Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин Муҳаммадиев: “Нокомиҳои ахир маро ба истеъфо водор карданд”


Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии ҳамакнун собиқи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон истеъфояшро бо ду нокомии ахир дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон марбут кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 16 июл хабари истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро тасдиқ кард ва изҳор намуд, ки тасмимаш бо ду бозии номуваффақи даста дар чаҳорчӯби бозиҳои интихобии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бастагӣ дорад. “Мо бояд дар ду бозии ахир бо дастаҳои Урдун ва Бангладеш пирӯз мешудем, аммо корамон омад накард”, бо таассуф гуфт ӯ.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз ду бозӣ ҳамагӣ як имтиёз ба даст овард. Шогирдони Мӯҳсин Муҳаммадиев дар бозии аввал дар Душанбе аз тими Урдун бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Дар бозии дувум бошад, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозиро дар Дакка бо Бангладеш бо ҳисоби 1:1 мусовӣ кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев тақрибан ду сол пеш мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазовичро дар мақоми сармурабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз карда буд.

Мӯҳсин гуфт, ки ӯ ба зудӣ ба Маскав бармегардад ва аммо алҳол намедонад, ки ба чӣ кор машғул хоҳад шуд. “Ман нав аз мақоми сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон истеъфо додам, аз ин рӯ, то ҳол ба ман дар бораи ҳамкорӣ аз ягон даста пешниҳоде нарасидааст. Алҳол мушкил аст бигӯям, ки бо кадом даста кор хоҳам кард”.

Аз Мӯҳсин Муҳаммадиев пурсидем, ки бо чӣ таассуроте аз Тоҷикистон ва аз футболи тоҷик ба Маскав бармегардед?” “Таассуротам хело хуб аст, зеро футболи тоҷик сӯи пеш ҳаракат мекунад, фардояш хело хуб аст. Агар бо омадани ман маҳбубият ба футбол ва ҳирфаияти футболбозон ҳадди аққал даҳ дар сад ҳам боло рафта бошад, инро кори бузург меҳисобам. Солҳои ахир одамон хело зиёд ба стадион мераванд ва ба футбол ҳам дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зиёд карда мешавад, аз ин рӯ футболро ояндаи хуб интизор аст. Барои даста ҳама чиз дар пеш аст”.

Мӯҳсин Муҳаммадиев афзуд, ки дар дастаи футболи Тоҷикистон бозингарони хуб ҷамъ омадаанд ва аммо аз ном бурдани нафаре аз онҳо худдорӣ намуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Футболбоз ва мураббии шинохта, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати «Спартак» (Маскав) соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003-юм ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006-ум то апрели 2008-ум сармураббии ин даста буд. Соли 2007-ум «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон буд.

XS
SM
MD
LG