Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз инҷо об мебаранд, то муродашон ҳосил шавад" ВИДЕО


Ҳар рӯз даҳҳо нафар аз ин чашмаи сард об мебаранд.

Мавзеи Чилучорчашма воқеъ дар байни ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав, яке аз ҷойҳои диданӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳар кӣ инҷо ба муроде меояд. Бархе бо ин пиндор, ки аз Чиҳилучорчашма мӯъҷиза мехезад, ба зиёрати ин макон меоянд. Ба бовари ин гурӯҳ, ҳар кӣ инҷо биояд ва талаби фарзанд кунад, ба муродаш мерасад.

Робия Почоқулова, ки ба қавли ӯ, муродаш дар инҷо ҳосил шудааст, мегӯяд, духтараш ба нияти соҳиби фарзанд шудан ба оби Чилучорчашма даромад ва фарзанд ёфт." Ин гуна боварҳо рӯзе даҳҳо тан аз ниёзмандонро ба Чилучорчашма меорад.

Дар бораи пайдоиши Чилучорчашма ривоятҳо гуногунанд. Мардум мегӯянд, ки бо дуои Бобои Қамбар, пири галлабонҳо, ин чашмаҳо аз замин ҷӯш заданд. Муҳақиқон мегӯянд, ки ин чашмаҳо дар асрҳои 3-4 пайдо шудаанд.

"Аз инҷо об мебаранд, ки соҳиби фарзанд шаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Чиҳилучорчашма аз 17 ҳавз, ки ҳар кадом аз 2 то 4 чашма дорад, иборат аст. Он чӣ инҷо воқеан тасхиркунанда аст, дар оби мусаффо шино кардани моҳиҳост. Вуҷуди онҳо дар ин ҳавзҳо ҳайратовар аст. Тибқи эътиқоди мардум, шикори онҳо гуноҳ аст.

Ба ҷуз мардумон аз гӯшаву канори Тоҷикистон, сайёҳон аз Эрон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо ба ин зиёратгоҳ меоянд. Гоҳҳо оби онро ба кишварҳои худ мебаранд.

Мақомот ҳоло мехоҳанд, ки ба Чилучорчашма сайёҳони бештарро ҷалб кунанд. Ҳукумати Хатлон қаблан гуфтааст, ки аз 3,4 миллион доллар гранти Бонки Ҷаҳонӣ барои тармиму азнавсозии ёдгориҳои таърихӣ дар Хатлон, 2 миллион доллари он барои ободии Чилучорчашма ихтисос хоҳад ёфт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG