Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлат Чолов дар Сурия кушта шудааст"


Муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ дар Кӯлоб хабар дод, ки Давлат Чолов дар як набард бо нерӯҳои давлатии Сурия кушта шудааст ва наздиконаш ҳам гуфтанд, ки барои ӯ азо гирифтаанд.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки бино ба иттилои фаврӣ-ҷустуҷӯии онҳо Давлат Чолови 45-сола, бародари Қурбон Чолов - фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ дар яке аз набардҳои Сурия кушта шудааст. Ин хабарро Абдуқодир Мирзозода - муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб 18 январ ба Радиои Озодӣ расонд ва наздикони Давлат Чолов низ дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки барои ӯ азо гирифтаанд.

Хабари ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастани Давлат Чолов ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ аз забони Абдуқодир Мирзозода садо дод. Ӯ гуфта буд, бар асоси иттилои онҳо Чолов дар майдонҳои ҷанг дар Ироқ қарор дорад.

Аммо Мирзозода рӯзи 18 январ ин хабарашро тасҳеҳ кард ва гуфт: "Рӯзи шанбе барои иштирок дар ҷаласаи мушовараи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе қарор доштам. Онҷо огоҳ карданд, ки бар асоси иттилои фаврӣ–ҷустуҷӯии мо Давлат Чолов алакай дар як набарди Сурия кушта шудааст. Ва бояд ин иттилоъро дар нишасти матбуотӣ мегуфтем."

Абдуқодир Мирзозода
Абдуқодир Мирзозода

Муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ки ин иттилоъ дақиқ буда, онро раҳбари дастгоҳи вазорат низ тасдиқ мекунад. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар ҷаласаи мушовараи ВКД дар бораи Давлат Чолов ҳарфе зада нашудааст. Вале ӯ гуфт, ки ҷузъиёти қазияи Давлат Чоловро аз мақомот пурсида, баъдан хабарашро хоҳад дод.

Яке аз наздикони Давлат Чолов ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки хабари марги ӯ то онҳо низ расидааст. "Ба мо ҳам хабари марги ӯро расонданд ва барояш алакай азо гирифтем. Вале ҳанӯз ҳақиқати ҳол бароямон рӯшан нест, ки кай ва дар куҷо ба ҳалокат расидааст," – афзуд яке аз наздикони Давлат Чолов.

Давлат Чолови 45-сола чор моҳ пеш ғайб зад ва баъдан сару садоҳое дар бораи сафари ӯ ба Сурия пайдо шуд. Ӯ моҳи феврали соли 2014 дар фурудгоҳи Душанбе, ҳангоме ки қасди парвоз ба Туркияро дошт, боздошт шуд. Мақомот ӯро ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” ва қасди пайвастан ба ин гурӯҳ айбдор карданд.

Вале моҳи декабри ҳамон сол ӯ бо пардохти ҷарима озод шуд. Мақомот танҳо бо ҷарима озод шудани ӯро ба “сидқан пушаймон шудан” ва “ҳамкорӣ бо тафтишот” бастагӣ доданд. Ҷомӣ Чолов, писари Давлат Чолов рӯзи 14 декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки падараш 24 сентябри соли 2015, дар рӯзи Иди Қурбон аз хона берун шуда ва то ҳол ҳеч нишоне аз ӯ дарёфт накардаанд.

Давлат Чолов дар гузашта дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон хидмат мекард ва унвони майорро дошт. Дар соли 2003 Давлат Чолов баъд аз гунаҳкор шуданаш дар ғайб задани силоҳ аз қисми низомие, ки хидмат мекард, як муддат ба Афғонистон ҳам фирор карда буд.

XS
SM
MD
LG