Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асардуздӣ накунед, ҷазо дорад!


Парлумони Тоҷикистон ба «Қонун дар бораи илм ва сиёсати давлатии илму техника» тағйиру иловаҳо ворид кард ва мубориза бо плагиат ва ё асардуздиро тақвият бахшид.

Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи худ рӯзи 26 ноябр ба «Қонун дар бораи илм ва сиёсати давлатии илму техника» тағйиру иловаҳо ворид кард ва мубориза бо плагиат ва ё асардуздиро тақвият бахшид.

Лутфулло Саидмуродов, вакили парлумони Тоҷикистон, дар нишасти парлумон гуфт, ки ин иловаҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз плагиат, сохтакории маълумот, хариду фурӯши таҳқиқоти илмӣ ба мақсади дифои он аз номи худ, ки солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад, пешниҳод шудаанд. Ҷаноби Саидмуродов афзуд, «иловаҳои мазкур дар асоси тавсияҳои созмонҳои байналмилалии илмӣ, ЮНЕСКО ва маҷмаи байнипарлумонии ИДМ дар бораи он ки корманди илмӣ дар давоми фаъолияти илмии худ ғайр за масъулияти фардӣ масъулияти иҷтимоӣ низ дорад, таҳия карда шудааст. Дар ин замина дар моддаи 2-юми қонуни амалкунанда мафҳумҳои наве, ки асосҳои ахлоқии фаъолияти илмиро маънидод мекунад, аз ҷумла одоби илмӣ, рафтори ношоями илмӣ ва кодекси намунавии одоби илмӣ илова карда шуданд».

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи Лутфулло Саидмуродов, ин тағйиру иловаҳо масъулияти маънавиро барои истифодаи плагиат бештар, эҳтиром ба заҳмати олимон ва ҷилавгирӣ аз дузидии асарҳоро ҳатмӣ карда ба рақобати солим дар байни олимон мусоидат мекунад.

Дигаргунӣ ба қонун "Дар бораи плагиат” дар ҳоле ворид шудааст, ки теъдоди донишмандони унвондор дар кишвар то рафт бештар мешавад, вале ба гуфтаи худи олимон, сифати корҳои илмӣ то рафт коҳиш меёбад. Феълан дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар дар соҳаи илм фаъолият мекунанд ва 4 ҳазор нафар аллакай унвонҳои мухталифи илмӣ доранд.

Абдусаттор Нуралиев, устоди донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ва яке аз донишмандони тоҷик мегӯяд, бо рушди интернет дар Тоҷикистон мушкили асардуздӣ беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Ба бовари ин олим ҳамин зуҳурот боиси кам шудани кашфиёти илмӣ ва навгониҳои техникӣ дар кишвар шудааст. Вай гуфт, «мушкили плагаит дар аксари соҳаҳо ба назар мерасад ва ба як дарди ҷомеа табдил шудааст. Мо ҳамчун аъзои шӯрои илмӣ бо чунин ҳодисаҳо зиёд вомехӯрем. Албатта назорати ин раванд дар шароити имрӯза чандон кори саҳл нест. Аммо фикр мекунам, ба ҳар сурат қабули чунин қонуну қарорҳо то як андоза барои пешгирӣ аз ин зуҳурот ва ҳам беҳтар шудани сифати корҳои илмӣ саҳмгузор хоҳад буд».

Ин гуфтугузоҳо дар ҳолест, ки ҳамасола аз буҷаи кишвар барои рушди илм беш аз 135 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад, вале боздеҳи он чандон назаррас нест. Вакилони парлумон мегӯянд, торафт бештар шудани маблағгузории ин соҳа масъулиятро дар назди олимон барои риояи одоби илмӣ бештар мекунад.

Боризтарин даъвои асардуздӣ дар Тоҷикистон бо номи Луқмон Бойматов, муаррих ва файласуфи тоҷик рабт мегирад, ки беш аз 1 сол аст дар Шветсия ба сар мебарад. Се соли пеш исми ӯ дар доираи олимон ва расонаҳои Тоҷикистон пас аз талошҳояш ҷиҳати дифоъ аз ҳаққи муаллифӣ матраҳ шуд. Даъвои ӯ дар мавриди дуздии натоиҷи пажӯҳиши чандинсолааш дар Энсиклопедияи миллии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва ҳамчунин пардохт нашудани ҳаққи қалам ба ӯ то ба додгоҳ расида буд.

Вале Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, сармуҳаррири Муассисаи давлатии Энсиклопедияи миллии тоҷик мегӯяд, ин қазия пас аз дахолати ҳукумати кишвар ҳал гардид. Ӯ гуфт , «ман он вақт нав ба кор шурӯъ карда будам. Дар ин қазия дар бархе масъалаҳо ин олим ва дар баъзе масъалаҳои дигар раҳбарияти қаблии Энсиклопедияи миллӣ ҳақ буд. Ин қазия ду соли пеш мусбат ҳал шуд. Луқмон Бойматов ҳар чӣ талаб дошт, гирифт. Ҳам суд ва ҳам прокуратура ва ҳамаи мо ба хулосае омадем, ки ҳамин масъаларо дигар матраҳ намекунем, зеро ба шаъни олимон ва ҳамчунин ба ҳукумат намезебад».

Даъвои Луқмон Бойматов бо Энсиклопедияи миллии кишвар яке аз камтарин баҳсҳо барои эҳтироми ҳақи муаллиф дар Тоҷикистон буд.Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи муаллиф солҳои охир зиёд ба назар мерасад, вале то ҳол баҳси ҷиддие дар робита ба эҳтироми ҳуқуқи муаллиф ё ҳифзи ҳақи моликияти зеҳнӣ ба мушоҳида нарасидааст.
XS
SM
MD
LG