Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили пешазинтихоботии Маҷлиси намояндагон


Раиси порлумониТоҷикистон пеш аз таътил фаъолияти вакилонро дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ кард. Вале дар маҳофил мегӯянд, Маҷлиси намояндагон то ҳол як ниҳоди мустақил ва пурнуфуз дар арсаи давлатдории Тоҷикистон нашудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҳоле фаъолияти ин ниҳоди қонунгузорро натиҷагирӣ кард, ки то баргузории интихоботи парлумонӣ 7 моҳи дигар мондааст. Ҷаноби Зуҳуров дар гузориши худ талош кард, то бештар аз дастовардҳои парлумон сухан кунад. Вай фаъолияти иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагонро муассир арзёбӣ кард ва гуфт, дар ин давра фарҳанги қонунгузорӣ тақвият ёфт.

Ба гуфтаи раиси парлумон, дар як соли ахир вакилон 521 масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд ва аммо 32 тарҳи қонун, бинобар он ки сари вақт таҳия нашудаву камбудиҳои фанниву имлоӣ доштаанд, аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон бозпас гардонида шуданд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, «ояд зикр кард, ки масъалае ки то кунун ҳалли пурраи худро наёфтааст, масъалаи дар муҳлати муқарраргардида таҳия ва ба Шӯро пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо мебошад. Мо бо қарори Шӯро муҳлати баррасии лоиҳаҳои қонунҳоро дар кумитаҳо аз ду ҳафта то ду моҳ ва баъзан зиёдтар аз он низ муқаррар мекунем. Вале баъзан лоиҳаҳои қонунҳо дар ин муҳлат низ омода нагардида, аз кумитаҳо барои тамдиди муҳлати онҳо, дар баъзе ҳолатҳо зиёда аз як бору ду бор муроҷиат ворид мегардад. Аммо бо ин ҳам дар ин дара 2 қонуни конститсионӣ,6 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, 13 қонуни мукаммал, 69 тағйиру илова ба қонунҳо, 15 тағйиру илова ба кодексҳо, 31 созишнома, 2 конвенсия,35 қарор, 1 дурнамо, 3 шартнома, 2 протокол ва 1 барнома мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд.»

Бо ин ҳам раиси парлумон қабули 181 қонун аз сӯи вакилон, аз ҷумла дар бораи судҳо, сирри давлатӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилро ба унвони қонунҳои муҳиме ном бурд, ки дар ин давра тасвиб шудаанд.

Аммо хабарнигороне, ки масоили парлумониро дунбол мекунанд, аз чанд қонуни дигаре, ки қабули онҳо сару садоҳоро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард, мисол меоранд. Мардони Муҳаммад, хабарнигори порлумонии ББС, манъи истифодаи "коктейли молотов" ва ҳам манъи иҷозаи ширкат ба хориҷиён ба ҳангоми раҳпаймоиҳо ва пешбинӣ шудани ҷазо ба ҷавононе, ки дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, аз ҷумлаи қонунҳое, ном бурд, ки дар як соли ахир хотирмон будаанд.

Мардони Муҳаммад афзуд: «Ба атбоъи хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ иҷозат дода намешад, ки онҳо натанҳо ҳаққи ширкат балки ташкили раҳпаймоиҳоро надоранд, ва ин банд қаблан дар қонунгузории Тоҷикистон набуд.Ин албатта, рабт мегирад ба ҳаводиси ахири Украина, ки дар он ҷо намояндагони кишварҳои хориҷӣ хеле зиёд буданд.Аз ҷумла раҳбари собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва ҳатто Раҳматулло Зоиров низ тӯли як ҳафта дар он майдон иштирок кард. Парчамҳои кишварҳои дигар низ дар ин майдон зиёд ба назар мерасид. Ва қонуни дигари баҳсбарангез миёни ҲНИТ ва давлат дар бораи интихоботи маҷлиси олӣ буд, ки аскари пешниҳодҳои ин ҳизб ва ҳизби коммунист аз сӯи вакилон пазируфта нашуданд. Албатта дар ин як сол қонунҳои зиёди дигар ҳам қабул шудаанд, аммо дар амри иҷрои онҳо то як андоза мушкил пеш меояд.»

Вале Мардони Муҳаммад мегӯяд, ӯ хеле мехост, дар ин давра қонуни нав дар бораи интихоботи раёсатиҷумҳурӣ бо назардошти тавсияҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, арзишҳои демократӣ ва ширкати фаъоли аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ қабул гардад. Ба назари ҷаноби Муҳаммад, ин қонуни муҳим метавонист сару садоҳо дар мавриди ношаффоф баргузор шудани интихобот дар Тоҷикистонро аз байн бубарад.

Дар ҳамин ҳол, Сафарбек Кабиров, хабарнигори порлумонии "Имрӯз Нюс", тасвиби созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро яке аз муҳимтарин санадҳо донист, ки Маҷлиси Намояндагон бо қабули он ба кори беш аз 1-ним миллион муҳоҷири тоҷик дар хориҷи кишвар то андозае сабукӣ овард. Ӯ гуфт, «тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи то 15 рӯз дар ҳудуди Русия бе сабти расмӣ зистанро доранд ва ҳамчунин муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд иҷозатномаи корро дар ин кишвар аз як то се сол харидорӣ кунанд, ки ин буду боши муҳоиҷрони моро дар он кишвар соддатар кард.»

Аммо бо ин ҳам нозирони умури парлумонӣ, кори яксолаи Маҷлиси намояндагонро чандон чашмрас арзёбӣ намекунанд ва идомаи фаъолиятҳои қаблӣ медонанд. Аз нигоҳи онҳо ин ниҳоди қонунгузор, то ҳанӯз натавонистааст, ҷойгоҳи баланди қонунгузорӣ дар кишварро касб кунад ва аксаран бо таҳия ва қабули қонунҳое, ки бештар манфитаи ҳукуматро пуштибонӣ мекунад, иктифо менамояд. Ба таъкиди нозирони умур дар таҷрибаи ин шохаи муҳими давлатдорӣ, боре ҳам нашудааст, ки таҳаввулоти муҳими кишвар, ҳатто пушти дарҳои баста баррасӣ гардад.

Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик дар ин замина гуфт, «кори асосии порлумон назорат аз болои иҷрои қонунҳои қабул шуда аст ва Шукурҷон Зуҳуров низ асосан бояд дар ҳамин бора гузориш медод. Аз сӯи дигар порлумон шохаи давлатдориест, ки бояд аз мардум дифоъ бикунад, аммо дар ҳодисаҳои ахире, ки дар кишвар ба амал омаданд боре надидаем, ки вакилони ба ном мардумӣ боре андешаи худро баён дошта бошанд. Тавре мушоҳида мешавад, ки ниҳоди қонунгузор қудрати амалӣ кардан ва ҳато иҷро кардани рисолати хешро надоранд, зеро беша з 90 фойизи қонунҳо бо пешниҳоди ҳукумат сурат мегиранд на ин ки аз ҷониби худи вакилон. »

Зимнан, бо натиҷагирии кори порлумон тавассути Шукурҷон Зуҳуров, вакилон ба таътили тобистона мепардозанд, ки то аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ба ин тартиб ин охирин таътили вакилон хоҳад буд. Зеро мӯҳлати ваколати вакилони феълӣ, ки 90 дарсади курсиҳоро дар он намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳибанд, бо баргузории интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврали соли 2015 ва интихоби вакилони нав, ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG