Пайвандҳои дастрасӣ

Басгул бовар надорад. Талоши "Safeworld" барои ислоҳи милисаи тоҷик. ВИДЕО


Созмони бритониёии “Saferworld” (“Ҷаҳони бехатар”) талош дорад, ки ҳамкории милисаи тоҷик бо ҷомеаро қавитар кунад. Қарор аст, дар се моҳи оянда дар шаш минтақаи Тоҷикистон 180 корманди милиса дар давраҳои омӯзишии ҳамкорӣ бо ҷомеа иштирок кунанд.

Милисаҳо гуфтанд, ки “биё, бо мо ҳамкорӣ кун”. Шаш моҳ дари суду милисаро гаштам. Баёнот медодам, дар суд шоҳидӣ медодам, ба умеди инки пулҳои дуздидаро бармегардонанд. Лекин ин ҷавонро 7 сол ҳабс карданд ва даводави мо ҳам бефоида шуд.

Дар остонаи шурӯи ин давраҳои омӯзишӣ, “Saferworld” ҳамкории дуҷонибаи милиса ва ҷомеаи Тоҷикистонро бар асоси як пажӯҳиш “ниёз ба такмил” унвон кардааст. Ба гуфтаи масъулони созмон, сокинон барои ҷилавгирӣ ва ошкор кардани ҷиноят бо милиса на ҳама вақт ихтиёран ҳамкорӣ мекунанд. Дар аксар ҳолат ба хотири “ташвишҳои зиёдатӣ” аз муроҷиат ба ходимони ҳифзи қонун худдорӣ менамоянд.

Созмони байналмилалии “Saferworld” мегӯяд, ки дар минтақаҳои осебдида аз низои мусаллаҳона ба хотири эҷоди зиндагии амну босубот кор ва таҳқиқоти иҷтимоӣ анҷом медиҳад.

Назари мардум:

Боварӣ ва нобоварии Басгул ба милиса

Басгул, омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб, ду сол пеш дар ҷараёни маросими хонадоршавии духтараш 1,5 ҳазор доллари амрикоиро гум кард. Ӯ гуфт, метавонист аз вуқӯи ин ҳодиса ба милиса шикоят кунад, вале тасмим гирифт, ки накунад. “Гуфтам, агар ба пулис муроҷиат кунам, ҳатман мепурсад, дар хонае, ки пул гум шуд, он рӯз кӣ нишаста буд. Он рӯз хешони наздики худаму домодам нишаста буданд. Маълум буд, ки пулис дар мавриди аввал онҳоро даъват мекард ва аз онҳо гумонбар мешуд. Каме агар милиса рафтори нодуруст мекард, дар назди хешу табори худам ва қудоям шарманда мешудам. Ҳама аз ман меранҷид, ки моро “дузд гуфтӣ”. Хомӯш шудам ва ба милиса муроҷиат накардам”, - гуфт ӯ.

Пас аз ҳашт моҳи ҳодиса ногаҳон пушти манзили зисташ кормандони милиса ҷавони дастбастаеро оварданд, ки мегуфт, аз ин хона пул дуздидааст. Мақомот Хушнуд Сафаров, як сокини 29-солаи ин шаҳрро дар дуздии пулҳои хонаи ӯ ва 12 нафари дигар муттаҳам кард. Басгул мегӯяд, нишондоди ҷавон дуруст буд ва мутмаин шуд, ки маблағҳоро ҳамин шахс дуздидааст.

Басгул гуфт: “Ин ҷавон чанд хонаро дуздида будааст ва вақте боздошт карданд, ба дуздии хонаи мо низ қоил шудааст. Милисаҳо гуфтанд, ки “биё, бо мо ҳамкорӣ кун”. Шаш моҳ дари суду милисаро гаштам. Баёнот медодам, дар суд шоҳидӣ медодам, ба умеди ин ки пулҳои дуздидаро бармегардонанд. Лекин ин ҷавонро 7 сол ҳабс карданд ва даводави мо ҳам бефоида шуд. Як дирам барнагардонданд”.

Мо бо милиса ва мардум ҳамсӯҳбат шудем ва ба хулосае омадем, ки ҳамкории миёни онҳоро бояд такмил дод.

Ин зан мегӯяд, аз ҳамкорӣ бо милисаву суд хаста шуд ва ба ҷуз шинохтани дузди хонааш аз ин ташвишҳо фоида нагирифт.

Онҳое, ки мегӯянд, аз ҳамкорӣ бо маъмурони милиса, ҳатто дар сурати бегуноҳ ва ҳақ буданаашон парҳез мекунанд, нобоварӣ ба мунсифона баррасӣ шудани қазия, эҳтимоли вуҷуди фасодкорӣ дар баррасии қазия, “барраи қурбонӣ” шудани онҳо дар натиҷаи муомилаи байни муттаҳам ва даъвогарро сабаб пеш меоранд.

Барномаи ислоҳот: “Милиса ба мардум ҳисобот диҳад”

Созмони бритониёии “Saferworld” дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” дар Тоҷикистон мехоҳад, андешаи “бефоида будани муроҷиат ба пулис”-ро аз зеҳни сокинон дур кунад ва масъулияти корманди милиса дар назди сокинонро низ боло барад. Ҳамкории ин созмон бо мақомоти милисаи Тоҷикистон ду сол пеш бар асоси шартномаи ҳукумати Амрико ва Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Хирад Каргасов
Хирад Каргасов

Хирад Каргасов, як масъули созмони “Saferworld” рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҷалби коршинсон моҳҳои наздик “Дастурамали ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа”-ро бояд таҳия кунанд. Дар ин дастурамал роҳҳои таъсиси гурӯҳҳои муштарак аз ҳисоби сокинони оддӣ ва маъмурони милиса нишон дода хоҳад шуд, ки дар ҳамкорӣ ошкор ва пешгирӣ аз ҷиноятҳоро ба роҳ монанд. Аз тарафи дигар масъулияти кормандони милитсия барои ҳисобот додани сокинон бояд бештар кунанд.

Хирад Каргасов гуфт, “мо бо милиса ва мардум ҳамсӯҳбат шудем ва ба хулосае омадем, ки ҳамкории миёни онҳоро бояд такмил дод. Кӯшиши мо ин аст, ки милиса бештар ҷиноятҳоро пешгирӣ кунад ва дар ҳар иқдомаш назари мардумро ба эътибор бигирад. Ин эътимодро баланд мекунад”.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, “сокинон ба хотири беҳуда сарф накардани вақт ва бад накардани худ дар назди хосу ом аз шоҳидӣ додан ва ошкор кардани ҷиноят худдорӣ мекунанд. Аз тарафи дигар, баъзе аз кормандони милиса низ тавре рафтор мекунад, ки ҳавасмандии сокинон ба ҳамкорӣ кам мешавад”.

ВКД: Эътимоди мардум зиёд шудааст

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаҳои “Saferworld” хусусияти тавсиявӣ доранд ва дар сурати хуб будан, онҳо қабул мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар самти наздиктар шудани ҷомеа бо милиса “корҳои назаррасеро” анҷом медиҳад.

“Телефони боварии вазири корҳои дохилӣ таъсис ёфт. Ҳамарӯза сокинон мушкилот ва пешниҳоди худро тариқи ин телефон ба раҳбарияти вазорат мерасонанд. Дар вебсайти вазорат ҷойи суолу ҷавоб ва пешниҳоди хонандагон боз гардид. Милиса бо мардум хеле зич ҳамкорӣ мекунад. Даҳҳо ҷиноят дар ҳамкории милиса бо мардум ошкор шудааст. Мо хуб шудани ҳамкории сокинон бо мақомоти милиссаро дарк мекунем”, - гуфт ӯ.

Қариб 20 рӯз шоҳидии ман давом кард ва дар охир духтар писаронро бахшид ва милиса онҳоро ҷавоб дод. Духтар ҳатто бароям раҳмат нагуфт. Ду-се бор он бачаҳоро дар шаҳр дидам. “Ҳа, буз, аз дастат чӣ омад” гуфта масхара карданд. Дилам аз шоҳидӣ додан монд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мардум хеле фаъолона бо милитсия ҳамкорӣ мекунанд. Даҳҳо ҷиноят, ба гуфтаи масъулон, бо кумаки сокинони оддӣ боз шудааст.

Сафархон “барраи қурбонӣ” шуд

Бархе дигар аз сокинон мегӯянд, дар аксар маврид аз ҳамкорӣ бо милитсия ва шоҳидӣ додан бинобар “ташвишҳои зиёдатӣ” худдорӣ мекунанд. Сафархон Набиев, як сокини 34-солаи шаҳри Душанбе бо нақл аз таҷрибаи худ дар як парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, на танҳо аз шоҳидӣ додан дар як парванда хаста шуд, балки то ҳол дар хиёбонҳо тарсида мегардад.

