Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи алайҳи шиканҷа: Мо ба додситонӣ муроҷиат кардем


Наҷиба Ширинбекова, як масъули гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ дар Эътилофи алайҳи шиканҷа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита ба амалкарди кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати зани ҷабрдида ба додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Хонум Ширинбекова гуфт, пас аз он ки ба ҷабрдида кумаки ҳуқуқӣ расонида шуд ва бо вакили дифоъ таъмин гардид, мо тасмим гирфтем, то нисбати муносибати хашини кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансур ба додситонӣ шикоят кунем.

Ҷабрдида дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошт. Аммо бо гузашти вақт, ки ба ӯ кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ироа гардид, ҳозир шуд, то ин қазия бидуни ифшои ному маҳалли кораш расонаӣ шавад

Ба гуфтаи хонум Ширинбекова, ҳоло вакили дифои ҷабрдида бо гирдоварии ҳама ҳуҷҷатҳои лозима, ки бадрарфтории пулисро собит мекунад, бо додситонӣ ҳамкорӣ дорад. Ин масъули Эътилофи алайҳи шиканҷа мегӯяд, “дар оғоз ҷабрдида намехост, ки хабар расонаӣ шавад, зеро бисёр дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошт. Аммо бо гузашти вақт, ки ба ӯ кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ироа гардид, ҳозир шуд, то ин қазия бидуни ифшои ному маҳалли кораш расонаӣ шавад”.

Ҳамакнун масъулони Эътилофи алайҳи шиканҷа умедворанд, ки додситонии кулл қазияро ҷиддӣ ва мунсифона баррасӣ карда ва ба амалкарди кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳаққу ҳуқуқи ин зани ҷабрдидаро нақз кардаанд, баҳои дурусти ҳуқуқӣ бидиҳад.

Шикояти зане аз латукӯби полис

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа рӯзи 13 октябр хабар дод, ки ба ин созмон зани 34-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард ва гуфт, ки мавриди бадрафтории ходимони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур қарор гирифт. Ин зан гуфтааст, ки дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони милиса ба ҳангоми санҷиши шиносномаҳои сокинон дар чаҳорчӯби амалиёти «Нелегал» зӯран вориди хонаи ин зан шуда, меҳмонҳои хориҷии дар хонаи ӯ бударо ба идораи милиса бурданд.

Баъди таҷлили иди ҳиндии "Ҳолӣ" дар Душанбе ҳам волидон аз бархӯрди ғайриқонунии полис ба фарзандонашон шикоят карданд
Баъди таҷлили иди ҳиндии "Ҳолӣ" дар Душанбе ҳам волидон аз бархӯрди ғайриқонунии полис ба фарзандонашон шикоят карданд

Илова ба ин, худи ин занро барои мухолифаташ ба бадрафтории милиса, шадидан латукӯб карда баъдан ба идораи милиса бурдаанд. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, давоми чор соат то 12 шаб дар идора нигоҳ дошта, танҳо баъди гирифтани баёноти онҳо аз ин ки ҳеҷ шикояте надоранд, ҷавоб додаанд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа гуфтааст, ки барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин зан як вакили дифоъро таъйин кардааст.

Исм, ҳуввият, маҳалли кор ва дигар ҷузъиёти марбут ба шахсияти ин зан нашр нашудааст.

ВКД: “Ҳодисаи бархӯрди “хашини пулис” бо шаҳрванд санҷида мешавад"

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба сабти муносибати хашини кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба шаҳрвандон аз расонаҳо огоҳ шудааст ва то ҳол худи ҷабрдида ба ин сохмтор шикояте накардааст. ​

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 14 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо он ки шахси ҷабрдида ба мақомоти вазорати корҳои дохилӣ нисбати бархурди хашини кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, балки ба созмоне шикоят бурдааст, аммо раёсати амнияти дохилии вазорат ин мавридро мавриди санҷиш қарор медиҳад”.

Корманди пулис ба манзили сокин наздик мешавад, дарро кӯфта худро муаррифӣ мекунад ва пас аз он ки соҳибхона иҷозаи вуруд медиҳад, ба манзил медарояд ва ҳуҷҷатҳои шахсии аъзои хонаводаро месанҷад

Вай гуфт, дар чунин ҳолат шахси ҷабрдида бояд бевосита тариқи телефони боварӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат мекард ва мақомоти ин сохтор ба мушкили шаҳрванд расидагӣ мекарданд.

Вай гуфт, то ҳол онҳо ҳатто исму ҳуввияти ҷабрдидаро ҳам намедонанд. Бо ин вуҷуд, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Ҳақи милиса, шаҳрванд ва масъулияти ҳарду дар чист?

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки дар асл дар ҳолатҳои хеле кам шаҳрвандон аз бадрафтории эҳтимолии полис ба онҳо шикоят мекунанд. Вай гуфт, то ҳол таҷриба нишон додааст, ки ҳамкории байни милиса ва шаҳрвандон хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон Умарҷони Эмомалӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё кормандони ҳифзи ҳуқуқ бидуни иҷоза ҳақи вуруд ба манзили сокинонро доранд ё на? - гуфт, "барои вуруд ба манзили сокинон бидуни иҷозат бояд санксия ё иҷозатномаи додситонӣ бошад. Дар ҳолатҳои истисонӣ, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар бораи панаҳ бурдани ҷинояткор дар манзили шахс хабар дошта бошанд, ҳақ доранд вориди манзили шаҳрвандон шаванд”.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Дар шаҳри шеваи амалӣ шудани маъракаи “режими шиносномаӣ" аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯ гуфт, ки “ин маърака бидуни огаҳии пешкаӣ ва ба хотири санҷиши буду боши шаҳрвандон, мушаххас кардани теъдоди аъзои хонавода ва маълум кардани шахсоне, ки бидуни қайди иқомат дар манзил ҳастанд, сурат мегирад”. Вай гуфт, қоида чунин аст, ки корманди пулис ба манзили сокин наздик мешавад, дарро кӯфта худро муаррифӣ мекунад ва пас аз он ки соҳибхона иҷозаи вуруд медиҳад, ба манзил медарояд ва ҳуҷҷатҳои шахсии аъзои хонаводаро месанҷад”. Вай гуфт, ки ходими милиса ҳам бояд санадҳои худро ба ин хонавода нишон диҳад.

Ба таъкиди Умарҷони Эмомалӣ, ин маърака бояд ба таври ногаҳонӣ сурат бигирад ва он афроде, ки ғайриқонунӣ дар манзил ба сар мебаранд ва ё фарди шубҳанок ҳастанд, ошкор хоҳанд шуд.

Нақзи қоидаи будубош аз ҷониби хориҷиҳо

Қаблан ВКД ба радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар фурсати охири сентябр то 7 октябри соли 2016 дар Тоҷикистон амалиёти «Нелегал-2016» ҷараён мегирад. Ин даври дуюми амалиёт аст ва дар даври аввали он моҳи май Шӯъбаи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оилаи Раёсати тартиботи ҷамъиятӣ ва Шӯъбаи пешгирӣ аз хариду фурӯши одамон ҷалб шуда буданд. Мақомоти ВКД Тоҷикистон гуфтанд, ки дар чаҳорчӯби ин амалиёт то куҷо ба таври қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифта буд. Дар пайи даври аввали амалиёти полис маълум шуд, ки 285 шаҳрванди хориҷӣ қоидаҳои будубош дар Тоҷикистонро вайрон кардаанд. Наздик ба 50 тани онҳо ба далели нақзи қонунҳои будубош аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд.

Милиса - ҳомии мардум аст?

Мақомоти ВКД мегӯянд, ахлоқи милиса, ки "ҳомии ҳуқуқу пуштибони мардум"аст, метавонад ба обрӯи корманди ҳифзи ҳуқуқ латма занад, аз ин рӯ, Кодекси одоб барои кормандони милиса тарзи муоширати онҳоро бо шаҳрвандон танзим мекунад. Ин кодекс дар моҳи июли соли ҷорӣ таҳия шуд. Вале бо ин вуҷуд ҳодисаҳои шикоят аз бархӯрди ғайриахлоқии милисаҳо кам набудааст. Яке аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо рӯзи 5 майи соли ҷорӣ рух дод. Бадрафтории ходимони милиса бо наврасони боздоштшуда баъди ҷашни ҳиндии "Ҳолӣ", ки ба шакли аудиоӣ сабт ва ба интернет роҳ ёфт, мавриди интиқоди шадиди фаъолони ҷамъиятӣ шуд. Дар ниҳоят ВКД гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса як нафар барканор ва се нафар танбеҳ гирифтанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли 2015 барои риоя накардани қонун ва интизоми хизматӣ, 977 корманди сохторҳои корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ гирифта ва аз ин теъдод 187 нафар аз кор озод гардидаанд.

XS
SM
MD
LG