Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7800 имзо аз Бадахшон барои Эмомалӣ Раҳмон


Созмони ҷавонони Бадахшон ба тарафдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон 7800 имзо супурдааст. Мухолифин мегӯянд, барои Бобоназарова низ аз ин вилоят то 8000 имзо ҷамъ хоҳанд овард.

Як манбаъ дар мақомоти вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки «нақша»-и ҷамъоварии овоз ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар Бадашон анҷом шуда, ба ҷонибдорӣ аз номзад 7800 интихобкунанда имзо гузоштааст. Ин маъбаъ афзуд, ки имзоро созмони иҷтимоии бахши вилоятии кор бо ҷавонон ҷамъоварӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, имзо ба ҷонибдории президенти кунунӣ мутаносибан аз рӯи фоизи интихобкунандагон дар шаҳру навоҳӣ сурат гирифта, аз интихобкунандагони вилоят ҳамин миқдори имзо ба ҷонибдорӣ аз президенти кунунӣ тақозо шуда буд.

Аз раиси кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Руслан Шадиков пурсидам, ки чаро иттифоқи ҷавонон ба 7800 имзо ба ҷонибдорӣ аз номзадашон иктифо кард, дар ҳоле ки шояд имконияти ҷамъоварии имзои бештар ба ҷонибдори ин номзад вуҷуд дошт? Оқои Шадиков мавҷудияти ҳар гуна нақшаро дар ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон рад намуда гуфт, ки ташкилотҳои ибтидоии иттифоқ танҳо марҳилаи аввали ҷамъоварии имзоро ба ҷонибдории номзади Созмони Ҷавонони Тоҷикистон анҷом доданд ва пас аз баргузории Анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократӣ имкон дорад, ки имзои бештаре ҷамъ кунанд.

Руслан Шадиков: 7800 ҷавон аз Раҳмон тарафдорӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи раиси куммиссиюни ҳавзаи интихоботии Хоруғ Бибигул Ҷумъаева, ба ғайр аз намояндагони гурӯҳҳои ташаббускори ҳизби ҳоким, ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) ва ҳизби коммунист, гурӯҳҳои ташаббускори дигар аҳзоби сиёсӣ, ки алакай номзади худро ба президентӣ пешниҳод кардаанд, барои ҷамъоварии имзо дар ин шаҳр ба мақомот муроҷиат накардаанд.

Дар Бадахшон низ гурӯҳи ташаббускори номзад ба президентӣ Ойниҳол Бобоназарова аз монеаҳо ва фишори мақомот дар рафти ҷамъоварии имзо шикоят мекунад.Ба гуфтаи аъзои гурӯҳи ташаббускор, онҳо раиси ноҳияи Роштқалъаро танҳо рӯзи 1-уми октябр дар утоқи кориаш пайдо карда ва имзои ӯро дар имзоварақаҳо гирифтаанд. Қаблан муовини раиси ноҳия ба гурӯҳи ташаббускор гуфтааст, ки онҳо ба ҷустуҷӯи раис худро овора насозанд, зеро раис ба ин коғазҳо имзо намегузорад.

Ба гуфтаи масъули бахши интихоботии ҲНИТ дар вилоят Мирсаид Шораҳматуллоев, дар натиҷаи фишори намояндагони мақомоти ноҳияи Шуғнон, як узви ҳизб, ки ба ҷамъоварии имзо дар ноҳия ба ҷонибдорӣ аз номзади иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ(ИНИТ) машғул буд, аз идомаи ширкат дар ин маъракаи ҷамъоварии имзо даст кашидааст. Ин нафар қаблан барои кор дар идораи гумрук ариза дода буд ва намояндагони мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки ҷамъовари имзо ба инки соҳиби ҷойи кор мешавад ё на таъсир хоҳад гузошт.


Узви гурӯҳи ташаббускори номзад ба президентӣ аз ҷониби ИНИТ Алим Шерзамонов то ба ҳол аз худ дарак надодани аҳзоби дигари сиёсиро дар минтақа дар ҷараёни ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо ба он вобаста медонад, ки агарчанде ин аҳзоб дар фазои сиёсии кишвар нақши камранг доранд, аммо мақомот барои ин аҳзоби кисагӣ худаш “имзо ҷамъ карда медиҳад.”

Аъзои ситоди номзад аз ИНИТ дар Хоруғ мегӯянд, агарчанде фурсат барои ҷамъовари имзо кам мондааст, вале онҳо интизор доранд, ки аз Бадахшон ҳудуди 7 ва ё 8 ҳазор имзо ба ҷонибдории Ойниҳол Бобоназарова дар вилоят ҷамъоварӣ кунанд. Яъне тақрибан баробари имзоҳое, ки ин вилоят ба Эмомалӣ Раҳмон додааст.
XS
SM
MD
LG