Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазир ба ҷои президент ба Бадахшон рафт


Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи вазорату идораҳои кишвар ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон рафтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар субҳи рӯзи 12 ноябр дар раъси як ҳайати мақомоти кишвар ба шаҳри Хоруғ рафтааст. Ба гуфтаи манбаъ, оқои Расулзода дар ин сафар дар маросими баҳрабардории чанд иншооти муҳим барои сокинони маркази Бадахшон ширкат мекунад. Ҳамчунин мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон бо фаъолони Бадахшон дар маркази шаҳри Хоруғ дар назар аст.

Қарор буд, дар моҳи ҷорӣ сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ба Бадахшон сурат бигирад. Аммо ахиран маълум гардид, ки сафари раиси ҷумҳур ҳамроҳ бо раҳбари исмоилиёни ҷаҳон моҳи майи соли оянда сурат мегирад. Ба ин далел гуфта мешавад, ин сафар ба маркази вилояти Бадахшон ба дӯши Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гузошта шуд ва ӯро вазирони маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳатто мақомоти сохторҳои қудратӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, чоршанбеи 12 ноябр зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон рафтааст.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир дар тирамоҳи соли 2013 ва ба дунболи ҳодисаҳои хунини тобистони ҳамон сол ба шаҳри Хоруғ сафар карда буд. Генерал Абдулло Назаров, раҳбари вақти Раёсати Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, рӯзи 21-уми июли 2012 ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи гурӯҳи номаълум қарор гирифт ва ба ҳалокат расид. Ба дунбол, дар таърихи 24 июл нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ амалиётеро роҳандозӣ намуданд, ки тибқи иттилои расмӣ даҳҳо нафар кушта шуданд

Дар 21 моҳи май соли ҷорӣ низ дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуд ва 4 тани дигар захм бардоштанд. Баъд аз ин ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти маъмурони ОМОН ба назди бинои раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситониро оташ заданд. Дар як ҳодисаи дигар дар шаби 23 май дар назди бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон боз як нафар куштаву ду тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG