуди 800 ҳазор рақам мезаданд. Аммо мақомоти Русия ин рақамро ҳудуди 1 миллион 200 ҳазор нафар арзэбӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG