Пайвандҳои дастрасӣ

Тахриби манзили сокинон дар атрофи Фурудгоҳи Айнӣ. ВИДЕО, САДО


Даҳҳо сокини деҳаи Манаси шаҳри Ҳисор, ки дар ҳамсоягии Фурудгоҳи низомии Айнӣ ба сар мебаранд, дар авҷи шурӯи корҳои васеъсозии ҳудуди фурудгоҳ аз ҳисоби заминҳои ҳавлиҳояшон, мегӯянд, мақомот бо ин кори худ онҳоро дар ҳолати мушкил қарор медиҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сохтмони хатти девори нави фурудгоҳ қарор аст аз ҳудуди ҳавлиҳои сокинони деҳ гузарад ва дар навбати аввал тахриби иншоот дар 22 ҳавлӣ сурат мегирад. Дар маҷмӯъ қарор аст ҳудудан 70 ҳавлии сокинони Манас ба фоидаи фурудгоҳ тахриб шавад. Мақомот гуфтаанд, ки барои сокинон 5 сотихӣ замин ҷудо карда, омода ҳастанд тадриҷан пули манзили зисти иҷораи онҳоро пардохт кунанд.

Дар умум ба хотири васеъ кардани Фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳудуди 70 оилаи ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор бояд манзилашонро тарк кунанд ва 22 оилаи дар навбати аввал аз манзилҳояшон берун карда мешаванд.

Вале мушкили сокинони деҳ, ба гуфтаи онҳо, дар фурсати маҳдуд холӣ кардани манзил ва саривақт ва пурра пардохт нашудани маблағи манзилҳои онҳо мебошад. Дар миёни сокиноне, ки манзилашон бояд тахриб шавад, хонаводаҳои серкӯдаки муҳоҷирони корӣ ҳам мебошанд. Рӯзи 14-уми август август аксар сокинони деҳаи Манас, ки аз талошҳои тракторе барои шикастани девори хонаву ҳавлиҳояшон нигарон шуданд, гуфтанд, бо шурӯи тахриби хонаҳо онҳо амалан намедонанд ба куҷо раванд.

Ба гуфтаи сокинон, танҳо оғози моҳи август барояшон аз дигар макони шаҳри Ҳисор замин ҷудо карда, бидуни пардохти ҳаққи манзил талаб карданд, ки ба зудӣ хонаҳои худро холӣ кунанд. Ин сокинон мегӯянд, ки ҷое барои рафтан надоранд. Вале мақомот мегӯянд, кор дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад ва сокинон аз қабл барои тарки манзилашон огоҳ шуда буданд.

"Магар дар кӯча таваллуд кунам?"

Азамат Мусаябова дар деҳаи Манаси ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор бо 4 тифлаш зиндагӣ дорад ва интизори ба дунё омадани тифли панҷумаш аст. Шавҳари Мусаябова дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Азамат мегӯяд, чанд сол қабл бо пули аз муҳоҷират фиристодаи ҳамсараш се утоқи нав сохтанд, вале тавонашон барои насби дару тиреза ва таъмири он нарасид. Мақомот ба оилаи Азамат гуфтаанд, ки ба ғайр аз хонаҳои навбунёдаш, ӯ бояд хонаҳои ҳоло истиқомат мекарда, ошхона, ҳоҷатхона ва оғилхонаашро тахриб кунад. Чун дар макони онҳо девори фурудгоҳи низомии Айнӣ бунёд мешавад.

“Ба ман мегӯянд, дар ҳамин хонаҳои бедару тиреза зиндагӣ кун. Барои мо ошхона, ҳоҷатхона, аловхона нест, фақат 5 сотих замин дода, мегӯянд, рафта дар ҳамон ҷо зиндагӣ кунед. Хонаҳои асосии истиқоматиамонро мекананд. Дар хонае, ки ҳоло дарду тиреза надорад, мегӯянд, ки даромада зиндагӣ кунед. Дар руйи хок зиндагӣ карда намешавад. Чор кӯдаки ноболиғ дорам ва боз ҳомилдаор ҳастам. Магар дар қади кӯча таваллуд кунам", - мегӯяд Азамат.

Азамат мегӯянд, падару модараш нафақахӯр буда, наметавонанд ӯро бо 4 тифлаш ба хонаашон қабул кунанд. Хусуру хушдомани Азамат низ фавтида, дар манзили онҳо хоҳарони ҳамсараш зиндагӣ доранд ва ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, “худашон базӯр меғунҷанд.” Азамат танҳо нест ва ҳамроҳи ӯ 22 оилаи дигар то рӯзи душанбеи 14 август аз мақомот фурсат гирифта буданд, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

"Пулро медиҳем, аммо дертар"

Масъулини ҳукумати шаҳри Ҳисор, ки дар деҳаи Манас қарор доштанд, нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Роҳбарияти шаҳри Ҳисор, ки талош доштанд мардумро ором кунанд, ба сокинони танҳо ваъда медоданд, ки ба онҳо манзили иҷора дода ва маблағҳои манзилашон пардохта мешавад.

