Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабл аз зуҳри 8-уми июн дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати ширкат дар ҳафтдаҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ба Остона -- пойтахти Қазоқистон сафар кард.
Ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ, вазири энержӣ ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва дигарон, ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон роҷеъ ба барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон шарҳи бештаре дода нашудааст. Вале интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст суханронӣ намояд ва дар ҳошияи ин симмат, бо бо сарони бархе аз кишварҳои узви ин созмон мулоқоту гуфтугӯ кунад.
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) интизор меравад, Ҳиндустону Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмони мазкур пазируфта шаванд. Дар саммити СҲШ дар Тошканд моҳи июни соли 2016 президенти Русия Владимир Путин гуфт, умедвор аст, Ҳиндустону Покистон дар саммити навбатии СҲШ узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳанд шуд.
СҲШ соли 2001 таъсис шуда ва дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Чину Русия узви ин созмон ҳастанд. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон ва Эрон мақоми нозирро соҳибанд. Саммити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Остона имрӯз, 8-уми июн оғоз мешавад.
Az kujo efted on Hadisro? Az kodeksi mvd e aparati prezident? In mvd va milisa sazovori bihisht boshand , yagon odami pok ba on jo havas namekunad digar. Albat az Avangard, e pekhotai hukumati boshed, e pioneri benom.
Ofarin Janobi Oli, pora vernut’ svoi zemli, kirgizi prishli v eti mesta 300-400 let nazad iz Gornogo Altai ya i sever mongolii , oni sami znayut svoyu istoriyu, a tadjiki tut jili 1000 letiyami,
Har guna hamkori bo Tolibon va doish in Hienat ba vatan va millat hast. 15 sol kam hast baroi dushmani ba millat. Dar natijai in hamlai Tolibon,zied az sarbozoni hukumati kushta shudand, ki hamaashon az millati tojik budaand. toliboni pokiston az jangi tojikkushi pul megirand. Ajoib , in si hazori inho ba kisai ki raft, sud e prokuror e shakhsi nomalum.
ту вокеан барзагов будаи уро касе паёмбра нагуфтааст наузубиллох ва хам намегуянд аммо вориси Паёмбар (с) мегуян ва эхтиром мекунанд, танхо хамон нафароне, ки мухаббати Паёмбар ва асхоби уро доранд. касе паёмбар
Салом Худои мехрубон рахматашон куна мардум наход марги одама Шумо ба сиёсату ба гайбатгона табдил дихед хами домулло кадом Шумода гандаги кардай