Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД аз сокинон туфангча мехарад (ВИДЕО)


Тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ки имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, туфангчаву револверҳои травматикӣ аз дасти мардум ҷамъоварӣ шуда ва маблағи он аз суратҳисоби вижаи ВКД пардохт мешавад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз 319 туфагча, револверҳои травматикӣ ва тирҳои ҷарроҳатрасон дар дасти мардум вуҷуд дорад ва тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ин ҳама ҷамъоварӣ шуда ва маблағи он аз суратҳисоби вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба соҳибонашон пардохта мешавад. Ин матлабро вазири умури дохилӣ рӯзи 20 май зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ" дар парлумони Тоҷикистон баён кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 20-уми майи худ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба тарҳи “Қонун дар бораи силоҳ” аз гардиш гирифтани таппончаҳо ва револверҳои пневматикиро, ки дар дасти мардум ҳастанд, заминаи қонунӣ бахшид ва вазорати корҳои дохилиро муваззаф кард, ки дар сурати доваталабона баргардондани тапонча ва ё револвер, арзиши онро ҷуброн кунад.

Тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, ин иқдом ба хотири оромию амнияти шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз ҷурму ҷиноят дар ҷомеа, гирифта шудааст. Мувофиқи ин тағйирот, на танҳо таппончаҳо ва револверҳои травматикӣ, ҳамчунин таппончаҳои бемили зарбааш маҳдуд бо патронҳои ҷароҳатрасон, яъне пневматикӣ ҷамъоварӣ мешаванд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз ҳам дар дасти мардум туфангча вуҷуд дорад ва бархе ҳодисаҳои ҷиноие, ки ба қайд гирифта шудаанд, аз ин навъи силоҳ истифода шудааст.

Қонун дар бораи силоҳ дар моҳи марти соли 2013 қабул шуд, аммо соли 2014 ба ин қонун тағйирот ворид гардид, ки он гардиш ва истифодаи ин навъи силоҳро манъ мекард. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки то ворид шудани ин тағйиру иловаҳо сокинон иҷозатномаи истифодаи ин аслиҳаро аллакай доштанд, ҳоло ин қонун онҳоро барои бозпас гардонидан он муваззаф кард. Ҳоло мақомот мегӯянд, бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун мехоҳанд роҳҳои аз мардум харида гирифтани ин 319 аслиҳаро ба танзим дароранд.

XS
SM
MD
LG