Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ишқи маҷозӣ то зиндон


Нигина Тошхоҷаева, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ахиран бо иттиҳоми кӯмак ба ду узви Ҳаракати Исломии Туркистон боздошт шуд, маълумоти олии иқтисодӣ дорад ва чанд сол дар "Амонатбанк" кор кардааст.

Аммо модари Нигина мегӯяд, духтари ӯро ишқи виртуалӣ ба як ҷавони афғон, ки дар Эрон ба сар мебурдааст, бо хадамоти амният сар ба сар кард.

Маъмурони амниятии Тоҷикистон Тошхоҷаеваи 37-соларо бо иттиҳоми ширкат дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва кӯмак ба аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон боздошт кардаанд. Нигина Тошхоҷаева, сокини ноҳияи Рудакӣ, нимаи дуввуми моҳи август ҳангоми фиристодани як ҷавон барои «ҷиҳод ба Афғонистон» дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Дар амри додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бораи боздошти Нигина Тошхоҷаева, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта мешавад, ки ҷавонзани тоҷик ба «ширкат дар иттиҳоди ҷиноӣ, иттиҳоди муассисон ва ё раҳбарон»-и чунин созмонҳо муттаҳам мешавад.

Аммо модари Нигина Тошхоҷаева, дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, то ҳол гуноҳи духтарашро намедонад. Ӯ гуфт, ки талошҳояш барои мулоқот бо муфаттиши қазия бенатиҷа будаанд. Вале хонум Тошхоҷаева тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат духтараш Нигина бо Маҳмуд ном марде тавассути интернет шинос шуда ва ба ӯ дил баст. Ин дилбастагӣ ӯро то ба Эрон ва издивоҷ бо Маҳмуд бурд. Аммо ба гуфтаи хонум Тошхоҷаева ин издивоҷ чандон тӯлонӣ набуд ва баъди ним сол духтараш аз Эрон бо ӯ дар тамос шуд ва гуфт, ки мехоҳад ба ватан баргардад. Хонум Тошхоҷаева мегӯяд, ки ин издивоҷи кӯтоҳ имкон надод, ки духтараш ҳамсари худро хуб бишиносад ва бидонад, ки ӯ ба чӣ коре машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, Нигина дар моҳи ноябри соли 2008 ба Эрон рафт ва дар моҳи июни 2009 ба Тоҷикистон баргашт.

Парвандаи ҷиноии Нигина Тошхоҷаеваро, ки як дафъа аз Афғонистон ҳам ихроҷ шудааст, муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Нигина Тошхоҷаева, ба фирори Ғайбулло Носиров ва Нишоналӣ Абдуназаров, ду узви Ҳизби Исломии Туркистон, (собиқ Ҳаракати Исломии Узбакистон), ки дар кишвар ҷустӯҷу мешуданд, мусоидат кардааст ва ҳамчунин қасд доштааст, як шаҳрванди дигари кишварро "барои ҷиҳод ба зидди кофирон" (ҷанг ба зидди нерӯҳои хориҷӣ) ба Афғонистон бифристад. Дар амри додгоҳ омадааст, ки Нигина Тошхоҷаева бо шарикаш Суҳбатулло Бегов, сокини Душанбе бо дарёфти раводид, Ғайбулло Носировро ҳамроҳи зану ду фарзандаш ба Афғонистон ва Нишоналӣ Абдуназаровро бо зану як фарзандаш ба Эрон фиристодаанд. Бар асоси парванда, хонум Тошхоҷаева ҳамаи ин корҳоро бо ҳидоят ва дар ивази подоши молӣ аз Насим ном, узви Ҳизби Исломии Туркистон (Ҳаракати Исломии Узбакистон) анҷом додааст ва ҳарду умтадан аз тариқи почтаи электронӣ ва телефон дар иртибот будаанд.

Ҳамчунин дар амри додгоҳ омадааст, ки «Насим», аз тариқи Интернет ду шаҳрванди Тоҷикистон падару писар Нӯъмон ва Маъруф Ғафуровҳо, сокинони ноҳияи Шаҳринавро «ба дом» афтонда ва онҳоро мутақоид кардааст, ки ба «ҷиҳод ба зидди кофирон» дар Афғонистон бипайванданд. Ба гуфтаи муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъди дидани наворҳои тарғиботии Ҳизби Исломии Туркистон дар Интернет, Нӯъмон Ғафуров «говҳояшро фурӯхта», бо маслиҳати Насим аз Нигина Тошхоҷаева барои фиристодани писараш ба Афғонистон кӯмак хостааст. Баъди омода шудани ҳамаи санадҳо ва билети ҳавопаймои Душанбе-Теҳрон, Нӯъмон Ғафуров ва Нигина Тошхоҷаеваро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. Фаъолияти Ҳизби Исломии Туркистон, ки як созмони террористӣ дониста мешавад, дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Аммо бинобар нақли модари Нигина Тошхоҷаева баъди бозгашти духтараш аз Эрон нафаре бо ӯ дар тамос шуд ва худро аз шиносҳои Маҳмуд, ҳамсари Нигина муаррифӣ кардааст. Ин нафар аз Нигина хоҳиш кардааст, ки дар дарёфти раводид ва билети ҳавопаймо ба ӯ кӯмак кунад. Нигина Тошхоҷаве хоҳиши ин нафарро иҷро кардааст. Модари мегӯяд, духтараш танҳо ба он хотир ба ин нафарон кӯмак кард, ки аз номи шавҳараш хоҳиш кардаанд. "Духтари ман намедонист, ки инҳо кӣ ҳастанд ва ба чӣ кор машғуланд"- мегӯяд хонум Тошхоҷаева.

Аммо дар амри додгоҳ омадааст, ки Нигина Тошхоҷаева бо шарикаш Суҳбатулло Бегов, сокини Душанбе бо дарёфти раводид, Ғайбулло Носировро ҳамроҳи зану ду фарзандаш ба Афғонистон ва Нишоналӣ Абдуназаровро бо зану як фарзандаш ба Эрон фиристодаанд. Бар асоси парванда, хонум Тошхоҷаева ҳамаи ин корҳоро бо ҳидоят ва дар ивази подоши молӣ аз Насим ном, узви Ҳизби Исломии Туркистон (Ҳаракати Исломии Узбакистон) анҷом медодааст ва ҳарду умтадан аз тариқи почтаи электронӣ ва телефон дар иртибот будаанд.

Аммо хонум Тошхӯҷаева мегӯяд, бовар надорад, ки духтараш Нигина барои ин кӯмакаш маблағе гирифта бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, духтараш ҳамеша либоси одӣ мепӯшид ва зару зевар ҳам надошт. «Вақте омада хонаи моро кофтукоб карданд, худашон диданд, ки чӣ тавр мо зиндагии миёнаҳолона дорем», - мегӯяд ӯ.

Модари Нигина мегӯяд, ки ба ӯ як бор иҷозат додаанд, духтарашро бубинад. Аммо ин вохӯрӣ дар ҳузури мақомот сурат гирифт ва ӯ дар ин дидор ба ҷуз ҳолпурсӣ дигар чизеро аз ӯ пурсида ва фаҳмида натавонист. Хонум Тошхоҷаева гуфт, ки касе ӯро пурсуҷӯ накардааст ва фишоре ҳам наовардаанд.

Аз рӯи нақли модараш Нигина Тошхоҷаева ҳамроҳи писари нободиғаш дар хонаи онҳо зиндагӣ мекард. Маълумоти олии иқтисодӣ дошт ва баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд 7 сол дар «Амонатбонк» кор кардааст. Аммо солҳои охир наметавонист барои худ ҷои кор пайдо кунад. Хонум Тошхӯҷаева мегӯяд, духтараш то ҳол вакили дифоъ надорад ва модар барои гирифтани ҳимоятгар маблағ ҳам надорад. « Онҳо бояд худашон ӯро бо ҳимоятгар таъмин мекарданд, аммо ба ман гуфтанд худатон пайдо кунед», - гуфт ӯ.

Мо талош кардем, ки ҷузъиёти бештари қазияро аз масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дастрас кунем, Аммо онҳо ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз тафсилоти бештари қазия худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG