Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маърифат Давлатова аз Зере Асилбек ҳимоят кард. ВИДЕО


Саҳнае аз оҳанги Зере

Зере Асилбек, овозхони 19-сола дар Қирғизистон, гуфт, ки ӯро барои иҷрои як тарона бо марг таҳдид кардаанд. Падари Зере – Асилбек Ҷоодонбеков – ба пулиси ноҳияи Иссиқотини шаҳри Бишкек шикоят кардааст. Ӯ рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари ариза, “скриншот” ё нусхаи акси таҳдидҳои интернетиро ҳам ба тафтишот супурдааст.

  • Овозхони таронаи “Қиз” ё “Духтар” Зере Асилбек баъди пахши клипи таронааш, ки аз мушкили табъизи духтарону занон дар ҷомеаи Қирғизистон баҳс мекунад, аз ҷониби афроди ношинос тавассути интернет таҳдидҳое ба мисли “саратро мебурам” дарёфт намуд.
Дар Қирғизистон ва шояд дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон духтарони зиёд бо табъиз рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин табъиз аз интиқоди тану бадани духтар сар карда, то маоши ками онҳо дар муқоиса бо мардонро дар бар мегирад.

Худи овозхон гуфт, дар вокуниш ба ин таронааш, ки дар они воҳид ҷомеаи Қирғизистонро ба баҳс водор кард, ҳам садои тарафдор ва ҳам мухолифонро дарёфт кардааст. Зере, ки саҳнаи иҷрои оҳангро як биёбон ва сару либосашро нимабараҳна интихоб кардааст, дар ин оҳангаш мегӯяд:

  • “Ба ман нагӯед, ки инро бикун ва онро накун”
  • “Ман эҳтироми туро ба ҷо меорам, ту ҳам маро эҳтиром кун”
  • Ва ниҳоят даъват мекунад, ки “Биё, як муҳити озоди худро бунёд мекунем”.

Мунтақидони Зере дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару либос ва мазмуни таронаи ин овозхони ҷавонро ба боди танқид кашида, ин амали ӯро хилоф бо меъёрҳои ахлоқиву динӣ арзёбӣ кардаанд.

Видео бо забони русӣ аст:

Зере: "Маро шӯришӣ мегӯянд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:28:30 0:00

Ҷонибдоронаш ӯро “як шӯришӣ” номидаанд, ки дар мавзӯи хеле доғи ҷомеа садо баланд кардааст. Зере Асилбек дар як сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "дар Қирғизистон ва шояд дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон духтарҳои зиёд бо табъиз рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин табъиз аз интиқоди тану бадани духтар сар карда, то маоши ками онҳо дар муқоиса бо мардон ифода мешавад. Фишори равонӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад ва ман дар ҳамин бора тарона иҷро кардам".

Зере мегӯяд, ҳадафаш таҳаммулпазирист

Зере Асилбек, ки овозхони касбӣ нест ва ин таронаи нахустини эҷодкардааш мебошад, гуфт, ҳадафи аслии ӯ аз эҷоди ин оҳанг тарбияи ҷомеа бар асоси арзишҳои эҳтирому таҳаммулпазирӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва таҳқир накардани муқаддасот ва эҳтимом ба назари нафарони дигар мебошад. Зере мегӯяд, умедвор аст, мунтақидонаш ҳам билохира пайғоми ӯро дуруст дарк карда, аз таҳқиру ҳамла ба ӯ даст мекашанд, чунки ҳар инсон ҳақ дорад андешаву афкори худро дошта бошад.

Яке аз нафароне, ки аз дур ин ҳамлаҳоро мушоҳида кардааст, рассоми тоҷик Маърифат Давлатова аст. Ин наққош айнан мисли Зере зери бори интиқоду маҳкумиятҳои як бахши ҷомеаи дохил ва беруни Тоҷикистон қарор гирифт.

Сабаби ин ҳамлаҳо – наққошиҳои бонувони нимабараҳнае буд, ки дар даҳаи аввали моҳи сентябри имсол дар меҳмонхонаи “Серена”-и пойтахт ба намоиш гузошта шуд. Мавҷи интиқодҳо, ки чанд ҳафта боз идома дорад, Маърифат Давлатоваро дар поймол кардани арзишҳои миллӣ ва дар симои ба назари онҳо таҳқиромез ифода кардани духтарону модарони тоҷик муттаҳам мекунанд. Худи Маърифат мегӯяд, наққошиҳои ӯ таҳқир неву осори ҳунар аст ба ҳеҷ сурат барои таҳқири шаъну эътибори касе равона нашудааст.

"Ҳолати ӯро хуб дарк мекунам"

Ӯ рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман клипи таронаи Зереро дидам. Дидам, ки бисёр баҳсу баррасӣ мешавад. Дидам, ки ӯро хеле зиёд интиқод мекунанд. Ман ин кори овозхонро пуштибонӣ мекунам. Пеш аз ҳама, аз назари ҳамраъйии занона аз ӯ ҳимоят мекунам. Аз сӯи дигар, худам ҳам, ки зери бори интиқодҳо қарор гирифтам, ҳолати ӯро хеле хуб дарк мекунам”.

Маърифат Давлатова
Маърифат Давлатова

Маърифат Давлатова ҳам қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни интиқоду маҳкумиятҳо таҳдид ҳам шунидааст. Вале ба фарқ аз Зере, Маърифат ба ҷое шикоят накард ва ба кори худ идома медиҳад.

Бархе аз ҷомеашиносон мегӯянд, кори ҳунармандоне ба мисли Маърифату Зере дар баробари ошкор кардани сатҳи таҳаммулпазирии ҷомеа ба осори ҳунарии наву ғайрианъанавӣ, имтиҳони ҷиддӣ барои бахши муҳофизакори ҷомеаҳои суннатии Тоҷикистону Қирғизистон шуд. Бархе мегӯянд, шӯру ғавғои бархоста баланд будани афкору андешаҳои наздик ба ифротгаро дар ин ҷомеаро ошкор мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG