Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни баҳсбарангези озодиҳои динӣ 10-сола шуд


Акс аз Нозим Қаландаров

Дар як ҳамоише дар Душанбе намояндагони давлат аз қонуни баҳсбарангез дар бораи озодиҳои динӣ ҳимоят карданд ва онро қонуни мутобиқ ба замона ва босамар хонданд.

Аз қабули қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ки соли 2009 қабул шуд, 10 сол гузашт ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, баъди қабули ин санад, ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ маҳдуд шуд. Қонунро, ки дар давоми даҳ сол чанд маротиба тағйир кард, пайваста созмону кишварҳои ғарбӣ танқид кардаанд.

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл дар ҳошияи як ҳамоише бахшида ба 10-солагии қонун гуфт, гузориши созмонҳои ҷаҳонӣ дар мавриди ин қонун бештар «ба як роҳи протоколии Душанбе» маҳдуд мешаванд. Ӯ манзурашро шарҳ надод, вале дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ қонунро барои пешрафти ҷомеа ва таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва озодии виҷдон муҳим унвон кард.

Дар ҳоле ки Қонуни асосӣ озодии динро замонат медиҳад, қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин озодиро барои наврасону ҷавонон ва ҳамчунин таълиму тадриси диниро маҳдуд мекунад. Тибқи ин қонун хондани намоз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст ва ҳар фард ҳақ дорад, дар чаҳор ҷой - масҷид, манзили зист, қабристон ва зиёратгоҳ намоз бигузорад.

Тағйири муқаррароти сабти номи масҷидҳо

Баъди қабули ин қонун муқаррароти сабти масҷидҳо тағйир ёфт ва моҳи январи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи 1500 масҷид 900 адади он баста шудаанд. Барои сабти масҷиди ҷомеъ бар асоси қонун ҳатмист, ки дар он маҳал аз 10 то 20 ҳазор нафар зиндагӣ кунанд. Таҳсили динии кӯдакон ва наврасони то 18-сола бар асоси қонун манъ аст ва барои он ризоияти волидайн ҳатмист. Маҳдудиятҳо инчунин ба созмонҳои дигари мазҳабӣ ва ғайриисломӣ дахл дорад. Касе ҳам ҳақ надорад, бе иҷозаи мақомоти расмии Тоҷикистон дар хориҷа таҳсили динӣ бигирад.

Ин қонун давоми даҳ сол борҳо мавриди интиқоди сахти созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Тоҷикистон аз тарафи Амрико борҳо барои нақзи ҳуқуқи динӣ танқид шудааст ва чанд сол аст, ки дар феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кард. Файзулло Баротзода мегӯяд, танқидҳо асоси воқеӣ надоранд, чун дар кишвар озодиҳои динӣ ҳамаҷониба риоят мешавад: «Ҳама гуна қонунҳо дар кишвар тарафдору мухофил дорад. Ҳамасола созмонҳои байналмилалии назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон назари худро дар бораи вазъи озодии дин дар Тоҷикистон баён мекунанд. Аммо ин маънии онро надорад, ки ҳамаи хулосаҳои онҳо воқеият доранд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳаққи мусулмонон ҳеҷ маҳдуд намешавад ва мисол меоранд, ки теъдоди масҷиде, ки дар кишвар ҳаст, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нест. Онҳо бунёди бузургтарин масҷид дар минтақаро мисол меоранд, ки сохтмони он бо сармоягузории Қатар дар маркази Душанбе идома дорад. Дар он ба гуфтаи мақомот 150 ҳазор нафар метавонанд ҳамзамон намоз бигузоранд.

Тарс аз ифротгароӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҳукумат чандин сол аст, ки бо ифротгароиву терроризм мубориза мебарад ва талош мекунад аз роҳ ёфтани ин ақидаҳо дар миёни ҷомеа ҷилавгирӣ шавад. Вале мунаққидон мегӯянд, ки баръакс ҳукумат бо баҳонаи ин мубориза ба ҳаёти динии мардум беш аз ҳад дахолат карда, боиси хашму норизоиятии онҳо аз сиёсатҳои давлат мешавад.

Чанде пеш вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозанашри худ оид ба вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон гуфт, ки маҳдудиятҳо дар ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ ҳамчунон зиёд аст. Дар гузориш ки 21 июн нашр шуд, омадааст, ки бар асоси тағйирот ба қонун дар моҳи январ созмонҳои динӣ бояд дар бораи ҳама гуна фаъолиятҳои худ давлатро хабардор кунанд. Барои таъйини имомхатибон иҷозаи давлат лозим аст ва дар давоми чандин соли охир таҳсили динӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат аст. Ба гуфтаи муаллифони гузориш дар ҷомеаи Тоҷикистон, мардум аз баҳсу баррасии масоили динӣ парҳез мекунанд, зеро метарсанд, ки ҷазо мегиранд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG