Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел роҳҳову пулҳоро дар Сангвор вайрон кард. ВИДЕО


Сели мудҳиш дар ноҳияи Сангвор роҳҳо ва як пулро хароб кард ва ба хонаҳои мардум осеб расонд.

Корбарони Радиои Озодӣ як видеоро аз деҳаи Ёзғанд ба мо фиристоданд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна сел як пулеро дар як лаҳза вайрон мекунад. Корбаре, ки видеоро аз тариқи Вотсапп фиристод, гуфт, ки дар натиҷаи сел чанд хона ва киштзорҳои мардум зарар дидаанд. Чанд видеои дигаре ҳам аз ноҳия ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки нишон медиҳад, заминҳои васеъ зери оби гилолудаи ғализ мондаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “комиссияи махсус бо раҳбарии муовини раиси кумита ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва корҳо барои маълум кардани ҳаҷми зарар ва барқарорсозӣ идома дорад.” Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд фалокат ба чанд деҳа зарар расонидааст, аммо хушбахтона талафоти ҷонӣ нест.

Саҳнаи мудҳиши сели вайронгар дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:15 0:00

​Чаҳор рӯз пештар аз фалокати табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда эълон кард, ки дар натиҷаи болоравии ҳарорат, эҳтимоли об шудани барфҳо ва пиряхҳо меафзояд ва мумкин аст, болоравии сатҳи об сабаби обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг шавад.

Тоҷикистон, ки 93 дар сади қаламраваш кӯҳистон аст, як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба шумор меравад. Солона дар натиҷаи обхезиву тарма ва даҳҳо нафар ба ҳалокат мерасанд.

Агар дар маҳалли ҳодиса ҳастед ва ё осеб дидаед ба мо нависед. Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва ИМО-и Радиои Озодӣ +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG