Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон ба истироҳати тобистона рафт. Имсол комёб буд ё на?


Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон кори яксолаи худро пурсамар донистанд, аммо бархе аз шаҳрвандон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳлилгарон фаъолияти онҳоро "беҳтар аз гузашта, вале ҳамоно начандон муассир" меноманд.

Дар ҷаласаи ниҳоии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 28-уми июн баргузор шуд, вакилони мардумӣ ба чанд қонуни Тоҷикистон тағйир ворид карда, ҳисоботи Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони кишварро "якдилона" маъқул донистанд.

Ҳарчанд ҷаноби Зуҳуров гуфт, ки дар маҷмӯъ ба 1500 арзу шикояти интихобкунандаҳо расидагӣ шудааст, соҳибназарон мегӯянд, ки вакилон ҳеҷ мушкилоти асосии сокинони Тоҷикистонро нодида гирифтаанд ва дар ҳалли онҳо дахолати назаррас надоштаанд.

Фазои шитобзадаи порлумон дар нишаст ахир

Фазои ҷаласаи рӯҳи шитобзадагӣ дошт ва вакилон талош ба он доштанд, ки ҳамаи масоили баррасишавандаро бидуни баҳс тасвиб кунанд. Ҳатто пас аз даҳ дақиқаи анҷоми ҷаласа пайдо кардани вакиле дар утоқи кориаш ғайриимкон шуд. Аммо нахуст вакилон гузориши тақрибан яксоатии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагонро дар бораи фаъолияти палатаи поёнии порлумон ва натиҷаи кори нӯҳмоҳаи ин ниҳоди қонунгузори кишвар гӯш дода, онро маъқул донистанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки дар тӯли ин муддат дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон 171 масъала таҳлилу баррасӣ шуда, дар мавриди онҳо қарорҳо тасвиб шудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расиданд.

Ҷаноби Зуҳуров афзуд, ки вобаста ба талаботи замон ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурат пеш омад, ки ба 73 кодексу қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба вокуниш ба масоили марбут ба зиндагии сокинони кишвар гуфт:

"Дар давоми иҷлосияи панҷум наздик ба 1500 арзу шикоят ва муроҷиату дархости шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон ва мустақим ба худи вакилони мардумӣ расидагӣ шуд. Танҳо аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагон зиёда аз 150 дархосту аризаи сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои ҳалли мушкилоти интихобкунандагон тадбирҳои муносиб андешида шуданд".

Оё вакилон садои мардумро шуниданд?

Ин дар ҳолест, ки дар як соли охир ҷомеаи Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани арзиши хадамоти интернет ва ивази шиносномаҳо ба кортҳои пластикӣ шадидан изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар мавриди афзоиши нархи интернет ҳарчанд вакилони мардумӣ садо баланд карда бошанд ҳам, тасмиме дар ин замина нагирифтанд. Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ аз ин амр ҷилавгирӣ кард.

Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мавриди ивази шиносномаҳо ба корти пластикӣ шикояте расмие ба онҳо нарасидааст. Ҳарчанд созмонҳои ҷамъиятӣ мукарраран дархостҳои худро дар бораи тамдиди мӯҳлати ивази шиносномаҳо ба куллияи сохторҳои давлатӣ ирсол карда буданд.

"То ҳол ба Маҷлиси намояндагон дар ин бора шикояти расмӣ ворид нашудааст. Дар ҷаласаи порлумонӣ намояндаҳои вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки талош мекунанд то 15-уми август ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро ба кортҳои пластикӣ иваз кунанд. Як кумитаи Маҷлиси намояндагон ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад ва дар сурати зарурат мӯҳлати ивази шиноснома ба корти пластикӣ тамдид карда мешавад",-гуфт вакил Мавлудахон Мирзозода.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсии тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсии тоҷик.

Мушкили ивази шиносномаҳо ба кортҳои пластикӣ ба ин мавзӯъ рабт мегирад, ки тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони кишвар вазифадор шудаанд, ки то 15-уми август сим-кортҳои телефонҳои мобайли худро бо кортҳои нави пластикии ҳувияти худ ба қайд гиранд. Дар акси ҳол, ширкатҳои мобайл хидматрасониро онҳо қатъ мекунанд.

"Талош карданд, аммо на ҳамеша муваффақ буданд"

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсии тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 28-уми июн гуфт, ки вакилони тоҷик дар як соли ахир барои ҳалли мушкилоти сокинони кишвар талошҳое анҷом додаанд, аммо на ҳамеша муваффақ буданд. Ба унвони мисол, Парвиз Муллоҷонов аз болоравии нархи интернет ва табдили шиносномаҳо ёдовар шуд.

"Вакилони порлумони Тоҷикистон имсол ҳарчанд дар заминаи ҳифзи манофеи сокинон як каме фаъолтар аз солҳои қаблӣ буданд, аммо талоши онҳо ниҳоӣ карда намешуд. Ҳамин тавр дар бораи интернет изҳори нигаронӣ карданду халос. Дар бораи шиносномаҳои пластикӣ низ ҳамин тавр",-афзуд Парвиз Муллоҷонов.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Вазорати корҳои дохилӣ умедвор аст, ки то 15-уми август ҳамаи сокинони кишвар шиносномаҳояшонро ба кортҳои пластикӣ иваз мекунанд. Вай афзуд, ки агар то он замон сокинон натавонанд кортҳои пластикӣ бигиранд, пас ҳукумати Тоҷикистон сари мавзӯи тамдиди мӯҳлати ин амр чорабинӣ мекунад.

"Бе интихоботи шаффоф, ба мушкилот расидагӣ намешавад"

Амнияти Абдуназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон.
Амнияти Абдуназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон.

Амнияти Абдуназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне дар кишвар интихоботи шаффофу одилона сурат нагиранд, ҳеҷ вакили "таъйиншуда"-и ҳукуматӣ наметавонад ба мушкилоти сокинон расидагӣ кунад.

Зеро, ба эътиқоди ин сиёсатмадор, ҳарчанд "дар порлумони Тоҷикистон гӯё намояндаҳои ҳизбҳои мухталиф шомил шудаанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо бар асоси интихоботи воқеӣ узви маҷлис нашудаанд. Ба ин далел, онҳо наметавонанд бар хилофи сиёсатҳои ҳукумат вокуниш нишон диҳанд. Дар ин замина танҳо Саъидҷаъфар Усмонзода, роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон истисно мебошад",-мегӯяд Амнияти Абдуназар.

Феълан аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон, намояндаҳои 6 ҳизб ба узвияти Маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд. Аммо бештаре аз 63 вакили мардумӣ дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон намояндаҳои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ кишвар мебошанд. Аввали соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи нави порлумонӣ баргузор мешавад.

Шарҳҳоро бинед (12)

XS
SM
MD
LG