Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Э.Раҳмон ба як интихоботи "демократӣ ва озоду шаффоф" (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори "ба таври демократӣ ва озоду шаффоф" баргузор кардани интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2015 шуд ва гуфт, имкони баргузории чунин интихоботи озод дар кишвараш вуҷуд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр дар "Кохи Борбад" дар суханрониаш ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосӣ хостори "ба таври демократӣ ва озоду шаффоф" баргузор кардани интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2015 дар Тоҷикистон шуд. Оқои Раҳмон гуфт, "ҳоло барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, ин чорабинии муҳимми сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад."

Раисиҷумҳур бо таъкид ба ислоҳои қонуни интихобот ва аз ҷумла 50 дарсад кам кардани пули гарав барои номзадҳо гуфт, "меъёри мазкур ба номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабукӣ оварда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар интихоботи навбатӣ фаъолтар иштирок намоянд ва барои ноил шудан ба мақоми вакилӣ дар фазои демокративу баробар талош варзанд. Чунонки борҳо хотирнишон кардаам, мо ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошем, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад."

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ӯву ҳукуматаш "ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад... Ман ба ҳамаи сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медиҳам, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парламентӣ, мақомоти намоядагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамаи шароити заруриро муҳайё намоянд."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ ҳамчунин бо тавсиф аз фаъолияти 516 номгӯи рӯзномаву маҷалла, бо шумули 307 расонаи ғайридавлатӣ, ва 11 хабаргузориву 68 шабакаи радиову телевизионии низ аксаран хусусӣ дар Тоҷикистон гуфт, "ин рақамҳо нишонаи равшану возеҳи озодии сухан ва воситаҳои ахбори умум мебошад, ки Конститутсия кафолат додааст."

Э.Раҳмон: Пояҳои давлатдории моро Қонуни асосӣ гузошт

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 ноябр зимни суханронӣ ба муносибати 20-умин солгарди қабули Қонуни асосии ин кишвар, дар толори “Кохи Борбад” ин санадро барои давлату давлатдории миллати тоҷик пураҳамият тавсиф кард. Ӯ гуфт, “маҳз бо шарофати қабули Қонуни Асосӣ, тоҷикон ба марҳалаи нави давлатдорӣ ва созандагӣ дар ҷаҳони муосир қадам гузошта, дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор шуданд.”

Ба ақидаи оқои Раҳмон, ин санад бақои миллати тоҷикро таъмин кард ва роҳро рушду нумуъи Тоҷикистони навин ҳамвор намуд.

Маҷлиси ботантана ба муносибати 20 – умин солгарди қаблуи Қонуни асосии Тоҷикистон дар “Кохи Борбад” бо ширкати аъзои ҳукумат, масъулону вакилони порлумон ва раҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар доир шуд.

Баъди анҷоми ҷаласа хабарнигори Озодӣ назаре чанде аз иштироккунандагонашро пурсид.

Ҷаласаи бахшида ба 20-солагии Қонуни асосӣ дар "Кохи Борбад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

20 соли пеш дар таърихи 6 ноябри соли 1994 Қонуни асосии Тоҷикистон дар ҳоле аз тариқи раъйпурсӣ қабул шуд, ки дар кишвар ҷанги хунини шаҳрвандӣ идома дошт ва то 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар ғурбат қарор доштанд. Қонуни асосӣ ду маротиба - дар солҳои 1999 ва 2003 – боз ҳам аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ислоҳ шуд. Ин ислоҳот аз ҷумла имкон дод, ки замони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 раёсати Тоҷикистонро дар даст дорад, дастикам то соли 2020 тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG