Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ... бидуни варзишгарони тоҷик. ВИДЕО


Раҳмоил Забиров даҳ сол боз тамрини вазнабардорӣ мекунад. Мисли ҳар варзишгари дигар орзу ва талоши аслии Раҳмоил ҳам ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ аст.

Иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ таҷрибаи варзишгарро бой ва чашмашро боз мекунад

Вале имсол ҳам ӯ натавонист ба ин орзуяш даст ёбад ва ҳамроҳ бо ҳамтоёни дигараш дар Тоҷикистон танҳо аз тариқи телевизон метавонанд рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳонро тамошо кунад.

Ин мусобиқот рӯзи 1-уми ноябр дар пойтахти Туркманистон бидуни ҳузури варзишгарони тоҷик шуруъ шуд.

“Албатта, аламовар аст, ки дар феҳристи ширкатдорони ин мусобиқоти ҷаҳонӣ номи ҳеҷ як вазнабардори тоҷик нест. Аз он ки барои ширкати мо дар ин чемпионат Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон даст ба кор нашуд ва ба мо кумак накард, нороҳат ҳастем”, - афзуд ин варзишгар.

Вазнабардорони тоҷик аз сабқати қаҳрамонии ҷаҳон бенасиб монданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Бидуни толор ва таҷҳизоти зарурӣ

Дар шабу рӯзе, ки 800 вазнабардор аз сад кишвари дунё барои сабқат дар Туркманистон ҷамъ омадаанд, Раҳмоил ва вазнабардорони дигар дар Тоҷикистон тоза соҳиби толор ва таҷҳизоти варзишӣ барои тамрин шуданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ аз рӯи даҳ вазн дар Ишқобод баргузор мегардад ва роҳи ғолибони ин мусобиқот ба Бозиҳои Олимпии Токио-2020 боз мешавад.

Вазнабардорони тоҷик мегӯянд, қаблан барои омодагӣ ба ин мусобиқот аз раҳбарияти Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон дастур нагирифтанд. Ин варзишгарон мегӯянд, то як моҳи пеш барои омодагӣ ба ин сабқат ягон шароит надоштанд ва ҳоло бо кумаки як соҳибкор дар толори нав тамринҳоро шуруъ кардаанд.

Бобохон Сангов
Бобохон Сангов

Бобохон Сангов, сармураббии тими мунтахаби вазнабардории Тоҷикистон гуфт, мушкили набуди шароити хуби варзишӣ боис шуд, ки вазнабардорони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар Ишқободи Туркманистон ширкат накунанд. Вай гуфт, барои иштироки варзишгарони тоҷик дар ин сабқати ҷаҳонӣ ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ муҳим буд. Бобохон Сангов афзуд дар ҳоли фароҳам шудани шароит имкони ширкати ҳадди ақал ду варзишгари тоҷик дар ин чемпионат вуҷуд дошт. Ӯ гуфт:

Як моҳ бештар шуд мо соҳиби толори нави варзишӣ шудем, ки тамоми таҷҳизоти тамринӣ фароҳам шудааст. Соҳибкор Ҳомидҷон Мухаков ба хотири рушди ин намуди варзиш вазнабардоронро бо толор ва таҷҳизоти тамринӣ таъмин кард. Умед доранд, ки то соли оянда барои ширкат дар мусобиқаҳои осиёӣ ва чаҳонӣ омода мешаванд”, - афзуд ӯ.

"Вазанабардорон шарм медоранд"?

Дар ҳоле ки варзишгарон ва мураббии онҳо аз набуди шароит нигаронӣ мекунанд, Шариф Давлатов, раҳбари Федаратсияи вазнабардории Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик барои ширкат дар ингуна сабқатҳои ҷаҳонӣ омода нестанд. Ӯ дар як сӯҳбати кутоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати ширкат ҳам онҳо наметавонанд аз зинаи 20 поён фароянд. Ӯ гуфт: “Вазнабардорони тоҷик барои ин шарм медоранд ва намераванд. Дар ин ҳолат вақте бо пули давлат меравед, ин хиёнат ба он мешавад”, - афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки масъулин бо баҳонаи надоштани дастовард ва омода набудани вазнабардорони тоҷик талоши фиристодани онҳо ба сабқати ҷаҳониро накарданд, худи варзишгарон мегӯянд, як омили рушди онҳо ҳамчун варзишгар ширкат дар рақобатҳо, махсусан хориҷ аз кишвар аст.

Ба гуфтаи донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Абдуҳаким Ҳидоятов, чунин мусобиқоти ҷаҳонӣ метавонад барои ҳирфаӣ омода шудани варзишгар боис шаванд. Абдуҳаким мегӯяд, “иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ таҷрибаи варзишгарро бой ва чашмашро боз мекунад”.

Дар Тоҷистон ин намуди олимпии варзиш ҳанӯз маъруф нест ва тайи чанд соли ахир ҷавонон бештар ба намудҳои поуэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ ва бадансозӣ шуғл доранд. Тавре мо ба толорҳои ин намуди варзиш дар шаҳри Душанбе ошно шудем, онҳо аз оддитарин шароит бархӯрдор нестанд ва чеҳраҳои шинохта надоранд. Аммо масъулони толорҳои вазнабардории пойтахт мегӯянд, барои рушди ин риштаҳо ба сармоягузории ҷиддӣ ниёзманд ҳастанд. Бояд тазаккур дод, дар замони шӯравӣ вазнабардорӣ дар Тоҷикистон хеле рушд карда, варзишгарони ҷумҳурӣ дар ин намуди олимпии варзиш ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда буданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG