Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон - ҷоизадори Бонки Исломии Рушд


Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илму фанновариҳо яке аз ҷоизаҳои Бонки Исломии Рушдро ба даст овард.

Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки Исломии Рушд ахиран бо эълони номи барандагони озмун гуфт, ки ба ҳар кадоми онҳо ба миқдори 100 ҳазор доллар ҷоиза дода мешавад.

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино сазовори ҷоизае дар бахши пажӯҳишгоҳҳое шудааст, ки аз ҳама зиёд ба таҳқиқоту мақолаҳои он истинод кардаанд.

Барои дарёфти ҷоизаи мазкур номзадии 17 муассиса аз кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд пешниҳод шуда буд ва дар заминаи "истинод ё зикри исми муассисаи илмӣ" баҳои баландро Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гирифтааст.

Бонки Исломии Рушд мегӯяд, ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамчунин бо ниҳодҳои дохилӣ ва минтақаиву байналмилалӣ ҳамкориҳои бисёр қавӣ дорад.

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1939 таъсис шуда, ягона мактаби олии тиббӣ дар кишвар ба шумор меравад. Он пойгоҳи асосии илмӣ ва маркази таҳияи кадр барои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар 73 соли фаъолияташ донишгоҳ садҳо ҳазор мутахассиси соҳаи тибро ба камол расонда, бо дастпарварони саршиносаш дар Тоҷикистон ва берун аз он обрӯву эътибори баланд пайдо кардаааст. Дар ин муддат донишгоҳро 34 ҳазор нафар хатм намуда, аксари онҳо бо фаъолиятҳои тиббӣ машғуланд. Аз миёни онҳо даҳҳо академик ва садҳо профессори соҳаи тиб ба камол расидаанд, ки номи чанде аз онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруф гаштааст.

Доктори илми тиб, профессор Саид Қурбонов, ки феълан муовини аввали раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро аст, мегӯяд, дар назди донишгоҳ озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ фаъол аст, ки аввалин як чунин муассиса дар тамоми Осиёи Марказист. Қурбонов гуфт, “Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, ки яке аз зерсохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, дар он аз сарвар то коргар
ҳамагӣ корманди илмии донишгоҳанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ марказҳои клиникии таълимии стамотологӣ ва ташхиси табобатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо дар баробари таълиму тарбияи шогирдон, инчунин, корҳои илмӣ низ анҷом мешаванд. Ғайр аз ин, дар назди кафедраҳои донишгоҳ озмоишгоҳҳои кафедравӣ фаъолият доранд, ки он ҷо олимони ҷавон корҳои илмии худро такмил медиҳанд. Ҳамаи ин марказҳо бо технологияҳои муосир таҷҳизонида шудаанд”.

Ба таъкиди ҷаноби Қурбонов, мутахассисон аз Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои докториву номзадии худро анҷом медиҳанд. Зимнан, фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии ин донишгоҳ низ ба тамоми талаботе, ки аз тарафи комиссияи олии аттестатсионии Русия муайян гардидааст, ҷавобгӯст ва то имрӯз ягон рисолаи илмии мутахассисони ин донишгоҳ бозпас гирифта нашудааст.

Профессор Қурбонов меафзояд, дар интихоби мавзӯи корҳои илмӣ донишгоҳ ягон маҳдудияте пеш нагузоштааст ва талош мекунад, ки доираи мавзӯъҳо густарда бошад. Донишгоҳ панҷ шӯрои дисерататсионӣ дорад, ки дар онҳо аз рӯи 12 ихтисос солона то 50 рисолаи номзадӣ ва докторӣ баррасӣ мешаванд.

Бар пояи пажӯҳишҳои илмии панҷ соли охир, пизишкони тоҷик дар баробари анҷоми амалиёти нейрохирургӣ, ҳамли сунъӣ, табобати ҷигар, ҷарроҳии дил, илтиҳоби шуш, инчунин, ба пайванди аъзои бадан ва парвариши ҳуҷайраву бофтаҳо шурӯъ карданд, ки ба ақидаи коршиносон, маҳз ин далели аввали пешрафти онҳоро дар қитъаи Осиё ба намоиш гузошт.

Бо вуҷуди пешрафтҳои чашмрас, солҳои охир, мисли дигар муассисаҳои олии кишвар, донишгоҳи тибии Тоҷикистон ҳам интиқод мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки сатҳи таълим дар донишгоҳ назар ба солҳои пеш коста шудааст. Шикоят аз муроот нашудани савганди Ҳипократ ва афзоиши иштибоҳҳои пизишкӣ, аз меъёр зиёд тиҷоратӣ шудани тиб ба эътибори кормандони соҳа зарба задааст.

Аммо масъулони донишгоҳ мегӯянд, набояд ба сатҳи таълим аз рӯйи "намунаҳои ватанӣ" баҳо дод. Онҳо меафзоянд, дар ҳоли ҳозир хатмкардагони ин донишгоҳ ба ғайр аз Русия, дар кишварҳое чун Амрико, Чин, Исроил, Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон машғули коранд. Танҳо дар давлати Яман 700 хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Саид Қурбонов дар посух ба саволи сатҳи саводнокии донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ дар хориҷи кишвар чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад, афзуд: ”Соли гузашта 157 нафар донишҷӯёни ҳиндӣ донишгоҳро хамт карданд. Онҳо баъди баргашт ба ватани худ бояд барои фаъолият дар Ҳиндустон имтиҳони шифоҳӣ месупориданд. Пас аз чанд муддат ба мо телеграмма расид, ки ба 157 нафар дастпарвари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар Ҳиндустон иҷозаи кор дода шудаст”, - гуфи ӯ.

Дар ҳамин ҳол, чанд нафар аз дастпарварони донишгоҳ гуфтанд, онҳо бо ихтисоси худ дар хориҷ аз кишвар ҷои кор пайдо карда тавонистаанду фаъолияти густардае ҳам доранд.

Илёс Солеҳов - як ҷавони 28-солаи тоҷик, ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури бемориҳои пӯст хатм кардааст, мегӯяд, муддати якуним сол ба ҳайси духтури бемориҳои пӯст дар беморхонаи марказии шаҳри Дунови Русия фаъолият мекунад. Ҳарчанд Илёс мебоист пас аз хатми донишгоҳ тибқи роҳхат ба ноҳияи Шаҳринав ба кор мерафт, аммо ӯро дар беморхонаи ин ноҳия ба кор қабул накарданду ӯ фаъолияташро дар дармонгоҳи клиникии шаҳрии №1-и пойтахт оғоз кард.

Баъди чор соли кор дар ин дармонгоҳ ӯ ба Русия рафт ва муддати як сол аст, ки он ҷо фаъолият дорад ва ҳамчунин ба ҳайси духтури ёрии таъҷилӣ дар ин беморхона навбатдорӣ ҳам мекунад:

«Агар кадр босавод бошад, дар ҳама ҷо кор меёбад. Вақте ки аз Тоҷикистон ба Русия омадам, ин ҷо дубора имтиҳони шифоҳӣ супоридам ва маро дар ин бемористон ба кор қабул карданду бароям хона низ доданд. Маоши моҳонаам то 20 ҳазор рубли русӣ аст, ки баробар ба 700 ё 800 доллари амрикоист. Дастпарварони донишгоҳи тиббӣ дар Русия ва кишварҳои дигар зиёданд. Ин вобаста ба сатҳи дониши онҳост. Дар асл шароити кор дар беморхонаҳои Русия беҳтар аст. Вақте ки ман барои кор ба Русия омадам, дар ин ҷо асбобҳои тиббиеро дидам, ки то ҳол дар ягон беморхонаи Тоҷикистон нест. Ман тавонистам истифодаи онҳоро дар як муддати кӯтоҳ аз худ кунам».

Масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯянд, алоқамандии донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷӣ имиҷи донишгоҳро хеле боло бурдааст. Донишгоҳ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои хориҷӣ низ мутахассис омода мекунад.

Дар замони Шӯравӣ донишҷӯёни хориҷӣ тибқи тақсимот ва роҳхатҳои Маскав ба ин ҷо фиристода мешуданд. Аммо он замон низ довталабони ин маркази таълимӣ зиёд буданду хоҳиш мекарданд, ки онҳоро барои таҳсил ба ин донишгоҳ фиристанд.

Фараҳнози Абулсамад, шаҳрванди Эрон, донишҷӯи соли чоруми донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, ки дар бахши дандонпизишкӣ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, дар интихоби донишгоҳ барои таҳсил хато накардааст. Бародари калонии ӯ низ ин донишгоҳро бо ихтисоси урологӣ хатм кардаву имрӯз дар Эрон машғул ба кор аст: “Вақте бародарам ин ҷоро хатм кард, барои пайдо кардани ҷои кор мушкил дошт, аммо вақте дар кишвари худамон аз ӯ имтиҳон гирифтанд, ӯ тавонист бе ягон мушкил ба кор қабул шавад. Таҳсил дар ин ҷо нисбат ба дигар кишварҳо арзон асту мутахассисони ин донишгоҳ, фикр мекунам, дар хориҷи кишвар низ ҷои кор пайдо карда метавонанд”.

Муҳаммад Юнус, донишҷӯи соли аввали донишгоҳ, мегӯяд, аз вилояти Қундузи Афғонистон омадааст. Вай қаблан аз донишгоҳҳои тиббии Ӯзбакистону Русия дидан кардаву мувофиқтарин донишгоҳ барои таҳсили худро дар Тоҷикистон интихоб кардааст: “Аслан ҳамзабонем, баъдан ин ҷо афғонҳо зиёданд. Мешавад ҳолатҳое, ки ман русиву тоҷикиро хуб намефаҳмам, аммо омӯзгорони ин донишгоҳ бароям бо забони англисӣ дарсро мефаҳмонанд”. Вай мехоҳад баъди хатми таҳсил ба Афғонистон баргардад ва он ҷо фаъолият кунад.

Саидризо Мир Хусайнӣ, шаҳрванди Эрон, таи чор сол аст, ки дар «Шаҳраки тиббӣ»-и Душанбе кор мекунад. Ҳарчанд ӯ хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Эрон аст, аммо ба хотири такмили фаъолияти пизишкии худ ба Тоҷикистон омада, ин ҷо аз ҳамкорони тоҷики худ ҷарроҳии дилу рагро ба хубӣ аз бар кардааст: «Дар Тоҷикистон мутахассисоне ҳастанд, ки метавонанд бе ширкати ягон табиби хориҷӣ тамоми ҷарроҳиҳоро анҷом диҳанд. Маҳз ҳамин пешрафтҳо дар самти ҷарроҳӣ маро водор кард, ки барои кор ба Тоҷикистон биёям. Ман эрониҳову хориҷиёни зиёдеро медонам, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва аз шарту шароити таҳсил розиянд».
XS
SM
MD
LG