Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен: «Маҳбусҳои Хуҷанд латту куб нашудаанд»


Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мавориди лату кӯби зиндониён дар маҳбаси шаҳри Хуҷандро рад мекунад.

Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ гуфт, ки дар моҳи ноябри соли гузашта як гуруҳ аз ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон, аз зиндонҳои Хуҷанд дидан кард.

Вай гуфт, ин гуруҳ пас аз арзу шикояти маҳбусҳо дар мавриди латтукӯб ва мавориди шиканҷа дар маҳбаси Хуҷанд, ки дар расонаҳо нашр шуда буд, ба Суғд сафар карда ва бо зиндониён чашм ба чашм суҳбат намуд.

Ҳусниддин Нидоев ба унвони масъули баррасии ин қазия аз ҷониби Омбудсмен гуфт, ки зиндониҳо латту куб нашудаанд, аммо мувофиқи қонуни қоидаи дохилӣ, зиндонӣ қабл аз ворид шудан ба маҳбас бояд мавриди бозҷӯӣ қарор бигирад, то таҷҳизоти мамнуъ, чун корд ва аслиҳаро ворид накунад. Ба гуфтаи ҷаноби Нидоев, маҳбус Суннатулло Ризоев аз ин раванд сарпечӣ намуда ва ин амали ӯ ба моҷаро анҷомидааст.

Аммо тавре Ҳусниддин Нидоев гуфт, маҳбусҳо мавриди латту куб қарор нагирифтаанд ва ба онҳо бадрафторӣ нашудааст. Ба қавли намояндаи Омбудсмен, маҳбусоне, ки ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, қасди бозгашт ба маҳбаси Душанберо надоранд.

Дар ҳамин ҳол ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода рӯзи 30-юми январ ба хабарнигорон гуфт, тайи як соли ахир муроҷиату шикояти сокинон ба ин ниҳод, бештар шудааст.

Ҷаноби Ализода, афзуд, ки сокинони кишвар бештар аз ҷазоҳои вазнини мақомоти судӣ, аз фаъолияти кормандони додситонҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ шикоят мекунанд. Дар соли 2012 ба ин ниҳод ҳамчунин 9 шикоят оид ба шиканҷа шудани маҳбусон ворид шудааст.

Дар пайи ин шикоёт ва сару садоҳо дар робита ба шиканҷа шудани маҳбусони тоҷик, мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои муайян кардани шароити нигаҳдории маҳбусони тоҷик дар маҳбасхонаҳо, аз 13 муассисаи ислоҳӣ ва ду тавқифгоҳи тафтишотӣ дидан карда ва бо маҳбусон сӯҳбати рӯ ба рӯ намудаанд.

Омбудсмени тоҷик мувофиқ набудани биноҳои ин муассисаҳо барои нигаҳдории теъдоди зиёди зиндониёнро, аз камбудиҳои аслӣ дар ин самт номид.
XS
SM
MD
LG