Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Илҳом Муҳамадиев корманди Муассисаи давлатии Раёсати оромгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо ҳангоми ситонидани пора дар ивази фурӯши замин боздошт карданд.
Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 13 июн бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Илҳом Муҳамадиев, корманди Раёсати оромгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар дохили қаҳвахонаи «Арена» ҳангоми аз шаҳрванд Хуршед Шарифов гирифтани 10 ҳазору 500 доллар боздошт шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Илҳом Муҳамадиев дар ибтидо ваъда додаст, ки бар ивази 14 ҳазор доллари амрикоӣ 12 сотих замини наздиҳавлигиро аз ҳисоби заминҳои дар кӯчаи «Сари Осиё»-и шаҳри Душанбе воқеъбуда ба ду шаҳрванд ба андозаи 6 сотихи тақсим хоҳад кард.
Бо ин мақсад корманди Раёсати оромгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе бо Хуршед Шарипов вохӯрда, ҳамчун пешпардохт барои омода кардани қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ, 2 ҳазор долари амрикоӣ ва шиносномаи миллии ӯро мегирад.
Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, онҳо бори дуввум вохӯрда барои омода кардани қарори ҳукумати шаҳр ва санадҳои замин дар мавриди ҷудо намудани қисми боқимондаи замини наздиҳавлигӣ машварат мекунанд, ки дар ивази ин хизмат Илҳом Муҳаммадиев аз Хуршед Шарифов боз 1500 доллар мегирад.
Аммо дар пайи ин машваратҳо онҳо тасмим мегиранд, ки барои пурра ба ихтиёри Хуршед Шарифов додани ҳамаи сандаҳои қитъаҳои замин дар қаҳвахонаи «Арена» воқеъ дарр маҳаллаи Қараболо вохӯранд ва ҳамзамон аз вай маблағи боқимонда дар ҳаҷми 10 ҳазору 500 долларро соҳиб шавад.
Оҷонсии зидди корпусия мегӯяд, ки дар таърихи 2 май вақте, ки Илҳом Муҳаммадиев дар қаҳвахона ин маблағро ба дасти Хуршед Шарифов гирифт, аз тарафи кормандони Оҷонсӣ боздошт шуда, алайҳи ӯ тибқи моддаҳои 247, қисми 4, яъне кӯшиши ришватситонӣ парванда боз карда шудааст.
Феълан Илҳом Муҳаммадиев дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсии мубориза бо фасод нигоҳдорӣ шуда, дар нисбати ӯ тафтишоти пешакӣ идома дорад.