Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиш ва интиқодҳо аз кори панҷсолаи порлумон. ВИДЕО


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш кард. Ӯ рӯзи 28-уми феврал, ҳангоми суханронии охирин ба ҳайси раиси порлумон, гуфт: "Фаъолияти Маҷлиси Намояндагон комилан касбӣ буд". Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд.

Зуҳуров дар суханронии охирин интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқидҳои мухолифони давлатро низ мисол овард. "Онҳо, масалан, мегӯянд, замонҳое буд, ки зиндагӣ дар парламенти тоҷик меҷӯшид, ҳозир бошад, ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҳукумат ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мегардад, бемамоният қабул ё тасдиқ мешавад, ё худ, вакилон бо равиши об шино мекунанд", -- гуфт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Ба қавли Шукурҷон Зуҳуров, ҳукумат бо порлумон шарики якдигаранд ва "байни онҳо конфронтатсияи сунъӣ, ки эродгирҳои мо мехоҳанд, вуҷуд надорад". Вай афзуд: "Мо дар оинаи нилгун мебинем, дар кишварҳое, ки парламентҳо ва ҳукуматҳо ба тарафкашию муноқишаҳо моиланд, оқибати корашон чӣ шуда истодааст".

Айни замон ҳуқуқшинос ва довталаб ба мақоми вакили порлумон Шокирҷон Ҳакимов иброз медорад, ки дар давлатдорӣ миёни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ набояд шарикӣ вуҷуд дошта бошад, чун дар ин ҷо масъалаи ваколату салоҳият аст.

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон порлумон яке аз шохаҳои мустақили ҳукумат аст ва ҳақ дорад, дар сурати кутаҳӣ ё камбудие, аз вазирону мақомоти баландпоя шарҳ бихоҳад.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта аксар вақт танқид шунидааст, ки ҳар қарору қонуни ҳукуматро бечунучаро ва бе баҳсу баррасии дақиқ қабул мекунад.

Матбуоти Тоҷикистону мунтақидон, гоҳе Маҷлиси намояндагонро “порлумони хоболуд” ва “хонаи пиронсолон” ҳам номидаанд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, вакилони мардумӣ дар бештар ҳолат қонунҳоеро қабул кардаанд, ки "ормонҳои мардумро ифода намекунанд."

Ӯ гуфт: “Дидору мулоқоте, ки дар ноҳияҳо бо мардум доштем, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар натиҷаи бефаъолиятии ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон, мардум хеле нигаронанд.” Ба қавли ӯ, дар ин панҷ соли ахир вакилон бо мардуме, ки онҳоро интихоб кардаанд, робитаи наздик надоштаанд.

Чунин назарро вакилони Маҷлиси намояндагон беасос медонанд ва таъкид мекунанд, ки қонуну санадҳое, ки қабул кардаанд, ба манфиати ҷомеа, некӯаҳволии мардум ва ҳалли мушкили сокинон нигаронида шудааст.

Дар панҷ сол, ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, вакилони мардумии Тоҷикистон беш аз 800 санад, аз ҷумла бештар аз 400 қонун ё иловаҳо ба қонунро баррасӣ ва тасвиб кардаанд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронӣ андаке корҳои ҳукумати иҷроияро танқид кард ва гуфт, аз “бемасъулиятии мақомот, мардум барои иҷрои оддитарин корҳояшон ба парламент ва президент муроҷиат кардаанд.”

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст ва дар ҳайати имсолаи он 51 нафар аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳастанд. Бақия намояндагони Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби демократ ҳастанд, аммо ин аҳзоб низ ҳамеша аз барномаҳои ҳизби ҳоким ва ҳукумат пуштибонӣ кардаанд.

Ваколати 63 вакил рӯзи 28-уми феврал ба поён расид, чун рӯзи 1-уми март интихоботи порлумонӣ сурат мегирад. Бист вакиле, ки панҷ соли гузашта дар Маҷлиси намояндагон кор кардаанд, дигарбора дар интихобот ширкат меварзанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG