Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Сафаров: "Единая Россия" бо маслиҳати мо ташкил шуд


Сайфуллоҳ Сафаров.
Сайфуллоҳ Сафаров.

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо ҳизби "Единая Россия" қарордоди ҳамкорӣ имзо кунад.

Дар пешнависи қарордоди ҳамкори миёни Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон ва Ҳизби Единая Россия, табодули таҷриба, ташкили давраҳои омӯзишӣ, доду гирифти маълумот ва рафту омади ҳайатҳои ҳизбӣ ба кишварҳои якдигар дар назар гирифта шудааст.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон соли 1994 ташкил шуд ва дар суфуфи худ ҳоло 250 ҳазор узв дорад. Раҳбари ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар аст. Вале Ҳизби Единая Россия 7 сол баъд дар соли 2001 ташкил шуд ва дар оғоз раҳбари он Владимир Путин буд ва ҳоло Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия раҳбарии онро бар ӯҳда дорад. Намояндагони ин ду ҳизби ҳоким дар парлумонҳои кишварҳои худ аксарияти мутлақро ташкил медиҳанд.

Дар мусоҳибае аз Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси ин ҳизб пурсидам, акнун бо имзои қарордод ин ҳизбҳо дар чӣ самт мехоҳанд ҳамкорӣ кунанд?

Сафаров: Ҳамкории ҳизби мо бо ҳизби Единая Россия нав сар намешавад. Мо ҳамкориҳо доштем. Ҳатто мо дар Русия намояндагиҳои худро доштем, ки онҳо бо Единая Россия ҳамкорӣ мекарданд. Чанд сол пеш ҳам ҳамин гуна санади ҳамкории миёни ду ҳизб имзо шуда буд. Ин ду ҳизб ба якдигар бисёр монанд ҳастанд, чунки Единая Россия баъд аз ҳизби мо ба вуҷуд омадааст ва маслиҳати ташкили ҳамин гуна ҳизбро мо аз Тоҷикистон ба Русия дода будем. Дар Русия вазъият бисёр бад буд ва зиёда аз 60 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекард. Дар байни онҳо зиддиятҳои хеле зиёд вуҷуд дошт. Аз он ҷо ба Тоҷикистон намояндаи Владимир Владимирович Путин омада буд, ба хотири он ки аз таҷрибаи Тоҷикистон барои ба низом даровардани низоми ҳизбии худашон истифода кунанд. Ин ҳизбҳо ҳизбҳое ҳастанд, ки барои мустаҳкам кардани низоми сиёсӣ сохта шудаанд.

Озодӣ: Оё ин ду ҳизбе, ки дар кишварҳои худ нақши раҳбариро доранд, таҷрибаҳои интихоботии худро бо якдигар радду бадал мекунанд?

Сафаров: Радду бадали ҳамин ҳамкориҳо дар васоити ахбори умум ва дар интернат ҳамааш ҳаст. Албатта, шояд онҳо аз таҷрибаи мо истифода мекунанд ва ё намекунанд. Лекин мо ҳамеша аз таҷрибаи онҳо истифода мекунем. Мо мебинем, ки онҳо дар куҷо камбудӣ доранд ва дар куҷо муваффақият нишон додаанд. Мо аз он албатта истифода мекунем.

Озодӣ: Оё тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳизбҳои дигар мисли Ҳизби коммунист ё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ҳамин гуна ҳақ доранд, ки бо ҳизбҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла бо Кореяи Шимолӣ, бо Чин ё кишварҳои арабӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо кунанд?

Сафаров: Албатта ҳақ доранд ва ин корро ҳам мекунанд. Масалан, ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон новобаста ба он ки коммунистӣ ҳастанд ё сотсиалистӣ ё ягон ҳизби дигар, дар ҷаласаву анҷуманҳои ҳизбҳои осиёӣ ширкат мекунанд, масалан Ҳизби Коммунист, ҲНИТ, Ҳизби халқӣ-демократӣ ва ҳизбҳои дигар на танҳо ҳақ доранд, балки ҳамкориҳои бевосита доранд.

Озодӣ: Гаҳ-гоҳе ин тавр ҳам мешавад, ки дар ҷараёни ин ҳамкориҳо ин ҳизбҳои сиёсӣ аз якдигар кӯмакҳои молӣ ҳам дарёфт мекунанд. Оё қонунҳои Тоҷикистон ба ин кор иҷоза медиҳад?

Сафаров: Ана дар ин ҷо ин кор зидди қонун аст, барои он, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои сиёсӣ имкон доранд. Вале гирифтани пул аз ҳизбҳои дигар барои ҳизбҳои сисёсии мо қатъиян манъ аст. Ҳар ҳизбе, ки аз ҳизби дигар кӯмаки молӣ мегирад, он бояд аз нуқтаи назари қонунҳои мо, баста шавад. Ҳеҷ ҳизби сиёсӣ ҳақ надорад, ки аз ҳизби кишварҳои дигар, ҳатто аз дигар кишвар кӯмаки молӣ бигирад, барои он ки ин ҳизбҳо дар ҳаёти сисёсии кишвари мо ширкат мекунанд ва онҳо ҳақ надоранд, ки намояндаи манфиатҳои кишварҳои дигар бошанд. Аз ҷумла Ҳизби Коммунист ва ҲНИТ ҳам ҳамин хел.

XS
SM
MD
LG