Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ. Талоши номи баланд дар пасманзари коҳиши бовар


Дар доираҳои ҳукуматӣ мегӯянд, обрӯи Тоҷикистон рӯз ба рӯз дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад.
Дар доираҳои ҳукуматӣ мегӯянд, обрӯи Тоҷикистон рӯз ба рӯз дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад.

Нотавонӣ дар ҳалли мушкилоти дохилӣ, вобастагӣ ба омилҳои берунӣ, тафовут байни ваъдаву амал, ба гуфтаи коршиносони мустақил, обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ба таври қобили таваҷҷуҳ поин овардааст. Аммо дар доираҳои ҳукуматӣ ин гуна баҳогузориро беасос мешуморанду мегӯянд обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз боло меравад.

Дар маҳофили коршиносӣ коҳиши обрӯи Тоҷикистонро, аксаран ба нақзи ҳуқуқи башар, хешутаборбозии ошкоро, вобастагии иқтисодӣ ба маблағҳои муҳоҷирон медонанд. Чунин шароит ба коҳиши эътимоди сармоягузорони бузурги ғарбӣ барои маблағгузорӣ ба иқтисодиёт оварда расонидааст. Дар натиҷа афзоиши вобастагӣ аз як қарздиҳандаи хос – Чин ба назар мерасад.

Усули баробарии ҳокимият дар равобити байналмилал ба беэҳтиромии ошкор дар баробари ин ё он давлат иҷоза намедиҳад. Бо вуҷуди ин, аз назари сатҳи ҳамкорӣ бо кишвар, ҳавасмандӣ ба сармоягузорӣ дар иқтисод, расонидани ёриҳои молиявӣ як манзараи умумии равобити боэътимод ба онро ба вуҷуд меоварад.

Ваъдаву амалҳо

Дар ин замина ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тадриҷан ба тарафи манфӣ тағйир меёбад, мегӯяд рӯзноманигор Марат Мамадшоев. “Сол то сол мақомот дар бораи ҳадафҳое гап мезананд, аммо рафтори онҳо комилан дигар аст. Мо мебинем, ки чӣ гуна тиҷоратҳо гирифта мешаванд, фаъолияти соҳибкоронро маҳдуд мекунанд, алайҳи ширкатҳои мобилӣ амалкардҳои норӯшане анҷом мешавад, ки ба доираҳои ҳукуматӣ марбут нестанд ва ниҳодҳои инҳисори нозаруре чун маркази ягонаи коммуникатсионӣ ташкил мешавад. Чунин тасаввуроте ҳосил мешавад, ки гӯё касе қасдан мехоҳад нишон диҳанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон шарикони боэътимоде нестанд ва бо онҳо бояд мисли худашон муносибат кард” - мегӯяд Мамадшоев.

Ӯ ба моҷарои Бонки миллӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дар соли 2008 ишора мекунад. Он замон ин ниҳод ҳукумати Тоҷикистонро ба пешниҳоди “маълумоти бардурӯғ” дар бораи захираҳои тиллоию арзии Бонки милллӣ гунаҳкор кард. То ин вақт СБП дар тӯли 5 сол ба Тоҷикистон 80 млн доллар қарз дода буд, вале баъди изҳороти СБП Бонки миллӣ маҷбур шуд, бештар аз ними ин маблағҳоро баргардонад.

Натиҷаи санҷишҳо эҳтимоли даст доштани роҳбари вақти Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардон, ки 12 сол ин мансабро дар ихтиёр дошт, дар тақаллубкориҳо ишора кард. Дар рафти санҷиш вайронкориҳои зиёде ошкор шуд, аз ҷумла гузаронидани пул ба ширкатҳое, ки худи Алимардон, хешовандони раҳбарони дигар, фармондеҳони собиқ дар замони ҷанги дохилӣ идора мекарданд. Моҷаро ба сарнавишти Алимардон, ки баъдан муовини сарвазир таъин шуд, таъсире нарасонид, аммо ба муносибати Тоҷикистон бо СБП асар гузошт. Аз соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон бо СБП барои гирифтани 300 миллион доллар қарз гуфтушунидҳои бенатиҷа дошт.

Барои Тоҷикистон шартҳои додани қарзи ин ниҳод ғайри қобили қабул буд. Бо вуҷуди ин, шӯрои иҷроияи СБП барои Тоҷикистон дар доираи мубориза ҳамагирии COVID-19 додани 189,5 млн долларро иҷоза дод.

Далелҳое, ки барои обрӯи кишвар хуб нестанд

Достонҳои қарзӣ ягона далеле нестанд, ки шоҳиди коҳиши обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ шуда бошанд. Расман Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли 2020 дар поинтарин радаи Шохиси демкоратия қарор дорад, ки ҳамасола The Economist Intelligence Unit таҳия мекунад ва мақоми 160-умро мегирад.

