Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров қарор дар бораи таъйини санаи интихоботро ғайриқонунӣ номид. ВИДЕО


Раҳматулло Зоиров борҳо хостори ислоҳи қонунгузориҳои интихобот дар Тоҷикистон шудааст.

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ки қарори Маҷлиси олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.

Ӯ дар як баёнияе дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук гуфтааст, таъйини интихобот ба рӯзи 11-уми октябр, “яъне як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст, чун ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад.”

Ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз рӯзи 6-уми август дар бораи таъйини санаи интихобот “аз рӯзи қабулаш қувваи ҳуқуқӣ надорад”.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин баёния, ки рӯзи 7-уми август нашр кард, гуфтааст: “Амалкарди Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон худсарона аст ва барои ин раисони ҳарду палатаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷазо бигиранд.” Раҳматулло Зойиров аз Додгоҳи конститутсионӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хостааст, ки ба қарори Маҷлиси олӣ баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.

Раҳматулло Зоиров дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ баёнияаашро чунин шарҳ дод.

Зоиров қарор дар бораи таъйини санаи интихоботро ғайриқонунӣ номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва профессори илми ҳуқуқшиносӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Моҳияти эроди Раҳматулло Зойиров дар он аст, ки бо дар назардошти тақрибан ба як моҳ пеш таъйин кардани замони баргузории интихобот ниҳодҳои марбутаи ваколатдори давлат ва ғайридавлатӣ бо таъсиси комиссияҳои интихоботӣ, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҷамъ кардани маблағ ва муҳаё намудани заминаи эҳтимолии иҷтимоӣ ва ҷамъоварии имзо машғул бояд шаванд. Аз ин рӯ вақте як моҳ пеш замони баргузории интихоботро таъйин карданд, анҷоми чунин корҳо низ ба як моҳ пеш гузаронида шавад, ки ин чиз на танҳо нерӯи зеҳнӣ, балки омилҳои инсонӣ ва дигар хароҷоти молиявӣ ва дигарҳоро дар назар дорад.”

На Маҷлиси миллӣ ва на Маҷлиси намояндагон, ки вакилонаш дар таътил ҳастанд, ба баёнияи Раҳматулло Зоиров вокунише нишон надодаанд. Маҷлиси олии Тоҷикистон рӯзи 6-уми август қарор кард, ки ин интихоботи ояндаи президентӣ рӯзи 11-уми октябр баргузор шавад. Ин муҳлат як моҳ пеш аз замони интихоботҳои гузашта аст.

Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи имсол гуфта мешаванд, вале падару писар ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар корзори сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд. Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Интихоботи охирини президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар он интихобот Эмомалӣ Раҳмон ва панҷ нафари дигар, аз ҷумла Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократ ва Олимҷон Бобоев, раиси пешини ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ иштирок карда буданд. Ғаффоров ва Бобоев дар интихоботи президентии соли 2006 низ номзад буданд.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифин дар интихоботи соли 2013 ба ҷамъоварии имзоҳои зарурӣ барои сабти номи номзадияш муваффақ нашуд. Ҷонибдорони ӯ гуфтанд, ки мавриди таъқибу фишори мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд. Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Шарҳҳоро бинед (43)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG