Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали ҳукумат ба Кӯлоб. Корхонаҳоро фаъол накунед, гашта мегирем.


Корхонаи истеҳсоли консерва дар Кӯлоб
Корхонаи истеҳсоли консерва дар Кӯлоб

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми август бо як сафари корӣ ба Кӯлоб рафт, аз моликони корхонаву ширкатҳои аз кор монда хостааст, ки онҳоро то ҷашни 30-умин солгарди истиқлол фаъол кунанд.

Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ки дар мулоқоти Қоҳир Расулзода бо соҳибкорон ва мақомоти масъули шаҳр ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Қоҳир Расулзода, бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб омадааст, то масъалаи фаъол кардани корхонаҳои саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Корхонаҳоро фаъол кунед, вагарна чора меандешем

“Дар мулоқот аз сохтмон сар карда, то фаъол кардани корхонаҳо суҳбат рафт. Сарвазир дар суҳбаташ гуфт, ки ӯро раиси ҷумҳур барои фаъол кардани корхонаҳои саноатӣ фиристодааст” – гуфт, ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар мулоқот соҳибкорони шаҳр ҳузур доштанд ва аз ҷумла “Бег Сабуров, ки се чаҳор корхонаи саноатӣ сохта буд ва ҳоло аз кор мондаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон ва Бег Сабуров, ҳангоми ифтитоҳи меҳмонхонаи "Чанор" дар шаҳри Кӯлоб
Эмомалӣ Раҳмон ва Бег Сабуров, ҳангоми ифтитоҳи меҳмонхонаи "Чанор" дар шаҳри Кӯлоб

Бег Сабуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, вале дар Кӯлоб бисёриҳо мегӯянд, ки фалон иншоот, ё сохтмон ба Бег Сабуров тааллуқ дорад.

Ба қавли ӯ, “Сарвазир барои фаъол кардани корхонаҳо суҳбат кард ва гуфт, ки онҳо фаъол карда шаванд ва ҳисоботашонро ба президент расонанд, дар акси ҳол нисбати он корхонаҳо чора андешида мешавад.”

Тоҷикистон соли 2021 30-умин солгарди истиқлолашро таҷлил мекунад ва мақомот талош доранд, нишон бидиҳанд, ки бо дастовардҳои хос ин идро таҷлил мекунанд

Аз 51 корхона бисёре аз онҳо кор намекунанд

Масъалаи корхонаҳои аз фаъолият монда дар нишасти хабарии шаҳрдори Кӯлоб чанде пеш баррасӣ шуд ва Абдураззоқ Хоҷамқулов, як масъули шаҳрдорӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳо аз моҳи январ чаҳор мактуб ба соҳибмулкони корхонаҳо ирсол кардаанд.

“Мо ба соҳибкорон мактуб кардем, ки корхонаҳояшонро фаъол кунанд. Аммо аз соҳибмулки “Сомон Кӯлоб Таҷҳизот” мактуб омад, ки қарздор аст. Мо ба ҳукумат мактуб кардем ва дар ҳоли ҳал шудан қарор дорад. Ин ҳал шавад дар корхонаи “Сомон Кӯлоб Таҷҳизот” дар аввал 50 нафар соҳиби ҷои кор ва ҳоло боз бо корхонаи “Талко” шартнома бастааст, бояд заводи кабелбарорӣ созад” - гуфт, Абдураззоқ Хоҷамқулов.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тибқи омори расмӣ дар Кӯлоб 59 корхона сабти ном шудааст. ва аз ин 12 корхона фаъолият намекунанд. Дар ин миён корхонаҳои бузургӣ саноатӣ, ба мисли корхонаи замони овозадори пахта, корхонҳои истеҳсоли пойафзор, дузандагӣ, хиштрезӣ аз фаъолият мондаанд.

Яке аз ин корхонаҳо, корхонаи дузандагӣ аст, ки моҳи августи соли 2011 зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард ва бояд дар он 600 нафар дар ду баст кор мекарданд.

Чаро Кӯлоб ба шаҳри саноатӣ табдил наёфт?

Сафари сарвазир ва талаби фаъол кардани корхонаҳо дар ҳоле дубора сари забонҳо мешавад, ки дар соли 2006, замоне таҷлили 2700-солагии Кӯлоб президент Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш гуфт, “Кӯлоб солҳои наздик ба як шаҳри саноатӣ табдил меёбад.”

Кӯлоб бо аҳолии бештар аз 200 ҳазор нафарӣ, сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баъди фурӯпошии Шуравӣ аксари корхонаҳои саноатиаш фалаҷ шуд.

Азбаски корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ҷойҳои кории зиёд надорад, сокинонаш мисли аҳолии дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Қисми дигараш ба кишоварзӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG