Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди ВКД барои ба марг расонидани ҳамкораш 2,5 сол зиндон шуд


Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши ҳалокшуда

Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ кард.

Алишер Давлатов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - 108 (аз беэҳтиёти ба марг расонидан) ва 322, қисми 2 (хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ) ҳукм гирифт. Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши идораи умури дохилии шаҳри Бохтар шоми 1-уми декабри соли 2017 бар асари зарби гулула дар ҷойи кораш ба ҳалокат расид.

Ҳодисаи ҳалокати кормандони пулис аз беэҳтиётӣ кам ба назар мерасад, аммо чунин ҳолат, дар миёни сарбозон бештар аст.

Дар тафтиши аввал додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки гӯё Зоҳидзода ҳангоми "санҷиши норинҷакандози РПГ-26 аз беэҳтиётӣ ҷон бохт". Баъдан, бо пойфишории Ҷалол Зоҳидов, падари муфаттиши кушташуда санҷиши додситони шаҳр бекор шуд ва додситонии вилояти Хатлон нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Дар ҳукми додгоҳ, ки 16-уми октябр содир шуд ва фардо, 26-уми октябр ҳукми қонунӣ мегирад, гуфта мешавад, Алишер Давлатов ғайриқонунӣ ва бидуни зарурият силоҳро вориди утоқи кории Зоҳидзода карда, онро ба кор даровардааст.

"Ба хотири рақами силоҳро навиштан онро аз халта берун мекунад. Бо андешаи ин, ки норинҷакандози РПГ-26 тир холӣ намекунад, онро дар ҳолати корӣ андохта, тарафи Зоҳидзода нишон мегирад. Зоҳидзода бо мақсади муҳофизат пушташро мегардонад, ки дар ҳамин ҳолат Алишер Давлатов кулангро зер мекунад",-навишта шудааст, дар ҳукми додгоҳ.

Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши пешини идораи умури дохилии шаҳри Бохтар.
Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши пешини идораи умури дохилии шаҳри Бохтар.

Ҷалол Зоҳидов, падари Муҳиддин Зоҳидзода рӯзи 25-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд, аз ҳукм ризо нест, вале аз болои он дигар шикоят намекунад. Ӯ гуфт, тафтиши ибтидоӣ хулоса кард, ки писараш аз беэҳтиётии худ ҳалок шудааст. Аз ин рӯ, наздики як сол талош кард, то собит кунад, ки писари ӯ як корманди касбӣ буд ва чунин иштибоҳ накардааст.

Ӯ гуфт: "Барои ҳамин ба тамоми мақомот навиштам. Тафтишҳои такрорӣ ин ҳолатҳоро пайдо кард. Ҳоло ҳам фикр мекунам, ки ин куштор буд, на аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан. Лекин аз ариза навиштан хаста шудам. Ба мақсади дар аввал гузоштаам, ки писарам беэҳтиётӣ накардааст, расидам. Дигар аз болои ҳукм шикоят надорам."

Наздикони Алишер Давлатов, пулисе, ки дар марги муфаттиш Зоҳидзода гунаҳкор дониста шуд, дар мавриди ҳукм сӯҳбат накарданд.

То ба ҷавобгарӣ кашида шудани ин корманди пулис мақомот ду бор ташхис анҷом доданд. Танҳо ташхиси дуюм хулоса дод, ки тир аз масофаи дуртар ва аз пушти муфаттиш зада шудааст ва Зоҳидзода ҳеҷ иштибоҳе накардааст.

Ҷалол Зоҳидов мегӯяд, ташхиси дубораи ҳодиса нишон дод, ки нориҷакандози РПГ-26 бидуни пахши куланг оташ намекушояд ва мунфаҷир шуданаш ғайриимкон аст. Ӯ гуфт, "эспертизаи дубора инро собит кард ва Алишер Давлатов аввал танҳо бо моддаи хунукназарӣ ва баъдан, бо моддаи беэҳтиётӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд".

Идораи пулиси шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)
Идораи пулиси шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)

Зоҳидов гуфт, пойфишории ӯ бар сари дуруст ва одилона санҷидани ҳодисаи фавти писараш аз он аст, ки ҳақиқат барои ҷомеа ва наберагонаш ошкор шавад. "Писарам дигар зинда намешавад. Аммо вақте Додситонии шаҳр сабаби марги ӯро беэҳтиётӣ гуфт, ин ба мо сахт расид. Фарзандони писарам пагоҳ калон мешаванд ва бояд донанд, ки падарашон худкушӣ накардааст. Балки каси дигар боис ба маргаш гаштааст",-афзуд ӯ.

Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши идораи умури дохилии шаҳри Бохтар, шоми 1-уми декабри соли 2017 дар ҷойи кораш ба ҳалокат расид. Баъдан мақомот гуфтанд, ки гӯё Зоҳидзода ҳангоми "санҷиши норинҷакандози РПГ-26 аз беэҳтиётӣ ҷон бохт."

Аммо раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии вилояти Хатлон пас аз санҷиши дубора Алишер Давлатов нозири минтақавии шаҳри Бохтарро ба хунукназарӣ айбдор кард. Дар фикри абйдорӣ нисбат ба Давлатов гуфта мешавад, ӯ аз наздикии гӯристони насрониҳои шаҳр нориҷакандози “РПГ-26”-ро пайдо карда, аммо бар хилофи дастурамал "бепарвоёна муносибат кардаву яроқи зикршударо ба утоқи кории сардори худ бурдааст".

Соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа панҷ таркиш сабт шудааст, ки яке аз он ҳодисаи террористӣ номида шуд. Моҳи апрели соли гузашта Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини Қӯрғонтеппаи собиқ дар пайи инфиҷоре дар маркази шаҳр ҷон бохт. Мақомот ин таркишро кори дасти узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" номиданд.

Ҳодисаи ҳалокати кормандони пулис аз беэҳтиётӣ кам ба назар мерасад, аммо чунин ҳолат, дар миёни сарбозон бештар аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG