Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар Тоҷикистон зебоӣ "қадр надорад"? ВИДЕО


Абдулло Неъматӣ даҳ сол боз рассом аст, барои онки рӯзгорашро таъмин кунад, бо фармоиш девори хонаҳоро меорояд. Чунки мусаввараҳояш даромад надоранд.

“Мешавад, ки чандин моҳ як расмро фурӯхта намешавад, лекин барои бисёр эҷодкорон ин муҳим нест, чунки агар рассом фақат дар фикри фурӯш бошад, эҷодиёташ мемирад” мегӯяд, ӯ.

Рассомон мегӯянд, мусаввараҳое, ки натиҷаи ранҷи ҳаррӯза ва бехобии шабҳои онҳост, дорои арзиши ҳунарианд, вале мутаассифона,миёни мардум харидор надоранд.

“Мардуми мо намехаранд, гӯем мешавад. Миқдоре, ки мехарад, барои он ки ба муаллимаш бурда диҳад. Ба ягон рафиқашон медиҳанд. Ниҳоят кам” – мегӯяд Вафо Назаров рассоми мардумии Тоҷикистон.

Абдулло Неъматӣ
Абдулло Неъматӣ

Набудани намоишгоҳи доимӣ дар Тоҷикистон як сабаби дигари камтаваҷӯҳӣ ба ҳунари рассомони ҳирфаӣ унвон мешавад. Умедҷон Аҳмадов рассоми тоҷик мегӯяд: “Мо дар хориҷ будем, дар онҷо намоишгоҳҳо чӣ фазо доранд. Чӣ асарҳоро пешниҳод мекунанд, ингуна ҷой дар Тоҷикистони мо вуҷуд надорад. Бисёр хуб мешуд, ки ҳамин хел маконеро месохтанду ба рассомон пешниҳод мекарданд.”

Дар коргоҳ асарҳои рассомон солҳо мунтазири харидор меистанд. Тарғибот ҳам кам аст ки мардум бидонанд, куҷо тасвиру наққошиҳоро метавонанд бубинанд ва ё бихаранд. Теъдоде аз харидорон пас аз пурсуҷуйҳои зиёд то коргоҳи рассом мерасанд.

Ҳама чиз қиммат, матои рассомӣ, рангҳо, чубе, ки истифода мебарем. Пул бидиҳӣ инро як кас нахарад, куҷо мекунед? Фақат тал зада мемонӣ меистад, ҳезуми бисёр” - мегӯяд Вафо Назаров.

Рассомон аз ҳукумат хостаанд, як гӯшаеро, дар хиёбонҳои марказӣ ба онҳо бидиҳад, то мусаввараҳои худро ба фурӯш монанду ба хориҷиён намоиш бидиҳанд. Ҳукумат ҳанӯз ба ин дархости онҳо ҷавоб надодааст.

Чаро дар Тоҷикистон зебоӣ "қадр надорад"?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:03 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG