Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сафари президент Раҳмон ба Минскро "ширкат дар ҷаласаҳои сарони кишварҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" унвон кард.
Дар назар аст дар ин вохӯрӣ масъалаи мубориза бар зиди ҷинояткорӣ дар қаламрави кишварҳои ИДМ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва омодагӣ барои 70-солагии ҷашни Ғалаба матраҳ шавад.
Ба таъкиди ин манбаъ раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири умури сиёсати хорҷии раиси ҷумҳур, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қарор аст имрӯз ва пагоҳ дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, нишасти сарони кишварҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардад.
Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.