Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даркушоиҳо ва роҳбандиҳо дар сафари Э. Раҳмон ба Хуҷанд


Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хуҷанд
Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хуҷанд

Сокинони Хуҷанд ва Чкаловск мегӯянд, ҳар бор ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин ҷо сафар мекунад, роҳҳои асосӣ баста мешаванд ва корхонаҳои давлатӣ аз қабули шаҳрвандон худдорӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввалаи сафараш ба Хуҷанд раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонсарои "Сипеҳр"-ро боз кард, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст. Ҳамчунин дар ин шаҳр президенти Тоҷикистон корхонаи нави «Элегант»-и соҳибкор Абдулаҳад Мӯъминовро ифтитоҳ дод, ки бо тавлиди нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ машғул хоҳад буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар расми ифтитоҳи корхонаи «Таҷ-Роуд»- и бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳоба ширкат варзид, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад.

Дар ҳоле ки сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хуҷанд шурӯъ шудааст, сокинони ин шаҳр ва атрофи он дар бораи баста шудани роҳҳои асосӣ хабар додаанд. Ин хабарро шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасдиқ намуд. Он ҳамчунин мегӯяд, аз баста шудани масирҳо пешакӣ аҳолиро огоҳ кардааст.

Дар як навори видео, ки хонандаи торнамои Радиои Озодӣ фиристодааст, маркази шаҳр дар субҳи 20-уми август тасвир ёфтааст.

Огози субхи Хучанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Мақомот ба шаҳрвандон ва меҳмонони вилояти Суғд расондаанд, ки дар ин рӯз кӯчаҳои шаҳри Чкалов, роҳҳои автомобилгарди «Конибодом-Деҳмой», «Ғалламайдон-Ёва», кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров» ба самти шаҳри Қайроққум, 21 август дар кӯчаҳои шаҳри Кайрокқм, шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд», кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ то маҳаллаи 19, кӯчаи Раҳим Ҷалил, пули «Ҷашнӣ», кӯчаи Гагарин, шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров», ба самти шаҳри Қайроққум, 23 август дар кӯчаҳои шаҳри Қайроққум, шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд» ва кучаи Исмоили Сомонии шахри Хуҷанд то хиёбони Раҳмон Набиев, яъне то «Пули куҳна», 24 август кӯчаҳои шаҳри Қайроққум, шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров» ва тавассути кучаҳои шаҳри Чкалов ба самти «Фурудгоҳ» баста мешаванд.

Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳаракат аз ин кӯчаҳо ба кӯчаҳои шафат ҳидоят мешавад.

XS
SM
MD
LG