Сафархон мегӯяд, тобистони соли гузашта шоҳиди муноқишаи се ҷавонписар бо як духтар шуд. Ин ҷавонон ҳангоми муноқиша куртаи духтарро даронданд. Сафархон мегӯяд, як нияти неки ӯ барои дифоъ аз духтар бо мушкил анҷомид. Сафархон гуфт, “духтар ҷароҳати сабук бардошта буд. Аз ман хоҳиш карданд, ки шоҳид шав. Аввал кор хеле ҷиддӣ буд. Ҳар рӯз аз корам монда, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват мешудам. Шоҳидиам ба фоидаи он се писар набуд. Мегуфтанд, ки “ака, аз шоҳидиат даст каш”, лекин ба духтар дилам месӯхт, ки танҳо буд. Қариб 20 рӯз шоҳидии ман давом кард ва дар охир духтар писаронро бахшид ва милиса онҳоро ҷавоб дод. Духтар ҳатто бароям раҳмат нагуфт. Ду-се бор он бачаҳоро дар шаҳр дидам. “Ҳа, буз, аз дастат чӣ омад” гуфта масхара карданд. Дилам аз шоҳидӣ додан монд”, - гуфт ӯ.

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Хирад Каргасов, масъули созмони “Saferworld” низ мегӯяд, кор бо шоҳидон ислоҳталаб аст, вале то ҳанӯз бо кадом роҳ ислоҳ кардани онро ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло мунтазири хулосаи коршиносоне ҳастанд, ки дар ин самт онҳоро ба кор ҷалб карданианд.

Коршинос: “Шоҳид ҳам вақт, ҳам қимат аз даст медиҳад”

Як милисаи собиқадор, ки тоза бознишаста шудааст, бидуни зикри номаш рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кор бо шоҳидон хеле мушкил аст. Ӯ гуфт, дар таҷрибаи кориаш бисёр дидааст, пайдо кардани шоҳиди ҷиноят, ки мунсифона баёнот диҳад, кори хеле душвор аст. Ӯ гуфт, шоҳидӣ додан бисёр кори муҳим дар парванда аст, “вале мутаассифона дар аксар маврид то шоҳид манфиатдор набошад, ба тафтишот ҳамкорӣ намекунад”.

Ислоҳ ва талошҳое, ки мехоҳанд, мисли Басгул Шерматоваро барои ҳамкорӣ ба милиса ҷалб кунанд ва бовари нафарони монанд ба ӯро ба милиса бештар кунанд.

Ӯ гуфт, “шоҳид аз даъват шудан безор мешавад. Муфаттиш чанд бор ӯро даъват мекунад, прокуратура ӯро даъват мекунад, суд даъват мекунад. Дар як мурофиаи дуздӣ, маслан ман ҳисоб кардам, шоҳид то 30 бор шифоҳӣ ва хаттӣ шаҳодат медиҳад. Яъне, дар маҷмӯъ, чандин соаташро дар 20-25 рӯз барои шоҳидӣ додан сарф мекунад. Қонунҳои мо ҳаминро талаб мекунанд. Бояд дуруст шоҳидӣ диҳад, рӯйирост дар мурофиа иштирок кунад, то касе тӯҳмат нашавад.”

Талошҳо барои ислоҳи милисаи тоҷик аз соли 2012 оғоз шуд. Бархе коршиносон мегӯянд, ҳамкории пулис бо ҷомеа бояд беҳтар ва мунсифона ба роҳ монда шавад, то эътимоди мардум ба ходими ҳифзи қонун самимӣ ва дар чаҳорчӯби қонун ба роҳ монда шавад. Чаҳор соли пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020”-ро қабул кард, ки дар доираи он даҳҳо барнома барои ислоҳро рӯи даст гирифтааст ва яке аз ҳадафҳои муҳими он – боло бурдани мизони эътимоди ҷомеа ба кормандони пулис мебошад.

Созмони “Saferworld” (Ҷаҳони бехатар)-и Бритониёи Кабир низ лоиҳаи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа”-ро дар доираи ин ислоҳи милитсия амалӣ мекунад. Ислоҳ ва талошҳое, ки мехоҳанд, нафаронеро мисли Басгул барои ҳамкорӣ ба милиса ҷалб кунанд ва боварашонро ба мақомот бештар кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG