Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: "Аврупо ба ҷои истирдод, паноҳгоҳ медиҳад". ВИДЕО


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё СПАД то ба ҳол созмону ҳизбҳое, ки дар Тоҷикистон террористиву экстремистӣ эълон шудаанд, мамнӯъ эътироф накардаанд ва барои боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани аъзои онҳо, чора намеандешанд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон созмонҳои мисли ҲНИТ ва Гурӯҳи 24-ро "мамнӯъ, экстремистӣ ва террористӣ" номидааст, худи ин гурӯҳҳо чунин иттиҳомотро қабул надоранд ва мамнӯияти фаъолияти худро ҳамчун талоши ҳукумат барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани мухолифон интиқод мекунанд.

Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31-уми март дар нишасте дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар Душанбе гуфт, "аз террористӣ ва экстремистӣ эълон шудани созмони "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ чанд сол сипарӣ шуд, аммо кишварҳои узви СПАД ҳанӯз ин созмонҳоро ба рӯйхати ягонаи сиёҳ ворид накардаанд."

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бархе созмонҳо ва кишварҳои аврупоӣ аз ин ҳизбу созмонҳо пуштибонӣ карда, онҳоро ҳамчун мухолифини сиёсии Тоҷикистон мешиносанд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ин намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, бархе созмонҳо ва кишварҳои аврупоӣ аз ин ҳизбу созмонҳо пуштибонӣ карда, онҳоро ҳамчун мухолифини сиёсии Тоҷикистон мешиносанд. Шоҳин Талбакзода афзуд, ки раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар пулиси байналмилалӣ "таҳти рамзи сурх барои чустуҷӯ ва боздошт" қарор дорад. Аммо бархе кишварҳои аврупоӣ ба чунин шахсоне, ки дар кофтукови қарор доранд, ба ҷои боздошт ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд.

Мирҳат Шарифҷон, таҳлилгари масоили минтақавӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, кишварҳои мавриди назари Тоҷикистон натанҳо узви СПАД ҳастанд, балки узви дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳастанд, ки дар назди онҳо ҳам ӯҳдадорӣ доранд, санаду эъломияҳои дигари байналмилалиро тасвиб кардаанд ва наметавонанд бидуни мулоҳиза ин гуруҳҳоро ба рӯйхати террористиву экстремистӣ шомил кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Кишварҳои СПАД то ҳол созмонҳои террористии Тоҷикистонро мамнӯъ эътироф накардаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Вай гуфт: “Бинобар ин ягон кишваре ки худашро ҳурмат мекунад, чӣ кишвари узви СПАД бошад ва ё на, ба таври осемасар ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро террористиву экстремистӣ эълон намекунад. Террористиву экстремистӣ эълон кардани гурӯҳу ҳизбҳое, ки ҳоло мо дар мавридашон сухан меронем, аз сӯи давлатҳо вокунишҳои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсонро ба бор меорад . Бинобар ин кишварҳо дар ин амр шитоб намекунанд”.

Интерпол ё пулиси байналмилалӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2016 таҳти пайгард қарор дода буд. Интерпол гуфта буд, ки раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро бо дархости ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад.

Муҳиддин Кабирӣ аз моҳи марти соли 2015 ба ин тараф дар хориҷ ба сар мебарад. Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст ва чанд дафъа гурӯҳи занону ҷавонон низ пушти дари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Олмон дар Душанбе таҷаммӯъ карда ва хоста буданд, Аврупо Кабириро ба Тоҷикистон таслим кунад.

Додгоҳи олӣ рӯзи 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон -- ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Мақомоти тоҷик ин ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби собиқ муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Аммо раҳбарияти ин ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, тамоми ин иттиҳомотро рад ва ин ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунад.

Шабнам Худойдодова, як фаъоли "Гурӯҳи 24" қаблан дар Белорус боздошт шуда буд.
Шабнам Худойдодова, як фаъоли "Гурӯҳи 24" қаблан дар Белорус боздошт шуда буд.

Дар гузашта бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, назири Беларус ва Молдова маҳз ба хотири дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияҳо, аз истирдоди фаъолони бархе гурӯҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, аз ҷумла “Гурӯҳи 24”, худдорӣ карда буданд.

Созмони «Гурӯҳи 24», ки аз сӯи Умаралӣ Қувватов таъсис шуда буд, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ дар қаламрави кишвар эълон шудааст. Худи Умаралӣ Қувватов шаби 5 марти соли 2015 дар маҳаллаи Фотеҳи Истамбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби як тири туфангча кушта шуд.

Аз рӯи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ду соли охир аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 20 шаҳрванди кишвар истирдод шудаанд. Аксари онҳо дар Русия боздошт гардидаанд. Дар миёни онҳо – фаъолони “Гурӯҳи 24” ва аъзои ҲНИТ мебошанд, ки баъдан дар Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG