Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди пулис барои сӯҳбати телефонӣ ҳини сафари Э.Раҳмон муҷозот мешавад


Канвар Пал, як корманди пулиси Деҳлӣ, барои "саҳлангорӣ" ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – ба Ҳинд дар оғози моҳи декабри имсол муҷозот хоҳад шуд. Рӯзномаи The Indian Express бо такя ба манобеи худ навишт, корманди пулис ба ҷойи онки тамоми ҳушу ёди худро барои ҳифзи амният ба кор барад, ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон бо сӯҳбати телефонӣ бо ҳамсараш банд будааст.

Моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон ҳавопаймои ӯро шаш ҷангандаи навъи JF-17-и Покистон ҳамроҳӣ мекарданд.

"Ҳоло нисбат ба ин корманди пулис аз чораҳои идорӣ кор гирифта хоҳад шуд", - таъкид кардааст нашрия. Мақомоти пулиси Ҳинд шарҳ надодаанд, ки чораҳои идорӣ аз чӣ ҷазое иборат аст. Аммо рӯзнома аз қавли раҳбари яке аз шӯъбаҳои пулис бо номи М.С Рандава гуфтааст, дар ҳоли ҳозир таҳқиқот нисбат ба ин корманди пулис оғоз шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд
Эмомалӣ Раҳмон бо Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд

Тибқи ин хабар, Анто Алфонсе, ки дар вақти сафари президенти Тоҷикистон масъули тартиботи амниятӣ будааст, амри таҳқиқоти рафтори ин ходими пулисро содир кардааст. "Ҳамаи ҳайати пулис аз ноҳияи марказӣ дар соати 7:00 даъват шуда буданд. Қарор буд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соати 10:30 биояд", - гуфтааст як манбаи пулис. Ба қавли ӯ, Канвар Пал ҳам ба наздикиҳои минтақаи Раҷғат эъзом шуда буд ва соати 9:15 масъули амният Анто Алфонсе мушоҳида кардааст, ки Пал бо телефон сӯҳбат дорад.

"Мо зуд ӯро манъ кардем. Пал барои саҳлангорӣ дар адои вазифа, ба шӯъбаи пулис фиристода шуд", - гуфтааст манбаи пулис.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз 14 то 18 декабри имсол бо сафари давлатӣ дар Ҳинд қарор дошт. Дар ин сафар оқои Раҳмон бо президент, нахуствазир ва мақомҳои дигари Ҳинд гуфтугӯ карда, масоили ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Ҳангоми сафари раҳбарони кишварҳо аз тадобири шадиди аниятӣ кор гирифта мешавад. Моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон ҳавопаймои ӯро шаш ҷангандаи навъи JF-17-и Покистон ҳамроҳӣ мекарданд. Баъд аз ин сафари президенти Тоҷикистон дар шабакаи Ютуб навори камтар аз якдақиқаӣ низ пахш шуд, ки дар он гусели ҷангандаҳои ҳавоии Покистон аз ҳавопаймои раиси ҷумҳури Тоҷикистон намоиш дода мешуд. Ҳоло ин навор дар Ютуб дастрас нест.

Қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод, расонаҳои Покистон аз қавли мақомоти он кишвар навишта буданд, ки ба маҳзи ворид шудани раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии он кишвар, ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз ҳавопаймои ӯ муроқибат хоҳанд кард ва то замони фуруд онро ҳамроҳӣ хоҳанд намуд.

XS
SM
MD
LG