Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷики 64-сола то ҷанги Сурия нарасид


СБУ – Хадамоти амнияти Украина – мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳангоми сафар ба Сурия дар Украина дастгир шуда буд, 64 сол дорад ва бояд имрӯз тарки Украина кунад.

СБУ – Хадамоти амнияти Украина – рӯзи 12 июн дар як посухи хаттӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ навишт, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 3 июн дар роҳи сафар ба ҷанги Сурия аз тариқи қаламрави Украина дастгир шуда буд, бояд дар зарфи 10 рӯз тарки Украина кунад. Зарбулаҷали додаи мақомоти амниятии Украина ба ин шаҳрванди тоҷик имрӯз ба поён мерасад.

СБУ ҳафтаи гузашта хабар дод, ки рӯзи 3 июн як сарпаноҳи муваққати ҷангиёни ояндаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар қаламрави ин кишварро ошкор ва дар ин манзил 5 нафар – ду шаҳрванди Русия ва якнафарӣ аз Қазоқистону Узбакистон ва Тоҷикистонро дастгир кардааст. Гуфта мешуд, ки ин афрод мехостанд аз тариқи Украина ва Туркия худро ба Сурия расонда, ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” бипайванданд, вале дастгир шуданд.

О. Гитлянска, сардори раёсати ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма ва шаҳрвандони СБУ дар посухаш ба Радиои Озодӣ навишт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон бо вуҷуди он ки 64 сол дорад, мехост аз тариқи Украина ва Туркия худро ба Сурия бирасонад. Дар номаи СБУ аз ҷумла гуфта мешавад: “Рӯзи 3 июни соли 2015 маъмурони вижаи СБУ “нуқтаи интиқоли”-еро ошкор карданд, ки ҳамчун сарпаноҳи муваққати аъзои созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” истифода мешуд. Дар ҷараёни тафтиш дар қатори дигарон як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1951 ҳам ошкор шуд, ки қасд доштааст, ба таври транзит тавассути Украина ва Туркия ба Сурия биравад.”

Аммо ин намояндаи СБУ мегӯяд, ҳуввияти ин нафарро ошкор карда наметавонанд, чунки “ҳангоми бозпурсӣ, ӯ бар асоси Қонуни Украина “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” ба ошкор кардани исмаш барои тарафи сеюм розигӣ надод.”

Баъд аз боздошт ва бозпурсӣ, ба навиштаи О.Гитлянска, “худи ҳамон рӯз дар мавриди ин шаҳрванди хориҷӣ қарор карда шуд, ки замони будубоши ӯ дар Украина коҳиш дода шавад. Ба ӯ тавсия дода шуд, ки дар давоми 10 рӯз ба зодгоҳаш баргардад. Хадамоти амнияти Украина ҷиҳати назорати иҷрои ин қарор низ тадбирҳо андешидааст.” СБУ дар мавриди 2 боздоштшудаи дигар низ айни қарори коҳиш додани замони будубоши онҳо дар қаламрави Украинаро гирифта, дуи дигарро аз Украина билофосила ихроҷ кардааст.

Дафтари матбуоти СБУ ҳафтаи гузашта дар шарҳи боздошти 5 “ҷангии оянда”-и “Давлати исломӣ” гуфта буд, “амалиёти вижа дар чаҳорчӯби тадбирҳои хадамоти вижаи Украина ва кишварҳои хориҷӣ бо ҳадафи қатъи фаъолияти масирҳои интиқоли ҷангиёни созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” аз тариқи Украина ва Туркия ба минтақаи Сурияву Ироқ, ҳамчунин аз ин минтақа ба кишварҳои Аврупо доир карда шуд.”

Бино бар ин манбаъ, чанде аз онҳоро аз қаламрави Туркия ба далели даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ ихроҷ кардаанд ва онҳо ба далели инки Украина бо бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ режими виза надорад, ба Украина омадаанд. Бақия аз кишварҳои Аврупо худро ба Украина расондаанд, то аз ин ҷо баъди таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ бо ҳидояти роҳбаладон аз тариқи Туркия ба Сурия ё Ироқ бираванд.

Мақомоти амниятии Украина бори аввал дар бораи талоши аз ин кишвар сохтани як нуқтаи интиқолӣ дар роҳи сафари ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи сафар ба Сурия ё Ироқ хабар медиҳанд.

Ин дар ҳолест ки рӯзи 27 май дар Кишинёв, пойтахти Молдова, 11 нафар бо айни иттиҳоми истифодаи қаламрави Молдова барои расондани худу довталабони дигар ба ҷабҳаҳои ҷанги “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ дастгир шуданд. Пулиси Молдова мегӯяд, яке аз онҳо бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Маҳмадулло Нарзуллоев, соли таваллудаш 1987-ро дошт. Пулиси Молдова мегӯяд, “тахшиси фаннӣ аломатҳои баръалои қалбакӣ будани ин санадро нишон дод. Баъди ин нафари боздоштшудае, ки худро Маҳмадулло Нарзуллоев муаррифӣ карда буд, гуфт, ӯ аз Ҷумҳурии Чеченистони Русия аст, вале исмашро ошкор намекунад.” Пулис мегӯяд, ин нафар ягон санаде, ки шахсияти воқеъияшро тасдиқ кунад, нишон надод ва таҳқиқот ба хотири муайян кардани шахсияти ӯ ҳанӯз идома дорад.

Пулиси Молдова алайҳи ин нафар ва ёрони ӯ бар асоси моддаи 284-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар (таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки бо қатли дастаҷамъӣ ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани асирон ва мухолифонаш дар маҳаллҳои таҳти тасарруфаш ном баровардааст. Ин гурӯҳ аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии “Ал-Қоида” бархоста, соли гузашта қаламравҳои бузурге дар Ироқ ва Сурияро тасарруф ва дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Кишварҳои ҷаҳон таҳти раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳ эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия ва Ироқ аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоӣ бомбаборон мекунад.

Бино ба охирин оморе, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон кард, 412 нафар аз Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, ба мисли “Давлати исломӣ”, меҷанганд. Афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Ховари Миёна мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG