Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Ҳоло ҳифзи амният масъалаи ҳаётан муҳим аст


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар 23-юмин солгарди таъсиси артиши кишвар гуфт, ки дар замони ташаннуҷи авзоъ дар ҷаҳон "ҳифзи амнияти давлату миллат ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил шудааст".

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шароити, ба қавли ӯ, "мушкили ҷаҳон" ва "торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои динӣ" ҳифзи амнияти давлату миллатро масъалаи ҳаётан муҳим донист.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфт, "дар чунин шароит мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бояд фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд."

Оқои Раҳмон дар идома тақвияти заминаҳои моддиву техникии нерӯҳои мусаллаҳро низ зарур донист. Ӯ гуфт, "пешрафти босуръати технологияҳои муосир тақозо менамояд, ки дар доираи ислоҳоти ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мо ба омӯзиши дақиқи дастовардҳои илми муосири ҳарбӣ, ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии ҷузъу томҳои низомӣ, тағйир додани роҳу усулҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва қобилияти ҷангии Артиши миллӣ боз ҳам ҷиддитар машғул шавем."

Ин дар ҳолест, ки дар аввали моҳи феврали соли ҷорӣ Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, дар гузориши солонааш бо номи "Тавозуни низомӣ-2016" (The Military Balance 2016) Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф арзёбӣ кард.

Дар ин гузориш мехонем, "нерӯҳои хурди мусаллаҳи Тоҷикистон бештар рамзӣ буда, имконоти каме барои пешбурди амалиёти низомӣ доранд ва тақрибан тамоми таҷҳизоташ сохти Шӯравист. Дар сурати сар задани низоъ ва ё ошӯбҳои дохилии қобили мулоҳиза ин кишвар бидуни кумак ба мушкил дучор мешавад, вале узвияти Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва ҳузури нерӯҳои низомии бузург ва дар ҳоли афзоиши Русия дар Душанбе ба ин кишвар итминон медиҳад."

Гузориш мегӯяд, созишномаи соли 2014 байни Душанбеву Маскав имкони беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои низомии Русия ба навсозии артиши Тоҷикистонро фароҳам мекунад. Муаллифон марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва эҳтимоли авҷи хушунатҳоро аз мояҳои асосии нигарониҳои амниятии Тоҷикистон ном мебаранд ва мегӯянд, ба ҳамин далел, нирӯҳои бештар дар марз мустақар карда шуданд.

"Аммо бо дарназардошти заъфи умумии нерӯҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, тамрини маҳдуди нерӯҳои вижа, шумори зиёди даъватшудаҳо ва имконоти ночизи нақшагирӣ фаъолияти начандон густардаи ҷанҷӯёни марбут ба гардиши маводи мухаддир метавонад дарди сари зиёде барои нирӯҳои мусаллаҳ(и Тоҷикистон) эҷод кунаду ин нирӯҳоро ба чолиш бикашонад,"– омадааст дар гузориш.

Бо ин ҳол, бино ба гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ, Тоҷикистон аз нигоҳи таслиҳотӣ заифтарин артиш дар минтақа боқӣ мемонад.

Бар асоси омори гузориши “Тавозуни низомӣ-2016”, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нерӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ ва 7500 нерӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нерӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нерӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.

Барои муқоиса нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистони ҳамсоя аз 48 000 нерӯи артиш ва 20 ҳазор нерӯи ниманизомӣ иборат буда, артиши ин кишвар бо 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 7 тонки Т-62, 399 зиреҳпӯши навъи БМД ва БМ, 309 БТР, 2 ҳавопаймои СУ-24, 2 ҳавопаймои СУ-25 ва 5 чархболи навъи МИ мусаллаҳ мебошад.

Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, иборат аз 20 400 нерӯи низомиву ғайринизомӣ дар ихтиёри худ 150 тонки Т-72, 320 БМП, 45 БТР ва 10 чархболи МИ доштаанд.

Ҳамин тавр, артиши 33-ҳазорнафарии Туркманистон бо 650 тонки Т-72 ва 4 тонки навтарини Т-90, 1106 БМП, 870 БТР, 2 ҳавопаймои МИГ-29, як ҳавопаймои СУ-25 ва 18 чархбол мусаллаҳ буда, артиши 70-ҳазорнафарии Қазоқистон дар ихтиёраш 300 тонки Т-72, 609 БМП 10 ҳавопаймои ҷангиву тамринӣ ва 56 чархболи ҷангии навъи МИ доштааст.

Ин фарқи бузург дар сатҳи таслиҳоти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа ба даврони нооромиҳои ибтидои солҳои 90-ум бармегардад. Тоҷикистон танҳо кишвари пасошӯравист, ки ҳукумати раисиҷумҳури вақташ Раҳмон Набиев дар соли 1992 аз мероси Артиши Шӯравӣ даст кашид.

Раҳмон Набиев он замон дар шарҳи ин тасмими ҳукуматаш гуфта буд, ки Тоҷикистон чунин хароҷоти бузурги низомиро ӯҳда карда наметавонад. Дар натиҷа, дивизияи 201-уми Артиши Шӯравӣ, ки бояд баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ба ихтиёри Тоҷикистон мегузашт, ба Русия тааллуқ гирифт ва Тоҷикистон маҷбур шуд, бунёди нерӯҳои мусаллаҳашро аз сифр оғоз кунад.

XS
SM
MD
LG