Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони шаҳри Душанберо, дар ин шабу рӯз, каме поин шудани нархи баъзе маҳсулоти кишоварзӣ хушҳол кардааст. Аз тарафи дигар онҳо аз он нигарнанд, ки дигар маҳсулоти аслӣ, ки ҳоло ҳам дар бозорҳо баланд аст давоми сол арзон намешавад.

Абдунабӣ, як харидор, ки бо вай дар бозори Деҳқони пойтахт вохӯрдем, мегӯяд нархи маҳсулоти хӯрока имсол аз солҳои қаблӣ фарқи зиёд дорад.

“Тарбузу харбуза арзоншуда истодааст нағз. Помидор камтар, дигар ҳеҷ чиз арзон нашудааст. Бодиринг дар ид то 50 дирам шуда буд, ҳоло 2 сомонӣ. Пиёзу картошка бояд арзон шавад. Одамро зиндагияш ҳамин аст” гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ

Ба фарқ аз як моҳи пеш нархи баъзе маҳсулоти хурока дар бозорҳо каме поин шудаанд. Масалан килои помидор, ки дар Рамазон то 7 сомонӣ буд, ҳоло то 2,5 сомонӣ поин шудааст. Мевагӣ, сабзавот ва полезӣ ҳам, ки мавсими ҷамъоварияшон аст, арзон шудааст. Дар бозорҳои пойтахт як тарбуз аз 3 то 10 сомонӣ ва харбуза аз 3 то 8-10 сомонӣ вобаста ба ҳаҷми он фурӯхта мешавад.

Нархи картошка, пиёз ва сабзӣ ки аз маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум ба ҳисоб меравад, ҳамоно гарон аст. Ҳарчанд килои картошкаро дар растаҳои захираҳои бозор 3,5 сомонӣ мефурушанд, вале савдогарони инфиродӣ ин маҳсулотро аз 4.5 сомонӣ як дирам ҳам кам намекунанд.

Як зани тақрибан 50-сола, ки дар бозори Деҳқон харид мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Пиёзҳои хеле майдаро 2,5 -3 сомонӣ килояшро мегирем. Дар инҷо фурӯшандаҳо гунаҳкор нестанд. Нарх аз боло қимат мешавад.”

Масъулони бозорҳо сабаби аслии гаронии нархи маҳсулотро ба ҳосили ками имсола рабт медиҳанд. Мастон Шарифов, муовини бозори “Деҳқон” рӯзи 6-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо истеҳсолкунандагони ватанӣ шартномаҳои мустақим доранд ва тавонистанд, то ҳадде аз баландшавии нархҳо пешгирӣ кунанд, вале ба гуфтаи Шарифов номусоидии боду ҳаво ва кам шудани воридоти он аз хориҷ боиси баланд шудани нарх гашт.

“Нисбати соли гузашта воридот камакак коҳиш ёфтааст, дуввум, ин ки баҳор дер омад. Севвум ин ки ҳосили ин маҳсулот нисбати соли гузашта кам шудааст” -гуфт ӯ.

Иқтисоддонон мегӯянд, имсол сабаби поин нашудани нархи хӯрока дар бозорҳо аз як тараф кам шудани ҳосили он бошад, омили дигар ноамнӣ дар кишвари ҳамсоя Афғонистон аст, ки воридоти меваву картошкаро ба кишвар коҳиш дод. Ягона маҳсулоти мавсимии фаровон ва ҳам арзон маҳсулоти полезӣ ба мисли пиёзу кашнизи сабз аст, ки дар бозорҳо ва ҳам дар назди биноҳо бо нархҳои дастрас фурӯхта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG