Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Минск рафт


Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба манзури ширкат дар ду нишасти сарони кишварҳои пасошӯравӣ ба шаҳри Минск, пойтахти Беларус сафар кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 9 октябр барои ширкат дар нишастҳои сарони Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕвразЭС) ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард. Ин сафар дар пасманзари даъватҳо ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тақвияти тадобири амниятӣ дар посгоҳҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки дар фурудгоҳи Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент Бахтиёр Худоёрзода гусел кардаанд. Бино бар ин манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар масоили байналмилалӣ Эркинхон Раҳматуллозода, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзода "ва дигар шахсони расмӣ" ҳамроҳӣ мекунанд.

Интизор меравад, дар нишасти Минск созмони ЕвразЭС расман пароканда карда шавад. Ба ҷои он аз 1 январи соли 2015 Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё рӯи кор меояд. Аммо ин созмони ҷадид дар ҳоли ҳозир танҳо Русияву Беларус ва Қазоқистонро фаро гирифта, боқӣ аъзои ЕвразЭС - Арманистону Тоҷикистон ва Қирғизистон - аз он берун мондаанд.

Ҳамин тавр, дар Минск масъалаи интихоби шаҳрҳои Воронежи Русия ва Кӯлоби Тоҷикистон ба ҳайси "пойтахти фарҳангӣ"-и СНГ дар соли 2015 баррасӣ хоҳад шуд. Нишасти сарони кишварҳои пасошӯравӣ дар пойтахти Беларус рӯзи 10 октябр доир мешавад.

XS
SM
MD
LG