Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 милисаи тоҷик барои "гуноҳ"-и хонандаҳо ҷазо гирифтанд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 17 маъмури милисаро барои пешгирӣ накардан аз ҷинояткорӣ дар миёни хонандаҳои мактаб ҷазо додааст.

  • Дар ҳоли ҳозир беш аз 500 милиса барои назорати ҷараёни дарс ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар 141 мактаби пойтахт сафарбар шудаанд.
Масъули як мактаби пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир бори аслии тарбия ва таълими кӯдак пурра ба дӯши омӯзгор гузошта шудааст.

"Ҳатто аз вазифаи хидматӣ мегиранд"​

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳабдаҳ корманди милиса барои назорат вобаста шуда буданд, аммо хонандаҳои мактаби зери назарашон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноят содир карданд”. Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, “ин ҷазо бар асоси фармони Вазорати корҳои дохилӣ буд”.

“Банди дуюми фармон талаб мекунад, корманди милисае, ки дар муассисаи таълимии зери назораташ ҷинояту қонуншиканӣ содир шудааст, ҷазои интизомӣ мегирад ва ҳатто аз вазифаи хидматӣ озод мегардад”, - гуфт ӯ.

10 ҳазор наврас ҳуқуқвайронӣ кардаанд

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Аз оғози соли нави таҳсил кормандони милиса ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба мактабҳои миёна рафта, раванди дарси хонандагонро тафтиш мекунанд. Ҳадаф аз тафтишу ҳузури кормандони пулис дар мактабҳоро мақомот “ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон” мегӯянд. Зимни як мулоқот бо омӯзгорону раҳбарони мактабҳо, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал Шариф Назарзода аз ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон, ки аксарияташ мактабхон будаанд, нигаронӣ кардааст.

Тақрибан дар як соли охир беш аз 10 ҳазор ноболиғ ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задааст, ки беш аз 6 ҳазор нафари онҳо хонандаи мактабҳои пойтахтанд.

"Хуб аст, ки биёянд"

Озода Юлдошева, муовини мудири мактаби рақами 24-и Душанбе, дар ин таҳаввулот аломати мусбатро мебинад. Ӯ рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “меоянд ва сару либосро мебинанд, ҳузури хонандагонро тафтиш мекунанд. Инро ҳамарӯза ба хонандаҳо таъкид мекунем. Вале милисаҳоро бо чашми худ бинанд, нигоҳашон дигар мешавад.”

Як гуруҳи омӯзгорон бовар доранд, ки ин иқдом то ҷое барои пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи хонандаҳои синфҳои болоӣ кумак хоҳад кард. Озода Юлдошева гуфт, “мехоҳем бисёртар навори ҷинояткории ноболиғон ва оқибати онро биёранд, намоиш диҳанд. Бигзор ҷавонҳо бинанд ва фикр кунанд.”

Аммо аксари омӯзгорон аз он нигаронӣ мекунанд, ки бо ин баҳона дахолати милиса ба кори мактабу омӯзгор боз ҳам бештар мешавад. Ба гуфтаи ин гурӯҳи омӯзгорон, бе ин ҳам солҳои охир барои ҳар кори хонанда новобаста ба онки берун аз соатҳои дарсӣ шудааст ё на, омӯзгор ҷавоб мегӯяд ва бозпурсӣ мешавад. Масъули як мактаби пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир бори аслии тарбия ва таълими кӯдак пурра ба дӯши омӯзгор гузошта шудааст.

Садҳо омӯзгорро ба додгоҳ кашондаанд

Милисаҳо ҳам, ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, ба мактаб омада, ба ҷойи иҷрои масъулияти худ, яъне назорати тартибот, аз масъулон талабҳое мекунанд, ки берун аз салоҳияти онҳост. Ин ҳама, ба гуфтаи омӯзгор, ба кори муаллимон, ки бе ин ҳам назорату таълими даҳҳо хонандаро ба дӯш доранд, бетаъсир намемонад.

Гузориши видеоӣ аз бойгонии Озодӣ:

"Панҷшанбегӣ"-и милисаҳо дар мактабҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Муҷозоти кормандони пулис дар ҳолест, ки мудирони мактабҳо низ ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати огоҳ накардани мақомот аз ягон ҳуқуқвайронкунии хонандаи худ муҷозот мешаванд. Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои расмӣ, дар 3 соли охир шаш ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани масъулияти худ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ба додгоҳ кашида шудаанд.

Дар пайи чанд муноқиша байни ноболиғон раҳбарони мактабҳо ҳам аз вазифа озод шуданд.

XS
SM
MD
LG