Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимов дар соли интихобот милисаҳоро ба "ҳушёрӣ" хонд


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Дар ҷаласаи мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таъмини амният дар остонаи интихоботи президентӣ таваҷҷӯҳ шудааст.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз кормандони милиса хостааст, дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "зиракиву ҳушёрӣ"-ро аз даст надиҳанд. Вай ин нуктаро рӯзи даҳуми январ дар ҷаласаи мушовараи Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе баён доштааст.

Ба гуфтаи вазир, "дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ" баргузор гардидани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бархе дигар аз чорабиниҳои муҳим аз фаъолияти кормандони милиса сахт вобаста аст. Ин аст, ки Рамазон Раҳимов дар ҷаласаи мушовара аз кормандони милиса даъват кардааст, "барои бомувафақият гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ" хизмати содиқона ва поквиҷдонона кунанд.

Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ гуфтааст, ки номзадаш дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад ҷуст. Усмон Солеҳ, мудири бахши иттилооти ҳизби ҳокими халқӣ – демократии Тоҷикистон, чанде пештар гуфта буд, ки интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 аз ҲХДТ масъулияти бештар талаб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бо татбиқи нақшаю барномаҳое, ки ҳизби ҳоким ва ҳукумати Тоҷикистон доранд, дастовардҳои ҲХДТ дар соли ҷорӣ беҳтару бештар хоҳанд шуд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло маъракаи интихоботӣ эълон нашудааст ва «пеш аз пода чанг андохтан он қадар дуруст нест». Ӯ изҳор дошт, ки ҳизбаш албатта дар интихобот ширкат хоҳад варзид. Аммо Шабдолов дар ҳоле, ки қонуни интихобот дар Тоҷикистон мукаммал нест, ғолибияти ҳизбҳои мухолифро «орзуи хаёлӣ» медонад.
XS
SM
MD
LG