Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти мардум нозирони милисаи Душанберо ба хиёбонҳо баровард.ВИДЕО


Пулиси Душанбе мегӯяд, дар пайи норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи нақлиёт дар пойтахт, садҳо ронандаро ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Мақомот гуфтанд, қонуншиканӣ бахусус дар миёни мусофиркашонҳо зиёд аст ва ронандагон ҳатто баъди ҷазо гирифтан ҳам қоидаҳоро дубора нақз мекунанд. Ронандагон бошанд ба ин розӣ нестанд ва мегӯянд, вазъашон ба онҷо расидааст, ки маҷбуранд баъзе қоидаҳоро вайрон кунанд, дар акси ҳол наметавонанд "ба хона нон бибаранд".

Мушкили нақлиёт дар Душанбе рӯзи 19-уми феврал баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва мақомоти пулиси пойтахт ба миён овард. Аз ҷумла, хабарнигорон аз вазъи нақлиёт дар пойтахт интиқод карданд, ки ба гуфтаи онҳо бадттар мешавад. Аммо мақомоти пулис гуфтанд, ба ин интиқодҳо розӣ нестанд ва вазъ ба он дараҷае нест, ки рӯзноманигорон фикр мекунанд.

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, дар бахши нақлиёти пойтахт камбудиҳо ҳастанд ва талош доранд ин мушкилиҳо марҳила ба марҳила ҳал шаванд.

Ба гуфтаи Назарзода, дар соли гузашта теъдоди садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахт 27 адад коҳиш ёфт, ки ин аз беҳтар шудани ҳолати ҳаракат дар роҳҳои пойтахт гувоҳӣ медиҳад. Сардори пулиси Душанбе барои мушоҳидаи вазъи феълии роҳу нақлиёти пойтахт рӯзноманигоронро ба амалиёти "Пиёдароҳ"-и БДА ҷалб кард.

Вазъи роҳҳо -- муҷозоти ронанда, саркашии мусофир ва "шикор"-и пулис
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

"Ака, ягонҷода манъ кун"

Мушкили роҳу нақлиёт аз дардисарҳои аслии Душанбе гуфта мешавад, ки давоми солҳои истиқлолият роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Ҳамеша ин бахши кори шаҳрдорӣ мавриди интиқоди сокинон ва расонаҳо қарор дорад.

Мушоҳидаҳои якрӯзаи хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо кормандони БДА дар роҳҳои Душанбе нишон дод, ки нақзи қоидаҳои роҳ ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Ронандаеро, ки пулис барои дар болои хати роҳ истодан боздошт, аллакай ҳуҷҷатҳояш барои айни қонуншиканӣ дар шӯъбаи БДА буд.

Амонулло Раҳимов, як ронандаи мусофиркаш гуфт, бо талаби мусофирон маҷбур аст, ки дар ҷойи манъшуда истад, то мизоҷон аз худрав пойин шаванд. "Агар наистем, мусофирон ҷанҷол мекунанд",--гуфт Раҳимов.

Ҳангоми сабти мо мусофиркашонҳо барои гирифтани мизоҷон берун аз истгоҳ манъ намекарданд. Аммо бо каме дур шудани мо аз он ҷой аллакай вазъ ба ҳолати аввала бармегашт. Сокиноне, ки дар канораи роҳ мусофиркашонҳоро бо ишораи даст манъ мекарданд, баъзеашон гуфтанд, ҳатто фикр намекунанд, ки ин амал ғайриқонунӣ бошанд.

Дар Душанбе ин ақида то ҳол роиҷ аст, ки истгоҳ танҳо барои троллейбус ва автобусҳо муқаррар шудааст. Дар миёни сокинони канори роҳ нафароне ҳам буданд, ки манъ будани истодани мусофирбарро берун аз истгоҳ медонистанд. Аммо мегӯянд, ба ин ҳол дигар одат кардаанд.

Алламурод Бергалиев, донишҷӯ аз Туркманистон, ки ду сол дар Душанбе таҳсил мекунад, ҳангоми дар роҳгузар будани мо аз микроавтобус берун шуд. Аз ӯ пурсидем, ки чаро дар миёнаи роҳ мусофиркашро манъ кард.

Ӯ бо забони шикастаи тоҷикӣ гуфт, ба ронанда "ягонҷода манъ кун" гуфтам, ронанда дар ҳаминҷо истод. "Ин қонуншиканӣ аст, ман медонам. Аммо бинед, дар инҷо одамон зиёде аз нақлиёт мефароянд",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Алламурод аз қоидаҳои кишвараш Туркманистон ёд карда мегӯяд, дар онҷо барои ин амал ронанда ҷарима мешаванд. Дар Тоҷикистон аз рӯи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ берун аз истгоҳ гирифтани мусофир қонуншиканӣ аст, аммо танҳо ронанда барои ин кор ҷарима мешавад.

"Агар мусофири зиёд нагирем, хароҷотро намепӯшонад"

Ду қоидавайрокунии аслӣ дар роҳҳои Душанбе бахусус миёни мусофиркашонҳо ин берун аз истгоҳ манъ кардани нақлиётҳо ва аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон мебошад. Махсусан мушкили дуввум хеле густурда аст ва пайдо кардани мусофирбаре, ки аз меъёр зиёд мизоҷ нагирад, тақрибан ғайримумкин аст. Ронандагон барои ин амали худ, ки мақомот онро қоидавайронкунӣ мехонанд, далел доранд.

Акбар Домуллоев, ронандаи 24-солаи мусофирбаре дар пойтахт гуфт, маҷбур аст барои рӯйпуш кардани хароҷоти худ аз меъёр зиёд мусофир гирад. Сӯҳбати мо бо ин ронанда дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ аз тарафи кормандони БДА барои ин амалаш ҷарима мешуд.

Акбар Домуллоев, ки зоҳиран ин муҷозоти нахустинаш барои ин кор набуд, ҷаримаи пулисро бо оромӣ қабул кард. Ӯ гуфт, "ҳама ронандаҳо ҳаминхел одам зиёд мегиранд. Агар ин корро накунем, хароҷоти худро пӯшонда наметавонем. Сӯзишворӣ қиммат аст".

Аммо дар зиёд будани мусофирон зоҳиран танҳо ронандагон муқассир нестанд. Чун дар лаҳзае, ки корманди БДА мусофиркашеро барои зиёд будани одамон санад мекард, зане бо вуҷуди ҷой набудан дар худрав талош кард худро дохили мошин кунад. Мусофирон мегӯянд, бояд саривақт ба ҷойи зарурӣ бирасанд ва агар мусофирбари баъдиро мунтазир шаванд он ё дер меояд ё он ҳам пури одам аст. Ба гуфтаи мусофирон, ёфтани мусофирбари холӣ хеле мушкил аст.

"Ҷарима роҳи ҳал аст?"

Зимнан, мақомоти пулис барои ҳалли мушкили роҳу нақлиёт дар пойтахт бештар аз муҷозот кор мегирад. Огоҳони соҳа мегӯянд, бо муҷозот мушкил ҳал намешавад ва бояд ба дарди дили ронандагон, бахусус мусофирбарҳо низ гӯш дод.

Бахусус вақте ронанда дигар илоҷе ба ҷуз аз нақзи қоидаи роҳ надорад, ӯро на ҷарима, балки кӯмак кард то дубора даст ба ин амал назанад. Ин кӯмак ба гуфтаи мутахассисон, бештар бо додани ягон имтиёз ба мусофирбарҳо аст, ки тавонанд барои зиёд гирифтани мусофир маҷбур нашаванд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG