Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургмеҳр Ёров соҳиби дипломи Ҷоизаи Ватслав Ҳавел шуд


Ҷоизаи Ватслав Ҳавел дар соли 2019 ба Илҳом Тухтӣ, фаъоли ҳуқуқи башари уйғур аз Чин ва созмони Youth Initiative for Human Rights тақдим шуд. Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик ва яке аз се номзад ба дарёфти ин ҷоизаи маъруф бо дипломи Ҷоизаи Ватслав Ҳавел қадрдонӣ шуд. Дипломро ба бародари адвокати зиндонӣ Ҷамшед Ёров тақдим карданд.

Маросими супурдани ҷоизаи Ватслав Ҳавел рӯзи 30-юми сентябр дар Маҷмааи порлумонии Аврупо дар шаҳри Страсбург баргузор гардид.

Ҷамшед Ёров, бародари хурдии Бузургмеҳр Ёров, ки дар маросими ҷоизасупорӣ дар Маҷмаи парлумони Аврупо дар Страсбург иштирок кард, гуфт, аз он ки ҷоиза ба ду номзади дигар тақдим шуд, нороҳат нест. Ӯ гуфт, "худи ин ки исми Бузургмеҳр Ёров ба феҳристи се номзади барандаи ҷоизаи Васлав Ҳавел ворид шуд, як ғалаба буд. Гирифтани маблағи пулӣ мақсади мо нест. Мақсади мо матраҳ шудани қазияи Бузургмеҳр Ёров ва мушкилоти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон буд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ҳоло маълумот дар бораи Бузургмеҳр Ёров зиёдтар аст".

Ҷамшед Ёров гуфт, ки ҳадафи ниҳоии онҳо озод шудани Бузургмеҳр аз зиндон аст ва умедвор аст, ки чорабиниҳои мисли ин метавонад мубориза барои раҳоии ӯро аз зиндон вусъат бахшад.

Барандаи имсолаи ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Васлав Ҳавел Илҳом Тухтӣ як донишманд ва фаъоли ҳуқуқи уйғурҳои Чин аст. Ӯ соли 2014 бо иттиҳоми "ҷудоиандозӣ" (сепаратизм) ба зиндони абад маҳкум шуд. Ӯ ҳамчун як ҳомии маъруфи ҳуқуқи уйғурҳои мусалмонтабори Чин маъруф аст. Ҷоизаро инчунин созмони "Ташаббуси ҷавонон барои ҳуқуқи башар" ба даст овард. Ин созмон дар кишварҳои Балкан миёни ҷавонон кор мекунад ва ҳамоиши ҷавонони миллату мазҳаб ва кишварҳои мухталифро ҳадафи аслии худ қарор додааст.

Ҷоизаи ба номи ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари чех Васлав Ҳавел аз соли 2013 ба ин сӯ аз ҷониби Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Бунёди "Хартия-77" тақдим мешавад.

Аввалин номзад аз Тоҷикистон

Бузургмеҳр Ёров нафари аввалин аз Тоҷикистон аст, ки номзадиаш барои дарёфти ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел пешниҳод шуда ба феҳристи ниҳоии номзадҳо барои бурдани ҷоиза ворид шуд.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъд аз омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир шуд. Додгоҳ соли 2017-ум ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Худи ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро озод кунанд, аммо мақомот пайваста гуфтаанд, Ёров барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва парвандаи ӯ ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад.

Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел 60 000 евро маблағ дорад. Ин ҷоиза ҳар сол моҳи октябр тақдим шуда, ба маҳзи муборизаи тӯлонии Васлав Ҳавел барои демократия ва ҳуқуқи башар ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Ин адиби дигарандеши чех, ки бо намоишномаҳои театриаш маъруф буд, дар даврони коммунистҳо таҳти таъқиби тӯлонӣ қарор дошт. Вай баъд аз суқути коммунизм раиси ҷумҳури Чехословакия ва баъди ҷудо шудани он ба ду кишвар нахустин президенти Чехия шуд. Ҳавел соли 2011 дар синни 75 даргузашт.

Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел аз соли 2013 то ба ҳол ба Алес Биалиатский (ҳуқуқшиноси зиндонӣ аз Белорус), Анор Маммадлӣ (маҳбуси сиёсӣ аз Озарбойҷон), Людмила Алексеева (роҳбари гуруҳи хелсинкии Русия), Мурод Арслон (ҳуқуқшинос аз Туркия) ва Нодия Мурод (ҳомии ҳуқуқи язидиҳо аз Ироқ) тақдим шудааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG