Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модарон ҳам гимни худро хоҳанд дошт


Таҳияи "Гимни модар"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Ба феҳрасти оҳангу таронаҳо дар васфи зан - модар таронаи дигар зам шуд, ки он гимн ё таронаи вижаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аст.

Ба феҳрасти оҳангу таронаҳо дар васфи зан, модарон як таронаи дигар зам шуд. Ин ҳам гимн ё таронаи вижаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аст, ки аз ин ба баъд дар тамоми чорабиниҳои марбут ба занон, садо хоҳад дод.

Ин оҳанг “Ба зан-модар” ном дорад ва матнаш аз Амина Камолова як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар, оҳангаш аз бастакори Шӯҳрат Ашӯров аст. Таронаи мазкурро овозхон Абдулҳамид Мелимуродов ва хори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро кардааст.

Махфират Хидирова
Махфират Хидирова

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи занон ва оила ахиран дар ҳамоише зимни муаррифии ин оҳанг гуфт, дар машварат бо кормандони кумита онҳо тасмим гирифтанд, ки мисли бархе аз дигар ниҳодҳо, соҳиби гимн ё таронаи вижаи худ бошанд, то бозгӯи мақому манзалати зан бошад. Ҳамакнун ба гуфтаи масъулини ин кумита, таронаи мазкур дар чорабиниҳои марбут ба занон ва нишастҳо бо занону донишҷӯйдухтарон садо медиҳад.

Матни оҳанг аслан аз шиору тавсифи занон иборат аст. Амина Мансурова муаллифи ин тарона мегӯяд, барои интихоби матни гимни занон дар Кумита як озмун эълон шуда буд ва ҳакамон таронаи ӯро интихоб карданд.

Таҳияи таронаи вижа дар васфи занону модарон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон дар ҳолест, ки васфи модар аз мавзӯъҳои аслии таронаҳои тамоми овозхонони Тоҷикистон ҳаст.

Вале барои сохторҳои давлатии Тоҷикистон, ба истиснои сохторҳои низомӣ ва дастаҳои футбол ва ҳам бархе аз чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, дигар дар маҷмӯъ доштани гимн ё суруди махсус чандон роиҷ нест. Ба гуфтаи Олимҷон Акрамов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг, доштани суруди алоҳида барои ҳар сохтор зарурат надорад. Аммо ба қавли ӯ, бархе аз ниҳодҳо ба хотири садоқату эҳтиром ба соҳа ва кори худ, ин тасмимро мегиранд, ки ҷои бадӣ ҳам надорад.

XS
SM
MD
LG