Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Дар ҷанги Тоҷикистон 157 000 нафар кушта шуданд


Э.Раҳмон зимни назорати тамрини нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар Маскав. 8 май
Э.Раҳмон зимни назорати тамрини нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар Маскав. 8 май

​Раисиҷумҳури Тоҷикистон бори аввал дар бора и бӯҳрони Украаина сӯҳбат карда, гуфтааст, Душанбе "тарафдори бо роҳҳои осоишта - тавассути муколама ва музокирот - ҳал кардани бӯҳрони Украина" мебошад.

​Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нахустин бор аз замони оғози бӯҳрони Украина дар бораи вазъи ин кишвари пасошӯравӣ изҳори назар карда, гуфтааст, Душанбе "тарафдори бо роҳҳои осоишта - тавассути муколама ва музокирот - ҳал кардани бӯҳрони Украина" мебошад. Kremlin.ru - сомонаи расмии президенти Русия матни комили суханрониҳои раҳбарони 5 кишвари пасошӯравӣ дар нишасти ғайрирасмии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро, ки рӯзи 8 май дар Маскав доир шуд, нашр кард.

Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 30 дарсади суханрониаш дар ин нишастро ба масъалаи Украина бахшида, гуфтааст: "Бӯҳрони Украина, ҳамчунин вазъ дар манотиқи Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ ва манотиқи ҳаммарз бо СПАД, бидуни шубҳа, ба суботи минтақа ва ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.

Мо амиқан нигарони рӯйдодҳои кунунӣ дар ин кишвари пасошӯравием. Барои мо чунин таҳаввули ҳодисот ошност. Тоҷикистон дар марҳалаи ибтидоии истиқрори истиқлоли давлатиаш, дар авоили солҳои 90, мухолифатҳои сиёсии дохилӣ ва баъдан низои мусаллаҳонаеро, ки барои кишвар паёмадҳои сангинтарини иҷтимоиву иқтисодӣ ва башарӣ дошт, аз сар гузарондааст. Ин воқеъиятҳои таърихи талхи начандон дури мардуми мо - ҷанги шаҳрвандии вазнини Тоҷикистон, ки ҷони беш аз 157 000 нафарро гирифт ва қариб 10 миллиард доллар зиён овард - ёдоварие аз осебпазирии сулҳи гражданӣ ва ҳамчунин ёдоварие аз зарурати иродаи сиёсии қавӣ ва харҷи талошҳои зиёд барои ваҳдати ҷомиа, расидан ба сулу ризоияти умумӣ ва осудагӣ дар кишвар мебошанд.

Имрӯз, ба назари мо, дар амри идрок ва баҳогузории равандҳое, ки дар Украина мегузаранд, муҳим ин аст, ки ба мухолифати мусаллаҳона ва рӯёрӯиҳои зӯроварона роҳ надиҳанд. Мо тарафдори бо роҳҳои осоишта - аз тариқи муколама ва музокирот - ҳал кардани бӯҳрони кунунии Украина мебошем."


То кунун аз раҳбарони Тоҷикистон танҳо вазири хориҷааш Сироҷиддин Аслов дар моҳи март ва он ҳам дар Маскав дар бораи бӯҳрони Украина изҳори назар карда, низ бо ёдоварӣ аз таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хостори ҳалли бӯҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез шуда буд.

Ваъдаҳои СПАД куҷо шуд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ хост, то ба ваъдаи худ ҷиҳати кумак ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон вафо кунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) - Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон - ба Маскав рафт, аз ин слзмон даъват кард, то ваъдаҳояш ҷиҳати кумак ба таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистонро иҷро кунад.

Бар хилофи нишастҳои қаблӣ, дар нишасти рӯзи 8 май раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат надошт.

Бино ба гузориши Интерфакс, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишасти ғайрирасмӣ дар Маскав гуфтааст, СПАД ҳанӯз дар сентябри соли 2013 ҷиҳати таҳкими моддиву фаннии ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор карда буд ва ин ёриҳо "бояд тавассути СПАД дар зарфи 3 моҳ расонда мешуд." Вале, афзудааст оқои Раҳмон, "то имрӯз ин ҳама иҷро нашудааст. Вазъи Афғонистон мояи хушбинии зиёд нест. Мо қарорҳои хеле ҷиддие қабул кардем ва онҳо бояд иҷро шаванд." Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад.

Тавофуқ дар мавриди кумак ба таҳкими ҳифозати марзҳои Тоҷикистону Афғонистон аз ҷумлаи қарорҳое буд, ки дар нишасти рӯзи 23 сентябри Шӯрои сарони кишварҳои узви СПАД дар Сочии Русия эълон шуд. Раисиҷумҳури Русия ва мизбони нишаст Владимир Путин баъди он ҳамоиш гуфт, "тамоми сенарияҳои рушди вазъият ба назар гирифта шуда, "тадобири пешгирикунанда андешида мешаванд. Мо ба Тоҷикистон барои таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон кумаки изофии муштарак мерсонем. Ҳамчунин ҷиҳати таҳияи барномаи вижа барои муҷаҳҳаз гардондани ин қисмати марз тавофуқ кардем."

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа низ баъди анҷоми нишасти сарон ба хабарнигорон гуфт, кумакҳо барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ду самт ироа хоҳанд шуд: "Якум, ироаи кумакҳои оҷил ба Тоҷикистон дар амри таъмини марзбонон бо заруртарин чизоҳе, ки барои боло бурдани сатҳи ҳифозати марзҳо лозим доранд. Ва дувум, таъсиси барномаи байнидавлатии таҷҳизоти инженериву фаннии марз бо Афғонистон, ки марзи берунии тамоми кишварҳои узви СПАД аст. Ва аз вазъи он амнияти тамоми ин кишварҳо вобаста аст."