Дар охирин гузориши Freedom House ва ё Хонаи Озодӣ Тоҷикистон шомили кишварҳои “бадтарини бадтарин” аз ҷиҳати озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шуд. Дар гуруҳи 12 кишвари бадтарин помолкунандаи ҳуқуқи башар, Тоҷикистон дар баробари Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Сурия, Арабистони Саудӣ, Чин, Либӣ ва Сомалӣ қарор гирифта буд.

Дар Шохиси солонаи озодии матбуот, ки ҳамасола созмони “Хабарнигорони Бидуни Марз” нашр мекунад, кишвар мақоми 161-ро дар миёни 180 кишвар мегирад. Дар мавриди мубориза бо фасод дар соли 2020 Тоҷикистон дар як сатҳ бо Мозамбик, Нигерия, Мадагаскар, Камерун ва Эрон қарор гирифта, мақоми 149-умро гирифтааст ва аз 100 имтиёзи имконпазир 25 имтиёз дорад.

Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон барои непотизм ё хешутаборчигии ошкоро интиқод мешавад, ки хонаводаи президент ҳам шохаи қонунгузор ва ҳам иҷроияро идора мекунанд ва худи президент салоҳияти таъини додрасҳоро дорад, ки амалан ба ӯ ҳаққи назорати ҳокимияти додгоҳиро низ медиҳад.

Ҳукумат борҳо барои эҷоди шароити хос барои рушди ширкатҳои мушаххасе, ки ба наздикони президент таалуқ доранд, гунаҳкор шудааст. Аз ҷумла дар ин бора дар таҳқиқоти OCCRP ишора мешавад. Иқтисоди кишвар осебпазирияшро аз маблағҳои муҳоҷирин борҳо нишон додааст. Бино ба маълумоти Бонки Марказии Русия дар соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар интиқол шудааст, ки 759 млн доллар камтар аз соли 2019 аст. Баъди зери интиқодҳои пайваста қарор гирифтан, мақомоти Тоҷикистон аз нашри маълумоти дақиқи интиқоли маблағ ба кишвар даст кашиданд, вале коҳиши маблағҳо мустақиман ба тавони харидории мардум таъсир мерасонад.

Мақомот то кунун бо Русия дар мавриди боз кардани сарҳадҳо гуфтушунидҳои бенатиҷае доштаанд. Вале ҷавоби ниҳоиро Маскав баъди хулосаи комиссияи “Роспотребнадзор” медиҳад, ки вазъи эпидемологӣ дар Тоҷикистонро месанҷанд.

Коршиносони мусттақил тахмин мезананд, ки Душанбе вуҷуди коронавирусро муддати зиёде пинҳон дошт ва дар натиҷа эътимоди кишварҳои дигарро нисбати омори расмиаш поин овард. Ҳамаи ин омилҳо наметавонанд, дар равобиту ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ беасар бошанд.

Доираҳои ҳукмрон ба муваффақият ишора мекунанд

Дар доираҳои наздиҳукуматӣ ба ин розӣ нестанд, ки давлат обрӯи худро аз даст медиҳад. Роҳбари дастгоҳи Ҳизби ҳокими халқии демкоратӣ Абдураҳмон Хонов мегӯяд, ки Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки ҷанги харобиовари шаҳрвандиро пушти сар гузошт, вале тавонист, хеле чизро барқарор кунад. “Имрӯз кишвари мо дар дунё ҳамчун кишвари босуботу дар ҳоли рушде, ки дар он ҳама усулҳои демократӣ риоят мешавад дониста мешавад ва обрӯяш рӯз то рӯз боло меравад” - мегӯяд Хонов.

Ба гуфтаи ӯ, интихоботи порлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон дараҷаи баланди фарҳанги сиёсии шаҳрвандонро нишон дод, ки ба обрӯи байналмилалии кишвар низ таъсири хубе гузошт. Ба унвони далели боло рафтани имиҷи кишвар, Хонов ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ишора мекунад, ки миёни онҳо эълони солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои ҳаёт”, эълони соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, ташкили Бунёди байналмилаии ҳимояти пиряхҳо ва ғайра вуҷуд дорад.

Шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов бар ин аст, ки коҳиши эътимод ба Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ кишварро бештар ба оғуши Чин тела медиҳад. “Бо гирифтани қарзҳои бештар аз Чин, Тоҷикистон барои рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти сиёсӣ таваккал мекунад. Тавре маълум аст, ҳоло Чин бо 17 кишвар баҳсҳои марзиву арзӣ дорад ва метавонад, даъвое барои Бадахшон ҳам бикунад” - мегӯяд Мирсаидов. Ӯ меафзояд, мақомот инро дарк мекунанд, ки мисле, ки зарур аст, амал намекунанд, барои ҳамин онҳо ба бахши низомӣ ва истифодаи шеваҳои саркӯбгароёна такя мекунанд.

XS
SM
MD
LG