Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷойи кор офаред, то масъалаи нақлиёти Душанбе ҳал шавад"


Ёқуби Саид - хабарнигор
Ёқуби Саид - хабарнигор

Ба навиштаи расонаҳо, кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар кӯчаҳои Душанбе бо ҳадафи танзими нақлиёт рейд анҷом медиҳанд.

Дар гузорише, ки Радиои Озодӣ нашр кард, мӯйсафеде бо чеҳраи маҳзун чунин гуфт: "Аз рӯзи ногузаронам, маҷбур шудем, таксиронӣ кунем".

Магар воқеият ғайри ин аст? Онҳое, ки ронандагиро барои таъмини рӯзгор интихоб кардаанд, табиист, ки аксарашон шуғли дигаре, василаи дигари пайдо кардани маошро надоранд.

Чанд рӯз пештар ман аз гардиши маъруф ба фурудгоҳ ба маршруткаи №15 нишастам ва то маҳаллаи 103-ум омадам. Шавқи донистан ва ҳисоб карданам боло гирифту, истгоҳҳо ва чанд маротиба манъ кардани нақлиётро дар ин масир шумурдам.

Ҳисоб кардам, ки аз гардиши фурудгоҳ то маҳаллаи 103 дар маҷмуъ 16 истгоҳ аст, аммо маршрутка 35 маротиба ист кард; сари гардишу баъди гардиш, пеш аз "светафор"-у баъди "светафор", пеш аз "пешеход"-у баъди "пешеход" ва аммо танҳо ду маротиба дар назди истгоҳ истод. Ин масофаро 40 дақиқа тай кард ва ман танҳо бо шуморидани истодану ҳаракат кардани нақлиёт тавонистам, худро аз дилгирӣ наҷот диҳам...

Ҳамакнун кормандони БДА дасту остин барзадаанд, ки ҳамин истодану ҳаракат карданҳои бемавриду беҷои нақлиётро ба танзим дароранд. Вале оё мешавад, бо амру дастур ва ҷаримаву маҳрум кардан аз рондани нақлиёт ин соҳаро ба танзим даровард? Шояд, вале хеле ба сахтӣ. Роҳи осонаш ин аст, ки бояд ҷойи кори алтернативӣ мавҷуд бошад, то ҳар мавҷуди зиндае, ки дар Тоҷикистон истиқомат дорад, харҷи рӯзгори худу наздиконашро таъмин созад.

Тасаввур кунед, ки як шаҳрванди тақрибан 35-сола ҳадди ақал 15 сол таҷрибаи муҳоҷирӣ дорад. Ғарибӣ ва нигоҳҳои каҷи мардуми мулки ғурбат ҷисму ҷонашро афгор кардаанд. (Ё аз он кишвари ғурбат ихроҷ шудааст, ки бихоҳад ҳам дигар наметавонад, баргардад).

Ҳамин муҳоҷир ба Тоҷикистон бармегардад ва савганд ёд мекунад, ки дигар ба ғурбат нахоҳад рафт. Чӣ кор бояд кунад? Коргоҳу боргоҳе нест, ки машғули кор шавад. Табиист ё гӯшаи бозорро мегирад ё пушти чамбараки мошинро.

Рақобате, ки дар масирҳои нақлиёти ҷамъиятии Душанбест дар ҳеҷ самту соҳаи дигаре вуҷуд надорад. Ба ҳамин далел аст, ки беназмтарин соҳа ҳам ҳамин соҳа аст.

Ягона чизе, ки дар Душанбе одамонро дилгир мекунад - ҳамин беназмии нақлиёт аст. Дар пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги дигар то 6-7 навъи нақлиёти умумӣ амал мекунад. Дар Душанбеи тақрибан садсолаи мо ҳамагӣ 3 навъи эътирофшуда ва иҷозатдодашуда: автобусу троллейбус ва минибус ё ҳамон "маршруткаҳо" ҳастанду бас. (Таксиҳои 5-сомонӣ истисно ҳастанд, зеро бештари сокинон тавони нишастан ба онҳоро надоранд). Барои муқоиса, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия (ки пойтахт нест), метро ҳаст, трамвай ҳаст, троллейбус ҳаст, автобус ҳаст, минибус ҳаст. Ва болои ин ҷойҳои кории дигар ҳам ҳаст, ки сокинони таҳҷоӣ маҷбур нестанд, худро аз бекорӣ пушти чамбараки автобусу троллейбус бизананд.

Дар Душанбеи мо мехоҳанд, аз ҳамон 3 навъи нақлиёти ҷамъиятӣ якеро ихтисор кунанд. Худо накунад, вале рафту чунин шуд, роҳи 40 дақиқаиро дар 80 дақиқа тай хоҳем кард.

То корхонаҳо набошад, ин мушкил ҳалношуда боқӣ хоҳад монд. Фаразан агар як сокин дар коргоҳе аз соати 8 субҳ то 17 шом кор кунад ва дар поёни моҳ 2 ё 2,5 ҳазор сомонӣ маош гирад, чаро бояд пушти рули мошин нишинаду ҳам худ нафрин шунавад ва ҳам ба дигарон нафрин фиристад?

Нест, охир, алтернатива нест. Ҷойи кор нест. Бадбахтона меъдаи махлуқони Худо танҳо бо ҳаво пур намешавад. Аз бозор бояд равғану орду биринҷу сабзиву картошкаву пиёз харид. Пиёзу картошкаву равғану биринҷу ордро ки ройгон намедиҳанд. Ҷойи кор офаред, то масъалаи нақлиёти пойтахт ба таври табиӣ ҳал шавад, на бо ҷаримаву маҳрум сохтан аз ронандагӣ.

Навиштаи мазкур андешаҳои хабарнигор аст ва Радиои Озодӣ ба хотири гуногунандешӣ онро нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG