Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар Брюссел таҳдидҳо ба амнияти минтақаро матраҳ кард


Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Федерика Могеринӣ, Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Федерика Могеринӣ, Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулони Иттиҳодияи Аврупо умдатан таҳдидҳо ба амнияти минтақа, назири терроризм, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо масъулони Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссияи Аврупо умдатан таҳдидҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, назири терроризм, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 29 ноябр ҷиҳати ширкат дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тайирёбии иқлим, ба Фаронса сафар карда буд, рӯзи 1-уми декабр аз Порис озими Бюссел шуд ва бо сарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқоту гуфтугӯ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо Федерика Могеринӣ, Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, Доналд Туск, Президенти Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ва Жан Клод Юнкер, Раиси Комиссияи Аврупо дар ҳошияи мавзӯъи таъмин амнияти минтақа ба вазъияти Афғонистон ва нооромиҳои ахир дар ин кишвар ишора кардааст.

Зимнан, хуруҷи бахши аъзами неруҳои НАТО аз Афғонистон дар авохири соли гузашта ба чигунагии вазъияти амнитӣ дар ин кишвар асари ҷиддӣ гузошта ва дар соли ҷорӣ бархе аз манотиқи Афғонистон ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромадааст.

Бахусус, тасарруфи шаҳри Кундуз дар шимоли Афғонистон дар авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ аз сӯйи Толибон мақомоти Афғонистон, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва масъулони НАТО-ро ҷиддан нигарон сохта буд.

Тибқи иттилои манобеъи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, феълан шуморе аз вулусволиҳо ё навоҳӣ дар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшон таҳти назорати гурӯҳи Толибон қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террорист ва қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон, назорат бар тӯли марзҳо бо Афғонистонро тақвият мекунанд.

Дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо масъулони Иттиҳодияи Аврупо вобаста ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани тарҳҳо ва барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони тарҳҳои энержӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба нафъи ҳама мардуми минтақа аст, гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар иртибот ба масоили вобаста ба амну суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳои муосир изҳор доштаанд, ки муқовимати якҷоя алайҳи ин хатарҳо идома хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо фаъолияти механизмҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла зарурати тавсеаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо барои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва назорат аз болои маводи мухаддирро (КАДАП) воситаи хуби таҳкими муносиботи ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқотҳо рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, тарҳи тарҳи интиқоли неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқеси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, матраҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG