Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши омор дар бораи ифротиҳо теъдоди онҳоро зиёд мекунад? ВИДЕО


Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

Мақомоти корҳои дохила дар Суғд мегӯянд, ки расонаӣ кардани омор дар бораи афроде, ки ба ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд ваё дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, боиси бештар шудани ҳамингуна ҷиноят ва ифротгароӣ мешавад. Ин матлабро Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 25 январ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд баён дошт ва гуфт, ки минбаъд аз ироаи чунин омор худдорӣ мекунанд.

Мақомот мегӯянд, ки чунин тасмим бар асоси шикояти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.

"Доим сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Коршиносон ва падару модарон ба ман муроҷиат карданд, ки ин ба ҳолати рӯҳии фарзандони мо таъсир мерасонад",-гуфт сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд. Шарифзода дар бораи муроҷиатҳои волидону коршиносон муфассал сӯҳбат накард, вале гуфт, паҳн кардани хабарҳои ҷиноӣ, оқибатҳои бад дорад.

Шариф Назарзода аз ҳодисаи худро ба дарёи Сир андохтани як зан ёдоварӣ кард, ки мақомот барои пайдо кардани наздикони вай тариқи телевизион муроҷиат карда буданд: "Дар давоми як ҳафта 5-6 нафар ба дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Ана реклама кардем-ку."

Мақомот: Дигар омор намедиҳем, ифротиҳо зиёд мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ба андешаи журналистону коршиносон, изҳороти сардори Раёсати корҳои дохилӣ мумкин аст, назари шахсии ӯ бошад, аммо ин гуна изҳорот аз забони мақоми расмӣ, метавонад кори журналистонро дар гирифтани иттилоъ аз мақомот, мушкилтар кунад. Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки "ман гумон дорам, ки чунин мисолҳои талхро мо бояд гӯем, ба ҷомеа фаҳмонда диҳем, ки ҳамин хел мусибатҳо меоварад."

Бар асоси қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, мансабдорон вазифадоранд, ки ба матбуот маълумоти заруриро бидиҳанд, дар акси ҳол ҷазо мегиранд. Бо вуҷуди ин, гирифтани хабару маълумот аз мақомот кори сахт аст ва кам дида шудааст, кадом мақоме барои надодани хабар ҷазо гирифта бошад.

XS
SM
MD
LG