Аммо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май дар Маскав гуфт, то ҳол ин кумакҳо ба дасти Тоҷикистон нарасидаанд.

Сояи Украина - болои нишасти 5 раҳбар дар Маскав

Аляксандр Лукашенка дар ҷараёни машқҳои артиши Русия
Аляксандр Лукашенка дар ҷараёни машқҳои артиши Русия
Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар нишасти ғайрирасмии сарони СПАД гуфтааст, "рӯйдодҳои Украина моро дар канор гузошта наметавонанд." Лукашенка гуфтааст, ҳаводиси Украина нишон дод, ки таъсиси СПАД дар вақташ "тасмими дуруст" будааст. Ба ақидаи Лукашенка, ки хабаргузории ИТАР-ТАСС нақли қавл кардааст, имрӯз Русия аз ҷумла бо кумаки кишварҳои узви СПАД хоҳад тавонист, ки оқибатҳои таҳримоти байналмилалиро рафъ кунад: "Агар Русия чизе надошта бошад, аз кишварҳои мо хоҳад гирифт. Мо бояд дар ҳар ҳолат тоб биорем. Мо бояд китф ба китф пеш биравем. Илоҷи дигар ҳам надорем. Дар танҳоӣ, моро мисли Украина мекунанд."

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ гуфт, ки рӯйдодҳои Украина барои онҳо бефарқ нест. Путин бо ёдоварӣ аз мулоқоти рӯзи 7 майаш бо раҳбари кунунии САҲА - президенти Швейтсария Дидйе Бурхалтер гуфт, дар ин дидор тавофуқоти пиромуни роҳҳалҳои бӯҳрони Украина ҳосил шуд ва "мо қасд дорем, ки дар чорчӯби ин тавофуқот амал кунем."
Меҳмонони Путин дар ҷараёни машқҳои артиши Русия
Меҳмонони Путин дар ҷараёни машқҳои артиши Русия
Путин ва меҳмононаш - раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон - ҳамчунин дар як тамрини низоми идории артиши Русия ширкат кардаанд. Путин баъди ин машқҳо бо тавсиф аз сатҳи омодагии нирӯҳои мусаллаҳи Русия, артиши кишварашро кафили истиқлол ва якпорчагии нафақат Русия номид, балки гуфт, артиши Русия "дар таъмини амнияти минтақа низ нақши муҳимеро бозӣ мекунанд."

Дар Киев ва дар Ғарб бар ин назаранд, ки дар ошӯбҳои ахири Украина нирӯҳои низомии Русия даст доранд ва ҷудоиталабони мусаллаҳ дар шарқи Украина аз сӯи Маскав ҳимоят ва ҳидоят мешаванд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 8 май ар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Маскав рафт.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар оқои Раҳмонро ёвари президент оид ба масоили равобити байналмилалӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Интизор меравад, дар дидори имрӯзи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбарони чанд кишвари пасошӯравӣ, бо шумули Эмомалӣ Раҳмон, дар Маскав вазъи Украина баррасӣ шавад. Сухангӯи Путин Дмитрий Песков рӯзи 7 май ба "Интерфакс" хабар дод, ки вазъи Украина дар баробари вазъи равобити дуҷониба яке аз масоили асосии мулоқоти раисиҷумҳури Русия бо раҳбарони кишварҳои СНГ дар Маскав хоҳад шуд.
Машқи ратиши Русия дар ҳузури 5 раҳбари пасошӯравӣ
Машқи ратиши Русия дар ҳузури 5 раҳбари пасошӯравӣ
​Қарор аст, имрӯз, дар ҳошияи тантанаҳои бахшида ба солгарди 69-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Маскав раҳбарони чанд кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон мулоқот кунанд.
Дафтари матбуоти Кремл мегӯяд, “дар чорчӯби ин чорабинӣ ҳузури раҳбарони СНГ дар як машқи тарзи идораи нирӯҳои мусаллаҳи Русия ба нақша гирифта шудааст.”

Раҳбарони кишварҳои пасошӯравии рӯ ба Маскав маъмулан дар ҳар Иди Ғалаба дар Маскав гирди ҳам меоянд, вале дидори имсолаи онҳо дар ҳоле баргузор мешавад, ки Русия ду моҳ пеш вилояти Қрими Украинаро тасарруф кард ва ҳоло ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина сар боло кардаанд.

Нишасти Маскав як рӯз баъд аз гашти ғайриинтизори Путин доир мешавад. Путин рӯзи 7 май аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина даъват кард, то раъйпурсиҳои ба рӯзи 11 май таъиншуда дар бораи мустақилияти вилоятҳои умдатан русзабони Донетску Луҳанскро ба таъхир андозанд. Путин ҳамин тавр, ба таври ғайриинтизор, интихоботи рӯзи 25 майи президентии Украинаро "қадаме аз роҳи дуруст" номид.

Кохи Сафед дар нахустин вокуниш ба ин изҳороти раисиҷумҳури Русия гуфт, райъпурсиҳои ҷудоиталабон дар шарқи Украина бояд комилан лағв шаванд, на инки танҳо ба таъхир гузошта шаванд.
XS
SM
MD
LG