Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти генерали амрикоӣ бо Э.Раҳмон ва Ш.Хайруллоев


Мусоидат ба таҳкими субот дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз таҳдиди густариши терроризм дар минтақа аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико бо раҳбарони Тоҷикистон гуфта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 июл бо фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико Ллойд Остин масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахши амният ва низомӣ ва роҳҳои таъмини амнияти минтақаро мавриди баҳс қарор додааст. Ллойд Остин бо як сафари шиносоӣ аз 29 июл дар Душанбе қарор дошт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 июл ба Радиои Озодӣ хабар дод, дар ин дидор генерал Ллойд Остин III нақши Тоҷикистонро дар ҳифзи амнияти минтақавӣ муҳим номида, барои мусоидати фаъол дар амри суботу бозсозии Афғонистон изҳори ташаккур кардааст.

Ҳамчунин дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ин мақоми баландпояи низомии Амрико доир ба кумакҳои минбаъдаи моддию фаннии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои тақвияти ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014 гуфтугӯ шудааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар менависад, дар ин дидор "аз сатҳ ва муҳтавои равобит ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар, аз ҷумла доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд."

Бино бар ин манбаъ, ҳамчунин "ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои оянда таъкид доштанд."

Ба дунболи дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико Ллойд Остин бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мулоқот намуд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти ин вазорат, мавзӯи аслии ин сӯҳбат боз ҳам масъалаи таъмини амнияти Афғонистон пас хуруҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррор дар соли 2014 будааст.

Генерал Ллойд Остин, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик, рӯзи 29 июл вориди Душанбе шуда буд.

Генерал Остин рӯзи якшанбе дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот дошт ва акнун баъди дидор аз Тоҷикистон ба Узбакистон меравад.

Дар бораи натоиҷи музокироти Остин бо Карзай ҷузъиёти зиёде дастрас нест, вале дафтари раисиҷумҳури Афғонистон гуфтааст, генерал Остин аз пешрафти нирӯҳои афғон дар амри ба дасти худ гирифтани масъулиятҳои амниятӣ ситоиш кардааст. Ллойд Остин Карзайро итминон хотир дод, ки Амрико кумакҳояш ба манзури таъмини артиш ва нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро ҳамчунон идома хоҳад дод.

Кобул мегӯяд, дар баробари масоили минтақавӣ, як мавзӯъи дигари муҳими ин дидор ҷараёни таҳияи паймони амниятии дуҷонибаи Афғонистону Амрико будааст. Ҳафтае пеш генерал Мартин Демпсӣ, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико изҳори умедворӣ кард, ки ин паймон то моҳи октябр имзо шавад, то ки НАТО барои таҳияи нақшаи ҳузури минбаъдааш баъд аз хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар поёни соли 2014 фурсати кофӣ дошта бошад.

Агар ин паймон ба имзо нарасад, амалан ба маъноест, ки ягон нирӯи хориҷӣ баъд аз соли 2014 заминаи ҳуқуқии мондан дар Афғонистонро нахоҳад дошт.
Як чолиши асосие, ки генерал Ллойд Остин дар мақоми фармондеҳи ситоди марказии нирӯҳои Амрико дар рӯбарӯяш истодааст, ҳамин хоҳад буд.

Ситоди марказии нирӯҳои мусаллаҳи Амрико фармондеҳии воҳидҳои низомии он кишвар дар Аврупову Ховари Миёна, аз ҷумла дар Ироқу Афғонистонро бар ӯҳда дорад. Ллойд Остин 60 сол дошта, нахустин амрикоии африқоитабор аст, ки моҳи марти соли равон ба симати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Ҷеймс Маттисро иваз кард.

XS
SM
MD
LG