Як масъули ҳукумати ин шаҳр гуфт, маблағ барои манзили сокинон ҷудо шуда, барои анҷоми пардохти он ба сокинон танҳо баъзе расмиёт боқӣ мондааст. Ин масъули ҳукумати шаҳри Ҳисор маблағи ҷудошуда барои манзилҳои 22 сокини ҷамоати Шарораро, ки бояд тахриб шаванд, наздики 4,5 миллион сомонӣ гуфт.

Раҳмиддин Ҳалимов, раиси ҷамоати Шарора дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи манзили сокинон марҳила ба марҳила дода мешавад. Ҳалимов гуфт, танҳо он қисмати манзили сокинон бардошта мешавад, ки дар онҷо девори Фурудгоҳи низомии Айнӣ бунёд мешавад.

"Танҳо манзили шаш нафари онҳо тахриб мешавад, дигараш ҳавлӣ аст. Яъне замини давлат аст. То пулашонро надиҳанд, мардум аз ҷояш намехезанд. Манзили баъзе аз сокинон 200-300 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир мардум бояд ҷойи деворро холӣ кунанд", - гуфт раиси ҷамоати Шарора.

Ҳарчанд Раиси ҷамоати Шарора ваъда дода буд, ки то пардохти маблағ хонаи сокинон тахриб намешавад, аммо баъд аз зуҳри 14 август сокинони деҳаи Манаси ҷамоати Шарора ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки аллакай тахриби манзили онҳо шурӯъ шудааст. Ҳарчанд сокинон дар оғоз монеи вайрон кардани манзилҳояшон шуданд, аммо баъд аз зуҳр мақомот ба тахриби манзилҳо шурӯъ карданд.

"Бо 8 фарзанд ба куҷо равем?"

Бахтинисо Шоева, сокини дигари деҳаи Манаси ҷамоати Шарора низ мегӯяд, бо 8 фарзанд ба куҷо рафтанашро намедонад. Мақомот ба Бахтинисо гуфтаанд, ки ё дар як хонааш истад ва ё манзилашро канда масолеҳашро бурда дар замини ҷудошуда манзили нав бунёд кунад. Аммо Бахтинисо мегӯяд, дар ҳоле, ки шавҳараш муҳоҷири меҳнатӣ аст, ӯ чигуна метавонад бе маблағ манзили нав бунёд кунад?

Бахтинисо мегӯяд: "Нони кӯдакамро дар куҷо пазам, хӯроки кӯдакамро дар куҷо омода кунам? Мегӯянд, дар як хона зиндагӣ кунед, дигарашро меканем. Мегӯем, ки пуламонро диҳед, хунукӣ оғоз нашуда, мо рафта хонаамонро созем, инҷо аз шумо".

Дар умум ба хотири васеъ кардани Фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳудуди 70 оилаи ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор бояд манзилашонро тарк кунанд ва 22 оилаи дар навбати аввал аз манзилҳояшон берун карда мешаванд. Сокинон мегӯянд, дар оғози моҳи август мақомот ба онҳо аз дигар макон 5 сотихи замин ҷудо карда, қимати манзилҳои онҳоро низ ҳисоб карда буданд. Рӯзи 14 август, замоне ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба деҳаи Манаси ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор рафтанд, сокини зиёде ҷамъ шуда, монеи тракторе мешуданд, ки мақомот онро барои тахриби манзилҳои онҳо оварда буданд.

"Фурудгоҳ бояд 250 гектар васеъ шавад"

Манзилҳои як гурӯҳ аз сокинони деҳаи Манаси шаҳри Ҳисор дар ҳоле тахриб мешавад, ки қаблан мақомот гуфтанд, масоҳати Фурудгоҳи низомии Айнӣ бояд то 250 гектар васеътар шавад. Ин фурудгоҳ яке аз иншоотҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба гуфтаи мақомот, майдони парвози он барои нишасту бархости тайёраҳои низомӣ низ мувофиқ карда хоҳад шуд.

Мавзӯи истифодаи ин фурудгоҳ дар канори шаҳри Душанбе, солҳост, дар Тоҷикистон матраҳ мешавад ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ низ ҳавасмандии худро ҷиҳати иҷораи ин фурудгоҳ ва таъсиси пойгоҳи ҳарбиву ҳавоӣ иброз дошта буданд. Замони Шӯравӣ ин фурудгоҳ ба ҳайси макони таъмири чархболҳо истифода мешуд ва чанд соли пеш бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд ва ҳоло дар иҷораи пойгоҳи 201-и Русия қарор дорад.

Масоҳати он барои истифодаи ҳавопаймоҳо кифоят намекард ва соле пеш мақомот гуфтанд, барои васеъ кардани майдони фурудгоҳ бояд хонаҳои атрофи он ҳам тибқи як барнома, кӯч дода шаванд. Дар пайи васеъ кардани масоҳати ин фурудгоҳ ҳудуди 400 хонавода дар Ҳисору Рӯдакӣ ба ҷойи дигар кӯчонда мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG